КОРНОМАҲОИ ҶОВИДОНАИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Як соли дастовардҳо ва дурнамои рушд
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварду арзиши таърихист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият - ин неъмати бебаҳо, муқаддастарин рамзи давлатдории миллӣ ва ҳастии давлату миллати тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолият мо тавонистем пояҳои давлатдорӣ ва ормонҳои таърихии худро эҳё ва мустаҳкам созем». Ин суханон барои ҳар як сокини вилояти Хатлон низ масъулияти бузургро дар роҳи эъмори ҷомеаи адолатпарвару рушдёфта ифода мекунанд.
34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дастовардҳои як соли охири вилояти Хатлон таҳлил ва ҷамъбаст шаванд. Ҳар як иқдом ва барномаи давлатӣ дар вилоят аз меҳвари Истиқлол ва ваҳдати миллӣ сарчашма гирифта, ба болоравии сатҳи зиндагӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ нигаронида шудааст.
Моҳи майи соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо фаъолон мулоқот анҷом дода, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятро мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор доданд.
Дар суханронии худ Сарвари давлат дастовардҳои заҳматкашони Хатлонро дар рушди кишоварзӣ, саноат ва соҳаҳои иҷтимоӣ шоистаи таҳсин хон-да, ба аҳамияти истифодаи самарабахши имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ноил шудан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум таъкид намуданд. “Танҳо бо саъю талоши ҳар як сокини мамлакат ва дар навбати аввал, роҳбарону кормандони соҳаи кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои худӣ мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ноил гардем. Барои таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи кофии он, аз ҷумла дар ҳар як оила, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд ва риояи ҳатмии қоидаҳои сарфаю сариштакорӣ ҳар як роҳбар, шахси масъул ва ҳар як шаҳрванд бояд муносибати ҷиддӣ ва масъулияти баланд зоҳир намояд”, - қайд намуданд Пешвои миллат.
Ин суханон худ раҳнамои асосии тамоми барномаҳои минбаъда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гардиданд. Ифтитоҳи даҳҳо корхона, марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ дар пайи ҳамин сафарҳо ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат сурат гирифтанд. Масалан, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳи июл бо иштироки бевоситаи Сарвари мамлакат бинои нави Раёсати молия ва як қатор иншооти дигари иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба такмили идоракунӣ ва беҳбуди хизматрасониҳо мусоидат мекунанд.
Дар як соли охир ҷалби сармоягузорӣ ба вилоят хусусияти густурда гирифт. Танҳо иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Левакант барои солҳои 2021–2025» то моҳи август ба 91,4% расид, ки ни-шони пешрафти устувор аст. Дар доираи Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ бунёд гардиданд.
Давоми сол ҷаласаҳои Шурои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ мунтазам доир шуда, монеаҳои пешрафти соҳибкорӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл мегарданд. Омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» (ноябри соли 2025, шаҳри Бохтар) нишон медиҳад, ки вилоят дар сатҳи байналмилалӣ низ мавқеи худро мустаҳкам мекунад. Ин форум ба ҷалби сармояи хориҷӣ, муаррифии маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона шудааст. Ҳадафи асосӣ табдил додани вилояти Хатлон ба маркази калидии сармоягузорӣ ва тиҷорат дар ҷануби кишвар аст.
Илова бар самтҳои саноату кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ низ дар меҳвари роҳбарияти вилояти Хатлон қарор дорад. Моҳи июли соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор шуд, ки дар он ширкаткунандагон аз кишварҳои гуногун имкониятҳои бойи сайёҳии Хатлонро баррасӣ карданд. Дар ҷараёни форуми «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ» таъкид гардид, ки мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва табиии вилоят метавонанд ба яке аз самтҳои муҳими ҷалби сармояи хориҷӣ табдил ёбанд. Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд: «Сайёҳӣ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ метавонад дар таъмини рушди минтақаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши муассир бозад». Вилояти Хатлон дорои захираҳои беназири табиӣ, таърихиву фарҳангӣ ва шароити мусоиди экологӣ буда, имкониятҳои фарохе барои густариши намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии фарҳангиву таърихӣ, экологӣ, аграрӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор пешниҳод мекунад. Форуми Кӯлоб намунаи возеҳи татбиқи ҳамин ҳадафҳо буда, ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва роҳнамоии сайёҳон такони ҷиддӣ бахшид.
