Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қариб 1 миллиард сомонӣ барои бунёди таълимгоҳҳо


Қариб 1 миллиард сомонӣ барои бунёди таълимгоҳҳо




Тавре ки қаблан хабар дода будем, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027», дар марҳилаи дуюм барои солҳои 2025-2027 тасдиқ гардид.

Барнома ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла аз байн бурдани биноҳои садамавӣ, таъмини ҷойи нишаст ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудааст.

Тибқи нақшаи амали марҳилаи дуюм, дар вилояти Хатлон бунёди 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Барои амалӣ намудани он маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ равона хоҳад шуд.

Ҳадаф аз барномаи мазкур беҳтар гардонидани вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода