Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МАОРИФПАРВАР


МАОРИФПАРВАР




Истиқлолият  бузургтарин,  муқаддастарин  ва  арзишмандтарин  дасто-варди  миллати  соҳибтамаддун  ва фархундаиқболи  тоҷик  аст.  Тоҷикон маҳз  пас  аз  ба  даст  овардани  Истиқлоли давлатӣ,  зери  роҳбарии  хирадмандона  ва  дурандешонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ –  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти худро дар ихтиёр гирифтанд. Дар асо-си  изҳори  иродаи  мардум  санадҳои  муҳимми ҳуқуқӣ-сиёсӣ  қабул  карданд,  асосҳои  сохтори конститутсиониро муайян намуданд, инсон ва ҳуқуқҳои фитрии ӯро арзиши олӣ этироф карданд, низоми давлатдории миллиро ба роҳ монданд, ҷашну ойинҳои неки аҷдодии худро аз нав эҳё  карда,  густариш  бахшиданд  ва  ба  ҷомеаи ҷаҳонӣ  бо  симои  сирф  миллӣ  ва  тоҷикона худро  ҳамчун  давлати  соҳибистиқлол  ва субъекти  баробарҳуқуқ  дар  муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Чун  тоҷикон  аз  ҷумлаи  мардумони  ориёитаборанд ва  аз  саромадони  илму  фарҳанг  ва  тамаддуни  башарӣ шинохта  шудаанд,  ҳамеша  ба  илму  дониш  ва  фарҳангу маънавиёт арҷ мегузоранд. Ҳамин решаи қавии илмдӯстӣ ва фарҳангпарварӣ буд, ки аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлол тоҷикон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба  соҳаи  маориф  ва  соҳибилму соҳибкасб  гардонидани  ҷомеа  таваҷҷуҳи  махсус  зоҳир намуданд.

Дар  меҳвари  низоми  маориф  омӯзгор  қарор  мегирад.  Аз  ин  рӯ,  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамеша ба нақши омӯзгор эҳтиром мегузорад ва барои боло бурдани  мақоми  омӯзгор  дар  ҷомеа  тамоми  имконитяҳоро фароҳам меорад. Маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф,  таҳкими  заминаҳои  он  ва  заҳмати  содиқонаи омӯзгорон  ҷомеаи  Тоҷикистон  ба  он  дастёб  гардид,  ки чеҳраи  воқеии  халқи  тоҷикро  дар  замони  муосир  ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Ҳамасола  1  –  уми  сентябр,  яъне  оғози  соли  хониш чун анъанаи нек таҳти унвони Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз  меёбад,  ки  ин  беҳикмат  нест.  Зеро  илму  дониш  аз замонҳои хеле қадим, то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

ДАР ШАРОИТИ НИҲОЯТ МУРАККАБУ ҲАССОС ҶОМЕАИ БАШАРӢ ТАҲАММУЛГАРОӢ, ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО ВА ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ АНДЕШАВУ АФКОРИ СУЛҲПАРВАРОНА БАРОИ АҲЛИ БАШАР НИҲОЯТ МУҲИМ ВА ҲАТТО ҲАЁТӢ МЕБОШАД. 

АЗ ИН ДИДГОҲ, ТОҶИКОН ТАВАССУТИ БА РОҲ МОНДАНИ АНЪАНАИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ БОРИ ДИГАР БА ҶАҲОНИЁН СОБИТ НАМУДАНД, КИ МИЛЛАТИ СОҲИБИЛМ ВА СУЛҲҶӮВУ ФАРҲАНГПАРВАР МЕБОШАНД ВА ҲАМИН РУҲИЯИ БАЛАНДИ СУЛҲҶӮИВУ ИНСОНДӮСТИРО БА ДИГАРОН НИЗ ТАЛҚИН МЕНАМОЯНД.


Сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста мешаванд.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи маориф Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  махсусан  Президенти  маҳбуби кишвар  пайваста  чораандешӣ  менамоянд.  Самараи  ин тадбирандешиҳо  Тоҷикистон  тибқи  таҳлилҳои  ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми  маблағгузории  онҳо  ба  соҳаи  маориф  аз  ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон дар қатори 183 давлати дунё ҷои 21-умро ишғол мекунад, ки ин барои миллати тоҷик мояи ифтихор ва саодат аст, зеро саодати инсоният маҳз аз илму хирад ва маърифати баланд ба даст меояд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаи маориф санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, барномаву консепсияҳо қабул карда, ниҳодҳои муайяни соҳавӣ таъсис дода шуданд, ки ҳамагӣ дар пешбурди кори низоми маорифи кишвар саҳми арзишманд гузоштанд.

Аз  ҷумла,  дар  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон меъёрҳои муайян ба соҳаи маориф бахшида шуданд ва фаъолияти  Ҳукумати  мамлакат  дар  соҳаи  маориф  аз ҳамин  меъёрҳо  сарчашма  мегирад.  Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (аз 22 июли соли 2013), “Дар  бораи  таҳсилоти  олии  касбӣ  ва  таҳсилоти  касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи  касбӣ”,  “Дар  бораи  таҳсилоти  ибтидоии  касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти калонсолон”, “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”,  “Дар  бораи  Академияи  илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар  бораи  фаъолияти  илмӣ  ва  сиёсати давлатӣ  оид  ба  илму  техника”,  “Дар  бораи  фаъолияти инноватсионӣ”,  “Дар  бораи  тиҷоратикунонии  натиҷаҳои фаъолияти  илмӣ  ва  илмию  техникӣ”,  “Дар  бораи  масъулият  барои  таълиму  тарбияи  кӯдак”,  Қарори  Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди  илмҳои  табиӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ  эълон  намудани солҳои 2020 - 2040”, “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди  истеъдодҳо  барои  солҳои  2015  –  2020”,  барномаҳои таълимӣ  дар  заминаи  санадҳои  Донишгоҳҳои  Кембриҷу Оксфорд,  ки  шуҳрати  ҷаҳонӣ  доранд,  бо  назардошти ниёзҳо ва арзишҳои миллии Тоҷикистон, “Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020”,  «Барномаи  рушди  илмҳои  табиатшиносӣ,  риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимиву илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву  таҳқиқотӣ»  ва  «Консепсияи  гузариш  ба  низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  солҳои  2012-2016”,  “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021–2025”, “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои  муҷаҳҳази  таълимӣ  барои  солҳои  2021-2025”,  санадҳои  ҳуқуқии  байналмилалие,  ки  онҳоро Ҷумҳурии  Тоҷикистон  эътироф  намудааст,  санадҳои дуҷониба ва ё бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ва ғайра таҳия ва қабул гардидаанд ва як қатор санаду барномаҳои дигар дар ҳоли бозбинӣ ва таҳия қарор доранд. 

Ҳукумати мамлакат маҳз бо дарназардошти талаботи замон ва аҳамияти бузурги илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар, ҳамчунин, «Барномаи  рушди  неру  ва  моликияти  зеҳнии  инсон дар  давраи  то  соли  2020»,  «Барномаи  рушди  илмҳои табиатшиносӣ,  риёзию  техникӣ  барои  солҳои  2010  – 2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази  таълимӣ  ва  илмиву  таҳқиқотӣ  барои  солҳои 2011  –  2015»–ро  қабул  намуда,  барои  амалисозии  онҳо шароиту  имкониятҳои  зарурӣ,  аз  ҷумла  маблағгузориро муҳайё кардааст.

Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  таҳлилу  баррасии мушкилоти  соҳаи  маориф  ва  муайян  намудани  дурнамои рушди соҳа борҳо бо олимону донишмандон суҳбату вохӯриҳо  гузаронида,  бо  назардошти  муҳимият  ва  мубрамияти  масъалаҳо  дар  мулоқотҳои  худ  бобати  ҳалли машкилоти мавҷуда фикру мулоҳиза намуда, дар асоси табодули  афкор  бо  олимону  донишмандон  ва  қишрҳои гуногуни ҷомеа барномаву консепсияҳои мушахас ҷиҳати офарандагӣ,  интихоби  намунаҳои  беҳтарини  оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, ташкил медиҳад.

