Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Кӯдакро танбеҳ надиҳед!


Кӯдакро танбеҳ надиҳед!




Тарбияи кӯдак аз батни модар оғоз меёбад. Вақте, ки ӯ ба дунё меояд, масъалаи тарбия боз бештар мегардад. Яъне падару модар ва оила тарбияи кӯдакро дар мадди аввал гузошта, аз онҳо масъулиятнокиро талаб мекунад.

Баъзе падару модарон бо гуноҳи андак кӯдакро латукӯб мекунанд ва носазо суханҳо мегӯянд.  Боз ҳастанд волидоне, ки ба гуноҳи бача эътибор надода, бепарвогӣ зоҳир менамоянд. 

Онҳо фаромӯш мекунанд, ки ин ду амал хато   буда,   шоистаи ибрат нест. Дар ин бобат Синои бузург чунин маслиҳат додааст: “Кӯдакро барои гуноҳаш танбеҳ додан лозим аст, то ки онро дубора такрор накунад. Танбеҳро бо насиҳат якҷоя бояд   намуд. Яъне   бо   насиҳат   дили   кӯдак нарм шуда, аз кардааш пушаймон мешавад. Дар ҳолати такрор шудани гуноҳ лату куби кӯдакро ба хотираш овардан лозим аст. Яъне, агар аз ин рафтораш даст накашад, боз лату куб мебинад”.

Баъзан   кӯдак   бозича   ва ё   чизи   дигари   рафиқашро бе пурсиш   ба   хона    меорад.   Дарин ҳолат маҷбур кунед, ки онҳоро бурда, ба соҳибаш диҳад. Зеро дар оянда такрор шудани чунин рафтор ӯро оқибат ба роҳи дуздӣ мебарад.

Волидон   бояд  кӯдаки   хешро   аз   пургӯӣ, худтаърифкунӣ, дурӯғгӯӣ, пастзании дигарон, ба миёни гапи калонсолон даромадан, айбҷӯӣ боздорад. Ӯро мувофиқи қудраташ ба коре ҷалб намоед, то ба беҳудагардӣ одат накунад. Аз волидон нопурсида сухан кардан, беҳудаю баҳуда қасам хӯрдани кӯдак низ нохуб мебошад.

Аз ин рӯ, завқи бачаро бештар ба мутолиаи китоб бедор намудан хуб аст. Зеро кӯдак китобро дӯсти беҳтарини худ хонда, ахлоқаш беҳтар мегардад.

Волидон бояд кӯдакро аз мулоқоту суҳбати ашхоси   нодону   бефарҳанг   дур   нигоҳ   доранд. Чунки   суҳбати   ин   тоифаҳо   ба   кӯдак   таъсири манфӣ мерасонад. Бисёр кӯдакони дар суҳбати ашхоси   бадрафторнишаста,   ба онҳо   пайравӣ менамоянд ва одобу ахлоқашон коста мешавад.

Падару   модарони   азиз!  Набояд   фаромӯш кард, ки ягон айб бадтар аз бесаводӣ нест. Аз ин хотир, бикӯшед, то ки фарзанд аз хондану навиштан бебаҳра намонад.

Бақӣ, қазоват аз шумост.

С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода