Дар як сатр
» » Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)

24-06-2015, 10:25

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)

Рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, раиси вилояти Хатлон, ахиран дар шаҳри Норак баргузор гардид.

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)Нахуст, Басгул Зайнуддинова, истиқоматкунандаи кӯчаи Шукуров, аз роҳбари аввали вилоят хост, ки барояшон замини хонасозӣ бидиҳад. “Мо дар як хона ду оила: 10 нафар зиндагӣ мекунем. Хона дар бинои бисёрқабата ҷойгир аст. Чор сол пеш барои гирифтани замини хонаҷо ариза дода будем, аммо бенатиҷа”, - изофа кард он хонум.

– Қибил дар соҳили чапи дарё, дар доманаи талу теппа ҷойгир шудааст. Чанд сол инҷониб талу теппаҳо аз ҷой кӯчида, ба аҳолӣ хисороти зиёд оварда истодаанд. Баъди ҳар як селу жола ҳавлии сокинон пур аз об мешавад. Дар ин мавзеи хавфнок қариб 50 хона ҷойгир аст, - гуфт Нурулло Холназаров, сокини деҳаи Қибил ва аз раиси вилоят хоҳиш кард, ки баҳри ҷудо кардани замини хонаҷо ба мардум кӯмак расонад.

– Норак ҳамагӣ 100 гектар замини корами обӣ дорад, - гуфт Гулмаҳмадзода. - Замини ба мақсад мувофиқ ин ҷо мавҷуд нест. Аммо мешавад аз ин ду тадбир кор гирифт: ё дар заминҳое, ки доред, барои худ ва фарзандон хонаи умумии бисёрқабата созед, ё оилаҳои ҷавонро ба навоҳии Қумсангир, Шаҳритус ва Носири Хусрав кӯчонед. Дар он ҷойҳо замин бисёр.

Ҳусейн Раҳимов, сокини маҳаллаи “Лангар”, аз раиси вилоят хост, ки дар таъмири комили кӯпруки миёни деҳи онҳо ва қишлоқи “Пехо” мусоидат намояд. “Ин кӯпрукро ҳар сол бо қувваи мардум андаке соз мекунем, вале сел боз вайронаш мекунад”, - афзуд мавсуф.
Дар ҳамин ҳол, ба ин суоли раиси вилоят: “Лоиҳаи он кӯпрук рӯйи даст ҳаст, то мо донем, ки чӣ қадар маблағ зарур аст?” масъулини шаҳр чизе гуфта натавонистанд.

– Ҳамаи инро бояд як бор биомӯзед. Мардум даъво доранд, - коҳиш кард эшонро Гулмаҳмадзода ва зимнан, ба он нафар посух дод, ки ба додашон ҳатман бо гунае расидагӣ хоҳад шуд.

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)Омӯзгор Гулчеҳра Шамсова аз мушкили иқтисодии оилааш шиква кард: “Шавҳарам, ки дар корхонаи “Гидромантаж” дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекард, аз баландии 25 метр афтида, маъюб шуд. Ҳамагӣ 267 сомонӣ нафақа мегирад. Худам 500 сомонӣ маош мегирам. Барои он ки фарзандамон Машраб дар донишгоҳ ба тариқи шартнома таҳсил кунад, ҳар сол 3 ҳазор сомонӣ супурдан зарур аст. Илтимос, ба оилаи мо кӯмак расонед!”.

Д. Гулмаҳмадзода ба роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони шаҳр гӯшзад кард, ки аз файзи моҳи мубораки рамазон савоби бисёрро соҳиб гарданд. Яъне барои пешбурди зиндагии ин оила кӯмакҳои доимиро дареғ надоранд.
Истиқоматкунандаи дигари шаҳр Савзаалӣ Муродов иддао кард, ки се сол пеш роҳи ҷониби хонааш ҳамчун ҷойи сохтмон истифода гардидааст. “Роҳи ману се ҳамсояам то ҳол маҳкам аст. Ягон мақомот ин мушкили моро ҳал карда натавонист”, - афзуд ӯ.

Раиси вилоят пас аз шунидани намояндагони мақомотҳои салоҳиятдори шаҳри Норак посух дод, ки ин баҳси судӣ аст. “Чунки он шахс тибқи сертификат ва қарори раиси шаҳр роҳро ба ҳудуди замини худ дароварда будааст. Ба суд аз номи худ ва се ҳамсояи дигаратон аризаи даъвогӣ пешниҳод кунед. Танҳо суд метавонад, ки қарори раиси шаҳрро бекор кунад ва роҳро барқарор намояд”, - изҳор намуд Гулмаҳмадзода.

Нафари дигар, Қурбонгул Оймаҳмадова хоҳиш кард, ки баҳри фароғати кӯдакон, наврасон ва ҷавонон майдоне дар соҳили дарё бо арғунчаку чархофалак муҷаҳҳаз гардад.