Хушбахтона,  ҷавонону  наврасон,  хонандагону донишҷӯён ва қишрҳои мухталифи ҷомеа, нахуст баргузории  озмунҳои  мазкурро  гарму  самимӣ  истиқбол гирифта,  бо  назардошти  имконияти  дар низомномаи озмунҳо муқарраргардида иштирок намуда, дараҷаи саводнокии  худро  санҷиданд,  сайқал  доданд  ва  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан аз тарафи сарпарасти бевоситаи ҳамаи озмунҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо туҳфаҳои моливу пулӣ ва дигар имтиёзҳову мукофотҳо ҳавасманд гардонида шуданд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки рӯз то рӯз шумораи довталабон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ меафзояд, аз як ҷониб аз саривақтӣ будани баргузории озмунҳо дарак медиҳад, аз ҷониби дигар дар симои ҷавонону наврасон ва дигар иштирокчиёни синну сол ва касбу кори гуногун аз завқу салиқаи илмдӯстӣ ва соҳибхирадии миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Таъсиси  Квотаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ  яке  аз  роҳҳои  ҳавасмандгардонии  духтарону ҷавонони  деҳоти  дурдасти  мамлакат  барои  идомаи таҳсил  дар  муассисаҳои  олии  касбии  кишвар  мебошад. Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аз  28-уми  декабри  соли 2023 бармеояд, танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд.

Ба  хотири  дастгирӣ  ва  тарбияи  мутахассисони соҳаҳои  иҷтимоию  иқтисодӣ,  ҳанӯз  соли  1997  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Анҷумани  сеюми  иттиҳодияҳои  занон,  созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ зарурати таъсиси Квотаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  таъкид  карда буданд. Шурӯъ аз соли таҳсили 2005-2006 дар баробари духтарон  писарони  болаёқат  низ  аз  манотиқи  дурдаст тариқи  Квотаи  президентӣ  ба  муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ қабул гаштанд.

12 августи соли 2014 барои аҳли илми тоҷик санаи фаромушнашаванда ва хотирмон аст. Зеро дар ин рӯз бо  Фармон  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таҳти №255  Муассисаи  давлатии  Комиссияи  олии  аттестатсионии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таъсис дода шуд. Таъсиси Муассисаи давлатии “Комиссияи  олии  аттестатсионии назди  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар  ҳаёти  илмӣ  ва  фарҳангии  кишвар  як рӯйдоди  фараҳбахш  мебошад,  ки  аҳамияти  баланди сиёсӣ дорад.

Комиссияи олии аттестатсионӣ бо ибтикори Асосгу-зори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун ниҳоди мустақил, ки бевосита масъулияти назорату тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ – омӯзгории 
тахассуси олиро ба уҳда дорад, таъсис ёфт, ки рӯйдоди муҳими таърихии дорои аҳамияти сиёсӣ, байналмилалӣ ва илмию амалӣ мебошад.

Мақсад  аз  ташкили  Муассисаи  давлатии  “Маркази миллии  тестӣ”,  ки  аз  5-уми  марти  соли  2008  фаъолият  мекунад,  таъмини  арзёбии  объективӣ,  шаффоф  ва одилонаи  дониши  довталабон,  баробарҳуқуқии  онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, гузаронидани пажӯҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ  ва  миёнаи  умумӣ  тавассути  тестгузаронӣ  мебошад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  супориши  бевоситаи  Роҳбари  давлат ҷиҳати дастгирии ҷавонони донишманду соҳибистеъдод, аз  байн  бурдани  ҳама  гуна  тақаллубкорӣ  ва  ба  таври шаффоф  гузаронидани  қабули  имтиҳони  дохилшавӣ дар муассисаҳои олии кишвар ташкил гардида, дар он усули  қабули  марказонидаи  санҷиш  ҷорӣ  карда  шудааст.

Тайи  чанд  соли  охир  ҷамъбасти  нишондиҳандаҳо оид ба қабули донишҷӯён дар Маркази миллии тестӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аксарияти хатмкунандагони хубу аълохон бе ягон мамониат ва душворӣ холи заруриро соҳиб шуданд.

