Дар як сатр
» » Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

2-02-2016, 08:20


«Дар пойдориву устувории оила падар ҳамчун ризқрасон ва модар ҳамчун тарбиятгар нақши калидиро мебозанд. Бинобар ин, оилаҳое, ки дар заминаи эътимоду боварӣ ва меҳру муҳаббати якдигар бунёд меёбанд, пойдору побарҷо хоҳанд буд».
Эмомалӣ РАҲМОН

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Солҳои пешин барои оиладор кардани фарзанд волидайн тасмим мегирифт, то ин ки синну соли писар аз 25 ва духтар аз 20 боло шавад, баъд барои никоҳ бастани фарзанд розигӣ медоданд. Дар ин замина, барои зуд хонадор кардани фарзанд кӯшиш намекарданд ва дар интихоби ҷуфти муносиб барои фарзанди худ ҳеҷ гоҳ ба саросемагӣ роҳ намедоданд. То хонадор шудан ҷавон бояд соҳиби маълумоти олӣ ва ҷойи кор мешуд. Ҳамчунин вақти омадани одамони хостгор модарон бо суханони «духтарам то хамиру фатир карданро аз худ накунад, ба шавҳар намедиҳам» ҷавоб медоданд. Ин маънои онро дошт, ки модар духтари худро ҳанӯз барои барпо намудани муносибатҳои оилавӣ муносиб намебинад. Оилаҳо якдигарро пеш аз издивоҷ кардани фарзандон дақиқтар меомӯхтанд. Ҳамин буд, ки хабари ҷудо шудани оилаҳо аҳён-аҳён ба гӯш мерасид.

Маърифатнокии аъзои оила, рӯҳшикаста нашудан аз ноомади зиндагӣ ва дастгирӣ намудани якдигар дар лаҳзаҳои мушкил омили асосии пойдории оила ба ҳисоб меравад. Камбудиҳои рӯзгор набояд боиси ҷангу ҷидол миёни оила гардад. Балки сабру таҳаммул намуда дар чунин ҳолатҳо дастгирӣ кардан лозим аст. Аммо, мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баъзан хурдтарин, ҷузъитарин ихтилофҳо ба ҷудошавии оила оварда мерасонанд.

Ҳастанд волидайне, ки баъди хатми мактаб барои идомаи таҳсили духтаронашон муқобил мебароянд. Дар мафкураи онҳо танҳо як фикр - ҳар чи зудтар ва бо обрӯ ба шавҳар додани духтар - ҷой дораду халос. Онҳо намедонанд, ки бо ин кирдор ба духтари худ «хизмати хирсона»-ро раво мебинанд. Вақте духтар зуд ба шаҳвар мебарояд, ҷуз муҳити оилаи худ чизеро надидааст ва табиист, ки дар хонаводаи нав тоб намеорад. Никоҳи барвақтӣ, ноустувории пояҳои он ва ба зиндагии оилавӣ тайёр набудани духтарон мушкилӣ дар зиндагии осоиштаи онҳо зам мекунад.

Аслан, сиришти зан аз покиву зебо ва бо рисолати зиндагисозӣ офарида шудааст ва нақши ӯ ҳамчун офарандаи ҳаёт ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гумон мекунем, барои пойдории оилаҳои ҷавон соҳибмаълумоту соҳибҳунар будани духтарон, ба онҳо омӯзондани маърифати оиладорӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва таҳаммулпазирӣ дар пастиву баландиҳои рӯзгор ба мақсад мувофиқ аст. Зуд издивоҷ намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст. Вақте ки ҷавон дар ягон ҷой кор намекунад ва таъмини оилаву рӯзгори ӯ ба уҳдаи падару модараш мебошад, чӣ будани заҳматро намедонад, бо пеш омадани андак мушкилот дар мемонад. Агар ҷавон соҳибмаълумот бошаду заҳмат кашида оила бунёд кунад, ба қадри оиладорӣ мерасад.

Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки фарҳанги оиладорӣ ва маърифати хонаводагиро дар тафаккури ҷавонон тарбия намоем. Онҳо бояд дарк кунанд, ки хонадорӣ танҳо маънои соҳиби зан ё шавҳар шуданро надорад, балки масъулияти бузургест дар назди ҷомеа. Бояд ба инобат гирифт, ки ҷавондухтарони имрӯза модарони ояндаанд. Бинобар ин, ба солимии духтарон ҳамчун модарони оянда диққати ҷиддӣ додан зарур аст, то ин ки аз модари солим кӯдаки солим ва аз кӯдаки солим оилаи солим бунёд гардад.

Барои пойдории оилаҳои ҷавон пешгирӣ намудан аз никоҳи хешовандӣ ва аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаронидани шахсони никоҳшаванда ба мақсад мувофиқ аст. Ин пешниҳод ва дастури хеле муҳиме, ки аз тарафи Сарвари давлат ироа гашт, барои устувории оилаҳои ҷавон нақши муҳим мебозад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ин замина аз муҳити солими оила дур мондани кӯдакон, никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди кӯдакони маъюбу нотавон аз ҷумлаи он мушкилотеанд, ки ҳалли саривақтиро талаб намуда, дар бартараф сохтани онҳо дастгирии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа зарур аст.

Рамзия ДАВЛАТЗОДА,
Ашк ЮСУФӢ



Шарҳи хонандагон +
Propecia Contraindications Docusate Sodium Amoxicillin Coverage Buy Celebrex In Canada cialis Baclofene Internet Baclofene Sans Ordonnance E.D Pills Online lasix pay online american express Kamagra Super Scegliere Levitra On Line viagra Generic Viagra Reviews Message Board Generic Staxyn Baclofene Winthrop 10 Mg Viagra Joke Blood Pressure Pills No Rx Where Can I Buy Omifin viagra Order Cialisis With Out Prescription Levitra Zapfchen Levitra Where To Buy Wirkungsdauer Viagra Cialis Levitra precio viagra 50 mg Domperidone No Prescription Canada
1 декабр 2016 16:22
Catalogo Levitra kamagra gold 100mg review Propecia 30 Mg Viagra Belgium cialis Low Cost Cialis Online Cialis Soft Tabs Online Comprare Viagra Generico Line Levitra Canada kamagra or malegra Prix Levitra 20mg Generic Propecia Cheap Levitra 10 Mg Costo Online Chewable Viagra generic cialis Clobetasol For Sale Mastercard Accepted Fedex Shipping Free Shipping Isotretinoin price Brand Cialis For 3.92 Us Online Cialis Costo Originale buy dapoxetine paypal Propecia Ottawa No Prescription Precio De Priligy Buy Nolvadex Online
7 декабр 2016 15:52
No Prescription Pharmacies For Viagra Comprar Cialis En Zaragoza viagra Propecia Insurance Coverage Levitra Langzeittherapie Wirkung Viagra Manner Compare Avelox To Keflex Best Generic Cialis Site ajanta kamagra oral jelly Importar Priligy General Pharmacy Levitra Clavamox Without A Prescription Can I Buy Cialis Online cialis Generico De Propecia Farmacia Online Cephalexin Gingavitis Clomid C Est Coi Canadian Drugs No Prescription Cialis Quick Deliverycanada Cialis Discount Paris viagra Online Pharmacy Without Perscriptions Cialis Vrai Ou Faux Levitra Costo Che Hanno Canada Medications Tarif Cialis 10 cialis Conseils Durer Plus Longtemps
17 декабр 2016 01:26

Матолиби дигар:

Оила- асоси зиндагӣ

Оила- асоси зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Соли 2015 - «Соли оила»

Соли 2015 - «Соли оила»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