Минтақаи нави саноатӣ ташкил мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар шаҳри Бохтар минтақаи нави саноатӣ ташкил карда мешавад, ки масоҳати он 13 гектарро дарбар мегирад. Дар ин бора раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти матбуотии худ хабар дод.
Бино ба гуфтаи раиси шаҳр, аллакай мавзеи минтақаи нав муайян шуда, пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷиҳати таъсиси он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфтааст. Ҳамчунин хулосаҳои зарурии вазорату кумитаҳои дахлдор низ гирифта шудаанд.
- Дар минтақаи саноатии мавҷудаи шаҳр, бинобар таъсиси якчанд корхонаи нави истеҳсолӣ, дигар замини холӣ боқӣ намондааст, - таъкид намуд А. Муминзод. - Аз ин рӯ, ташкили минтақаи нави саноатӣ яке аз ҳадафҳои муҳими мо маҳсуб меёбад.
Раиси шаҳр инчунин иттилоъ дод, ки аз ҷониби бахши хусусӣ барои сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ панҷ лоиҳа пешниҳод гардидааст. Баъди расман таъсис додани минтақа, барои амалисозии ин лоиҳаҳо замин ҷудо хоҳад шуд.
Тибқи нақша, татбиқи ин иқдом ба рушди минбаъдаи иқтидори саноатии шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти дохилии саноатӣ мусоидат хоҳад кард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...