6  сентябри  соли  2023  Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  №  429  дар  хусуси  таъсиси  Кумита  оид  ба таҳсилоти  ибтидоӣ  ва  миёнаи  касбии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  тасвиб  расид,  ки  ин  рӯйдоди муҳим ва таҳаввулоти тоза дар низоми маорифи мамлакат ба ҳисоб меравад.

Дар  асоси  Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон вазифаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  таҳия ва  амалисозии  сиёсати  ягонаи  давлатӣ  дар  самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мушаххас гардидааст.

Рушди  илму  маориф  калиди  пешрафти  ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд, ки ҳамаи  ин  тадбирҳо  ба  сифатан  беҳтаршавии  низоми маъорифи  кишвар  ва  фароҳам  омадани  шароити  муносиби таҳқиқу омӯзиш ва таҳсилу касбомӯзӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Ҳамасола  кушодашавии  муассисаҳои  зиёд  дар соҳаҳои  иҷтимоӣ,  аз   ҷумла   дар   соҳаи   маориф, бунёди  муассисаҳои  таълимӣ,  сохтмони  биноҳои иловагӣ,  таҷдиду  азнавсозӣ  ва  бо  тамоми  таҷҳизоти зарурӣ,  аёниятҳои  дарсӣ,  синфохонаҳои  компютерӣ, озмоишгоҳҳо  ва  дигар  дастгоҳҳои  муосири  дарсӣ,  ки барои татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалӣ замина мегузоранд,  муҷаҳҳаз  намудани  онҳо  далели  возеҳи таваҷҷуҳи  давлату  Ҳукумат,  махсусан  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба соҳаи маориф мебошад.

Ҳамин  тариқ,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  – Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми сентябри соли 2009 дар  Донишгоҳи  давлатии  тиҷорати  Тоҷикистон  бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мулоқот анҷом дода, аз намоишгоҳи дастовардҳои илмию  техникии  муассисаҳои  таҳсилоти  олии  касбии мамлакат дидан карданд.

1-уми сентябри соли 2010 бошад, бори нахуст дар асоси  Амри  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таҳти №АП-1124  Рӯзи  дониш  ва  Дарси  сулҳ  дар  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Субҳи 01.09.2012 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бинои  боҳашамати  Мактаби  байналмилалии  президентӣ  дар  шаҳри  Душанбе ифтитоҳ ёфт.

Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Мактаби байналмилалии президентӣ, ки бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1100 нафар хонандаи болаёқат пешбинӣ шудааст, ташриф оварда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Мактаби  боҳашамат  аз  биноҳои  таълимӣ,  толори бузурги маҷлисӣ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳи калон барои намудҳои гуногун, ду хобгоҳи алоҳида барои духтарону писарон бо 1100 ҷойи хоб, хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ҳамчун  идомаи  анъанаи  нек  ҷашни  Рӯзи  дониш 1-уми сентябри соли 2013 дар яке аз муассисаҳои бонуфузи  таҳсилоти  олии  кишвар  -  Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат мулоқот анҷом дода, омӯзгоронро ба таълими софдилонаи ҷавонон ва таҳсили босифат ва донишҷӯёнро ба омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир ҳидоят намуданд.

Бинои  факултет  бо  риояи  тамоми  стандартҳои муосири  ҷаҳонӣ  барои  таълим  сохта  шуда,  дар  он  22 озмоишгоҳи умумитехникӣ ва тахассусӣ, ошхона барои 300 ҷой, ду толори компютерӣ ва китобхонаи электронӣ, китобхона бо толори хониш, ду толори дарсии бузурги ҳар кадом барои 200 ҷой ва толори варзишӣ мавҷуд мебошад.

Президенти  кишвар  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон 01.09.2014  ба  Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои  нави  панҷошёнаи  онро  ифтитоҳ  намуд  ва  дар тантанаҳои Рӯзи Дониш ва Дарси сулҳ ширкат варзида, бо  намояндагони  сершумори  соҳаҳои  илму  маорифи ҷумҳурӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Бинои нав аз панҷ ошёна ва таҳхонаи босамар истифодашаванда иборат буда, бо харҷи қариб 14 миллион сомонӣ сохта, бо техникаву таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

(Идома дорад)

Ф. САФАРЗОДА, 
сардори Идораи телевизион ва радиои
вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода