Дар як сатр
» » Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

12-11-2015, 10:30

Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

Ҷавони тоҷик Фарҳод Муъминов, зодаи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ки феълан дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Адигея таҳсил мекунад, ҷоизаи вижаи «Беҳтарин донишҷӯи хориҷии сол»-ро дар Ҷумҳурии Адигеяи Русия ба даст овард.


Дар ин бора худи Фарҳод ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ дода афзуд, ки ӯ дар рақобат бо зиёда аз сад донишҷӯи хориҷии макотиби олии Адигея вориди рақобат шуда, пирӯз гардидааст. Ёдрас мекунем, ки Фарҳод Муъминов кӯҳнаварди маъруф буда, бо фатҳи қуллаҳои баландтарини Аврупо – Элбрус, Африқо – Килиманҷаро, инчунин қуллаи ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки 7134 метр баландӣ дорад, шуҳратёр гаштааст. То ҳанӯз рекорди ӯро, ки авоили соли 2014 қуллаи Килиманҷароро ҳамагӣ дар 31 соат фатҳ намудааст, ягон кӯҳнаварди ҷаҳон нашикастааст. Маълумоти бештарро дар бораи корномаи ин кӯҳнаварди 25-солаи хатлонӣ дар шумораи №24-и рӯзномаи «Хатлон» аз 21 майи соли 2015 ва дар сомонаи рӯзнома бо нишонии http://khatlon-ruznoma.tj/576-avoni-hatlon-dar-afrio-rekord-guzosht.html метавонед пайдо намоед.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Нуфузи ДДҚ дар миёни мактабҳои олӣ боло меравад

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Ҷавони хатлонӣ дар Африқо рекорд гузошт

Ҷавони хатлонӣ дар Африқо рекорд гузошт

Иқтисоду тиҷорат, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боз як дастоварди кӯҳнаварди ҷавони хатлонӣ дар Русия

Боз як дастоварди кӯҳнаварди ҷавони хатлонӣ дар Русия

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Роналду беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 эътироф шуд

Роналду беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2014 эътироф шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш