Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шири модар барои кӯдак ғизои беҳтарин аст


Шири модар барои кӯдак ғизои беҳтарин аст




Дар асоси фармоиши Вазорати  тандурустӣ  ва  ҳифзи иҷтимоии  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз  1-уми  августи  соли  2025  таҳти  шиори  «Афзалият  додан  ба синамаконӣ» «Даҳаи  миллии ҳимояи  ғизодиҳии  тибии кӯдакон» эълон гардидааст.

Бо  мақсади  ташкил  намудани  «системаҳои дастгирии  устувор»  маъракаи  иттилоотию маърифатӣ дар байни аҳолӣ оғоз ёфта, он то 10 уми  август  дома  меёбад.   Ин  як  иқдоми  муҳими иттилоотиву  фаҳмондадиҳӣ  буда,  ба  рушди  тандурустии модару кӯдак нигаронида шудааст. Доир ба ин бо мутахассисони муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар  мусоҳиба  намудем,  ки  муҳтавои  онро пешкаши хонандагон мегардонем. 

-Танҳо шири модар барои кӯдак дар шаш моҳи аввали  ҳаёти  ӯ  ниҳоят  зарур  аст.  Кӯдаки  ширхор дар ин давра ба ҳеҷ гуна ғизои дигар, ҳатто ба  об  ҳам  эҳтиёҷ  надорад.  Ҳангоми  синамаконӣ интиқоли  вируси  норасоии  масунияти  бадан  аз модари  сироятшуда  ба  кӯдак  имконпазир  мебошад. Аз ин рӯ, дар чунин ҳолат синамаконӣ тавсия дода намешавад. Занони сироятшуда ё онҳое, ки гумон мекунанд ба сирояти вируси норасоии масунияти бадан мубтало шудаанд, бояд ба кормандони тиб, барои гузаштан аз ташхис, психотерапия,  тавсияҳо  дар  мавриди  паст кардани  хатари  мубталои  сироят гардидани  кӯдак  машварат  кунанд. Кӯдаки навзод бояд ҳамеша ҳамроҳи модар  бошад  ва на  дертар  аз  ним  соат  баъди  ба  дунё омадан  аз  шири  модар  истифода барад. Зуд-зуд синамаконии кӯдак боиси зиёд шудани шир мегардад. Қариб ҳамаи модарон метавонанд бе  ягон  мушкилот  кӯдаки  худро шир диҳанд.

-Ширдиҳии  сунъӣ  метавонад сабаби  беморӣ  ва  фавти  кӯдак гардад.  Агар  модар  натавонад кӯдаки худро аз пистон шир диҳад, бо  вуҷуди  ин  ба  кӯдак  тавассути зарфи одии покиза бояд шири модар  ё  ивазкунандаи  онро  дод.  Аз синни  шашмоҳагӣ  сар  карда,  ба кӯдакон хӯрокҳои гуногуни иловагӣ додан зарур аст, аммо синамаконӣ бояд  то  дусолагии  кӯдак  давом ёбад.  Модароне,  ки  дур  аз  хона кор мекунанд, кӯшиш намоянд, то ҳамроҳи кӯдак буданашон бештар шир бидиҳанд. Зеро шири модар барои  кӯдак  беҳтарин  ғизо  мебошад. Шири ҳайвонот, омехтаи шир, шири  хушк,  ҳатто  об,  ба  ҳеҷ  ваҷҳ аз ҷиҳати колория ба шири модар баробар шуда наметавонад. Шири модарро кӯдак ба зудӣ ҳазм карда, инкишофи муътадили кӯдак ва аз ҳар гуна бемориҳо муҳофизат менамояд,  -  иброз  намуд  Мавлуда Собирова,  табиби  ҳуҷраи  модару кӯдаки  муассисаи  КАТС-и  шаҳри Бохтар. 

Синамаконӣ  ба  кӯдакон, на  танҳо  ғизо,  балки  муҳаббат, муҳофизат  ва  пояи  насли  солим аст. Биёед, якҷоя барои саломатии кӯдакони худ талош кунем. Модарон  бояд  донанд,  ки  шири  табии омили аслии саломатии тифл аст.

Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода