Дар як сатр
» » ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

14-01-2016, 09:46


Чанд соли охир сифати таълиму тадрис дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав беҳтар гардидааст. Ҳамчунин базаи фаннӣ ва моддии он қавитар шуда, дар ин замина таъмиру таҷдид ва ободониҳо низ мунтазам идома доранд. Натиҷагирие, ки мо аз ҳисоботи ректори донишгоҳи мазкур Муҳаммад Шодиён оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли сипаригардида кардем, бароямон аён шуд - устодону донишҷӯёни муассиса ба дастовардҳои чашмраси илмӣ ноил гаштаанд.
ДДҚ: Дастовардҳо хурсандибахшанд

Тавре Маҳаммад Шодиён, ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, мегӯяд, ҳадафи асосии онҳо таъмини босифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат дар соҳаҳои мухталиф аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, корбасти тарзу усулҳои пешқадами таълим мебошад.

Ин аст, ки дар соли сипаригардида се нафар аз устоди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 12 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Онҳо асосан олимони илмҳои филология, таърих, физика-математика, техника, кимиё, сиёсатшиносӣ ва педагогика мебошанд. Ҳамчунин се нафар аз кормандони донишгоҳ А. Сатторов бо мукофоти давлатии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», Ҷ. Бердиев бо ордени «Шараф» ва Х. Каримова бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуданд.

Яке аз самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ин иштирок дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ мебошад. Дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишҷӯёни ДДҚ аз рӯи 12 ихтисос ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Донишҷӯён Мавзуна Каримова, Нуъмон Бобомуродов, Мунира Ҷайлобова аз ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, физика-математика, астрономия ва химия-биология сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Дар ҷамъбасти озмун Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар қатори чор мактаби олии беҳтарини мамлакат қарор гирифта, бо Дипломи Академияи илмҳои Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ чор нафар аз донишҷӯёни ин даргоҳ дастболо гаштанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии олимони ҷавон «Навовари беҳтарин» магистри ҳамин донишгоҳ Олим Сайдалиев бо лоиҳаи «Сохт ва тарзи кори трансформатори моеъгӣ» ҷойи аввалро соҳиб гашт.

Дар чемпионати кушоди Осиё оид ба карате байни 15 давлат, ки соли гузашта дар шаҳри Ҳуҷанди вилояти Суғд баргузор гардида буд, Сиёвуш Файзуллоев, донишҷӯи ҳамин донишгоҳ, ҷойи якумро ишғол намуд.

Мавриди зикр аст, раёсати донишгоҳ, махсусан ректори он М. Шодиён барои ҳавасмандии донишҷӯён ва роҳбарони онҳо, ки дар олимпиадаю озмунҳо ширкат меварзанд дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ додааст.

Дастовардҳои болозикр далели онанд, ки раванди илмомӯзӣ дар донишгоҳ хуб роҳандозӣ гардида, устодон аз ҳарвақта дида масъулияти бештар ҳис намуда истодаанд. Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа фарогири беш аз 12 ҳазор толибилм буда, аз рӯйи 45 ихтисос мутахассис омода месозад ва имрӯзҳо шогирдон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти босамар доранд.

Амонҷон МАҲКАМОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Таъсиси ихтисосҳои нав дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Тақдими 740 китоби таълимӣ барои донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм