Беш аз 32 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Дар натиҷаи тадбирҳои мақсадноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ниҳодҳои марбута ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди шуғл ва коҳиши сатҳи бекорӣ, ба ҳолати 1 июни соли 2025 дар вилоят 32 ҳазору 431 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Аз шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ, 30 ҳазору 895 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва 1536 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ташкил ёфтаанд. Аз ҷиҳати шакли шуғл, 5838 ҷойи кории доимӣ, 7649 муваққатӣ, 18 ҳазору 853 мавсимӣ, 88 ҷой иловагӣ ва 3 ҷойи барқароршуда ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон, дар ин давра дар қаламрави вилоят 176 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардида, дар натиҷа 2119 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар маҷмӯъ, 2281 нафар ба шуғли расмӣ ҷалб гардиданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00