– Таклифи хуб, - гуфт Гулмаҳмадзода ва ба шаҳрдорӣ дастур дод, ки қитъаи вижае ихтисос бидиҳанду насби якатраксиониро ба якнафарӣ соҳибкор вобаста кунанд. “Ин навъи тиҷорат аз деҳқонӣ дида фоидаи бештар меорад. Вале соҳибкорони мо ҳоло инро дарк накардаанд. Норак мавзеи серсоя аст. Агар ин корро анҷом диҳед, аз Қӯрғонтеппаю Кӯлобу Душанбе кӯдакону волидон барои истироҳат ба ин ҷо меоянд ва шумо пулатонро даҳҳо карат барзиёд мегиред”, - зам кард раис.

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)Баъдан, Қурбоналӣ Миралиев аз Гулмаҳмадзода хоҳиш кард, то дар бозпас гардонидани писараш аз кишварҳои даргир мадад расонад. “Писарам, Миралӣ бо талқини кадоме пас аз Русия рафтан ба сафи “Давлати исломӣ” пайваст. То ҳол тамос надорем. Намедонам, ки дар куҷост”, - баён кард мавсуф.

– Тибқи маълумоти мақомотҳои зирабт, писари шумо дар Ироқ бар зидди давлати конститутсионӣ ҷангида истодааст ва аз он ҷо баргардонидани ҳама кас амри маҳол аст, - иттилоъ дод раиси вилоят. - Вале, агар ҳар як қадами фарзанд назорат гардад, чунин ҳолат рух намедиҳад. Мутаассифона, ин масъаларо ман ҳал карда наметавонам.

Дар ҳошияи ҷамъбасти рӯзи қабули шаҳрвандон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зикр кард, ки имкон буд, то масъалаҳои матраҳшуда дар миқёси шаҳр файсала шаванд. “Он нафаронеро, ки мушкили вазнин доранд, ё ҷалб накардаед, ё дидаю дониста шахсонеро даъват кардаед, ки маҷлис осон ҷамъбаст шавад... Ин хатои маҳз буда, ба манфиати кор нест”, - илова намуд раиси вилоят.

Зимнан, садри ҷаласа аз бархе камбудиҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ёдовар гардида, мутасаддиёни соҳаҳоро муваззаф намуд, ки дар муддати кӯтоҳ онҳоро рафъ намоянд. Ӯ гуфт: “Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нақшаи ду навъи андоз таъмин нагардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳр беш аз 3 миллион сомонӣ ворид нагардид. Бонкҳои шаҳр қарздиҳиро нисбат ба соли гузашта то 800 ҳазор коҳиш додаанд. То ин айёми сол ягон намуди маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот нашуд. Қарздорӣ аз музди маош ба 12 ҳазору 800 сомонӣ баробар гардидааст. 5 сокини шаҳр ба сафи ҷангҷӯёни кишварҳои арабӣ пайвастаанд. 8 ҳолати ба амалҳои коррупсионӣ даст задан сабт гардидааст. Ҳангоми пеши оби барзиёди нерӯгоҳро кушодан дар дар бораи мардуми поёноб умуман андеша карда намешавад. Ин аст, ки бисёр иншооти обрасон ва соҳилҳои дарёҳо дар мавзеъҳои А. Ҷомӣ, Ғароутӣ ва Вахш зери об монданд. Доду войи деҳқони пиёзу картошкадор баромад. Бо вуҷуди зимистону тобистон ҳавои муътадил доштани Норак, кишти сабзиҷоти содиротӣ заррае тараққӣ накардааст, ки ин суолбарангез аст”.

Рӯзи қабули шаҳрвандон. Аз масъалаҳои ҳалшаванда то ҳалнашаванда (Гузориш)

Гуфтанист, ки посухҳои масъулини ниҳодҳои марбутаи шаҳри Норак доир ба сабабҳои сар задани ноҷуриҳои болозикр раиси вилоятро қаноатманд накарданд. Биноан, ӯ таъкид кард: “Ин шаҳрро касе беш аз шумо дӯст намедорад, ин шаҳрро касе беш аз шумо ободу зебо намекунад, ин шаҳрро касе беш аз шумо макони маърифату назофат карда наметавонад. Агар дар якҷоягӣ кор кунем, ба волотарин комёбиҳо ноил мегардем. Дар акси ҳол, ҳама заҳмат - бефоида”.

Зокир ҲАСАН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Истеҳсол ҳаст, ҳисоби аниқ не

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Раиси вилоят ба дидори сокинони Норак меравад

Раиси вилоят ба дидори сокинони Норак меравад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Д. Гулмаҳмадзода: «Агар муаллим дуздӣ кард, кӯдак фардо кӣ мешавад?!»

Сиёсат, Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Бохтар. Масъалагузориҳои содаи сокинон

Бохтар. Масъалагузориҳои содаи сокинон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Беш аз 7 ҳазор гектар кишт нашудааст

Иқтисоду тиҷорат, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