Муждаи ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии “Хутали Қадим” барои тамо-ми тоҷикистониҳо фараҳбахш буд. Қарори дахлдор 12-уми июл дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Парижи Фаронса қабул шуд. Номинаи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъморӣ, аз ҷумла Дайри Буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш, қалъаи Ҳулбук, шаҳристони Ҳулбук ва шаҳраки Манзаратеппа дар ноҳияи Восеъ, қалъаи Золи Зард ва мақбараи Мавлоно Тоҷиддин дар ноҳияи Данғара, шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, шаҳристони Золи Зар, корвонсаройи Тоҳир ва Шаҳртеппа дар ноҳияи Фархор, дайри Буддоии Хишттеппа дар ноҳияи Ховалингро дар бар мегирад.
Ёдгориҳои мероси фарҳангии “Хутали Қадим” 5-умин мавзеи Тоҷикистон аст, ки ҳамчун мероси ҷаҳонӣ эътироф мешавад. Ҳамасола чанде аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, расму маросим ва иду ҷашнҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНСЕКО шинохта мешавад. Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад.
Аз ҷумла, соли гузашта дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд.
Вилояти Хатлон ҳамеша ҳамчун «анбори ғалла»-и кишвар маъруф аст. Дар як соли охир барномаҳои давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзӣ барои солҳои 2026-2030 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Барои Хатлон ин барномаҳо аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, зеро беш аз нисфи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар вилояти мо истеҳсол мешавад.
Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва васеъ кардани коркарди маҳсулот имкон медиҳад, ки аҳолӣ бо ғизои солиму босифат таъмин гардида, содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ афзоиш ёбад.
Роҳбари давлат дар мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон (17 майи соли 2025, Данғара) ба ташкили фаъолияти муназзами ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии рушд ва дигар тадбирҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти дахлдори давлатиро ҷалб намуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат танҳо дар соҳаи кишоварзӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5,8 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло боз 8 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 3,9 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Ҳукумати мамлакат дар шароити кунунӣ ба сиёсати иҷтимоӣ афзалият дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар шароити имрӯза афзалияти асосии сиёсати давлатӣ ба самти иҷтимоӣ равона гардида, Ҳукумати кишвар барои иҷрои мақсадҳои пешгирифта чораҳои мушаххас меандешад. Маблағе, ки аз буҷети давлат барои соҳаи маориф ҷудо мегардад, сол ба сол бештар мешавад. Агар соли 2005 ин маблағ 260 миллион сомонӣ буд, дар соли 2025 ба 10,9 миллиард сомонӣ расид. Яъне дар 20 сол маблағгузорӣ ба соҳа 42 баробар афзудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди маориф 29 лоиҳаи давлатӣ бо маблағи 3,8 миллиард сомонӣ иҷро шудааст. Ҳоло дар кишвар ҳамчунин 11 лоиҳаи дигар бо арзиши 4,4 миллиард сомонӣ идома дорад.
Сиёсати давлат дар бахши маориф дар як соли охир самтҳои мушаххас гирифт. Пешвои миллат дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ (майи 2025) супориш доданд, ки то охири сол дар кишвар 168 муассисаи томактабӣ бунёд шавад ва дар панҷ соли оянда ҳар маҳаллаи зиёда аз 100 оила бо боғча таъмин гардад. Барои вилояти Хатлон, ки дорои демографияи ҷавон аст, ин иқдом имконият медиҳад, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ густариш ёбад.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи июл марҳилаи дуюми Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2025-2027» тасдиқ шуд. Ин барнома имконият медиҳад, ки мактабҳои нав сохта, базаи моддиву техникии онҳо таҳким ёбад ва сатҳи таълиму тарбия баланд гардад. Дар доираи лоиҳаи мазкур бунёди 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қарори Ҳукумати кишвар ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсилро пешбинӣ мекунад.
Ифтитоҳи Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар Данғара ҳамчун як таҷрибаи муваффақ нишон дод, ки пайванди бозори меҳнат ва муассисаҳои таълимӣ торафт қавитар мегардад. Ҳадаф аз чунин марказҳо омода кардани мутахассисони амалгаро барои иқтисодиёти вилоят мебошад.
Бо амалӣ шудани қарори Ҳукумат оид ба зиёд намудани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1 сентябри соли 2025, сатҳи даромади пулии аҳолӣ дар вилояти Хатлон низ боло рафт. Ин тадбирҳо, ки бахше аз сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат мебошанд, барои беҳбудии шароити зиндагӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши хароҷоти оилавӣ аҳамияти калон доранд.
Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, яъне маъюбон, пиронсолон ва ятимон дар маркази сиёсати иҷтимоии роҳбарияти вилоят қарор дорад. Барномаҳои махсуси иҷтимоӣ барои онҳо татбиқ шуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ шароити зиндагӣ ва табобат беҳтар мегардад.
Ифтитоҳи корхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, роҳҳо ва иншооти муҳандисӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон аз дастовардҳои назаррас мебошанд. Масалан, дар як қатор ноҳияҳо роҳҳои автомобилгард ва пулҳои нав мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба беҳтар шудани алоқаи нақлиётӣ ва гардиши мол мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, сохтмони биноҳои маъмурӣ, варзишгоҳҳо ва марказҳои фарҳангӣ симои шаҳру деҳотро дигаргун сохтааст.
Дар як соли охир ҷаласаҳои ҷамъбастӣ ва назоратӣ мунтазам таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор шуданд. Ҳадафи онҳо таҳлили иҷрои барномаҳо, баррасии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва муайян кардани вазифаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Раиси вилоят ба шаҳру ноҳияҳо сафарҳои корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ, корҳои саҳроӣ ва боғдорӣ шинос гардида, бо пирони кор, собиқадорони соҳаҳои гуногун, мутахассисон ва фаъолони ҷомеа дидору мулоқотҳо мекунад, ҳар моҳе қабули сайёҳи шаҳрвандон гузаронида мешавад. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҳар як ноҳия дар доираи як низоми ягона амал намуда, вазифаҳои стратегӣ ҳамоҳанг иҷро шаванд.
Ҳамаи дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар як соли охир дар вилояти Хатлон ба даст омадаанд, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва арзишҳои Истиқлол сарчашма мегиранд.
Итминон аст, ки то поёни соли ҷорӣ омодагӣ ба форуми «Хатлон Инвест-2025» имкони ҷалби сармоя ва густариши истеҳсолро фароҳам оварда, татбиқи барномаҳои томактабӣ ва мактабсозӣ ояндаи фарзандони Хатлонро дурахшон месозад. Истифодаи самараноки захираҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ омили таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа мебошад. Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконият дод, ки барои ояндаи насли наврас, пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёт шароити му-соид фароҳам созем. Ҳифзи ин дастовард ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст».
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми сарбаланди Хатлон заминаи муҳими таҳаввулоти бузург гардид. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат як соли охир барои вилоят соли пешрафтҳои бесобиқа, созандагиву бунёдкорӣ ва ифтихори миллӣ буд. Роҳандозии лоиҳаҳои калидӣ дар бахшҳои саноат, маориф, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва иҷтимоиёт, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва дар меҳвар қарор гирифтани инсон ҳамчун арзиши олӣ гувоҳи барҷастаи амалӣ шудани ормонҳои истиқлол мебошад. Бо такя ба ин дастовардҳо ва бо рӯҳияи созандагии ватандӯстона вилояти Хатлон ба самти фардои ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.