Дар як сатр
» » Волидонро хор накунем

Волидонро хор накунем

3-07-2015, 12:07

Хонаи пиронсолони шаҳри Қӯрғонтеппа дорои 12 ҳуҷра буда, феълан ягона сарпаноҳ барои 13 тан пирони барҷомонда маҳсуб меёбад.

Волидонро хор накунем

«Асои пирӣ» куҷост?


Падару модар ба умед аз Худованд фарзанд талаб менамоянд, ки ба эшон ҳангоми пириву барҷомондагӣ дастгиру мададгор ва такягоҳ шавад. Аз куҷо донанд, ки дар ин ҳангом фарзандони бо сад азобу машаққат ба воя расонидаашон ҳисси безориву бадбинӣ нисбат ба падару модари хеш зоҳир сохта, то ба ҳадде беинсоф мешаванд, ки волидайни пири онҳо тарки хона намуда, рӯ ҷониби хонаи пиронсолон менамоянд ё худи фарзандон бо ду даст эшонро ба хонаи пиронсолон оварда месупоранду дигар аз ҳолашон хабар намегиранд. Он рӯзе, ки фарзанд ба дунё меояд, эҳсоси қалби модару падарро кас тасвир карда наметавонад. Агар тасвир ҳам намояд, асарҳои бузургеро рӯйи коғаз овардан мумкин аст ва дар навиштани онҳо умри инсон комилан сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди ин ҳама сарсонию саргардониҳо, ки як лаҳза намехостанд фарзанд аз канорашон дур бошад, лаҳзаҳои вопасини ҳаёташон ба фарзандон ниёз доранд, вале сад афсӯс, ки он замон ин фарзандон дар канорашон нестанд ва онҳо ин дунёро бо армони зиёд падруд мегӯянд.

«Моро Сафаралӣ Убайдуллоев соҳибӣ мекунад»


Аксарияти инҷо будагон оила ва хешу ақрабои зиёд доранд, вале чаро ба ин ҳол гирифтор гаштаанд, ба ақли кас рост намеояд. Камолиддин Маҳмадалиев, муовини директори хонаи пиронсолони шаҳри Қӯрғонтеппа, зимни суҳбат қайд намуд, ки як нафари онҳоро писараш бори сеюм аст, ки гирифта мебарад, вале аз чӣ бошад, худи мӯйсафед гашта меояд.

Суоле ба миён меояд, ки дар ҳоле оила доранд, кӣ ва чӣ тавр тавонист инҳоро ба ҳоли бечорагӣ ё хориву зорӣ бирасонад? Барои дарёфти посух моро зарур омад, то фикри чанде аз онҳоро бидонем.

Иноят Амонова зимни суҳбат бо мо чунин гуфт: «Сабаби омадани ман ба ин ҷо набудани манзили зист ва надоштани шароити рӯзгузаронӣ аст. Духтаронам омада хабар мегиранд. Хайр, чӣ илоҷ, насиб кашола дода то ин ҷо овард. Як писар ва ҳафт духтар доштам. Духтаронам хонадор шуданд. Писари ягонаам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд. Дигар аз дасти духтаронам чӣ меояд? Рӯзи худро гузаронанд, барои ман бас аст. Шукри Худо, моро Сафаралӣ Убайдуллоев соҳибӣ мекунад».

Сафаралӣ Убайдуллоев, директори «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ»-и вилояти Хатлон, аз зумраи он нафаронест, ки ба бечораю дармондагон дасти ёрӣ дароз менамояд. Дар ин хусус Камолиддин Маҳмадалиев, муовини директори хонаи пиронсолони шаҳри Қӯрғонтеппа, чунин гуфт: «Сармоягузори ин муассиса Убайдуллоев Сафаралӣ буда, ҳар моҳ танҳо барои хӯрокаи пиронсолон 3600 сомонӣ ҷудо мекунад. Аз соли 2008 то ба наздикӣ мо 20 нафар куҳансолро нигоҳубин мекардем, вале баъзеяшонро ақрабояшон соҳибӣ карданд ва қисми дигари онҳо фавтид. Ҳоло 13 нафарашон дар қайди ҳаётанд. Аммо мо дасти ёрии худро пас намегирем ва барои 40-50 нафари дигар шароити мусоид дорем».

Бале, аксарияти ин пиронсолонро фарзандонашон бо баҳонаҳои гуногун ба ин ҷо овардаанд, вале шояд ғофил аз он, ки «Гандум корӣ, гандум медаравӣ, ҷав корӣ, ҷав».

Давлатбеки КАРИМЗОД


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду  ман хомӯш шинам?»

«Писарам ба занаш меҳрубонӣ кунаду ман хомӯш шинам?»

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш