Маводи мухаддир гардиши ғайриқонунӣ ва пешгирии сӯиистеъмоли он
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 апрел, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 88
![]()
Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари дигар хавфҳои воқеии коста гардидани суботу оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта, чунин фаъолият дар ҷаҳони муосир барои ҷинояткорон яке аз роҳҳои ба даст овардани даромад маъмул гардидааст. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ мебошад».
Дар воқеъ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз омилҳои хатарнок ва зиёновар ба ҳаёти инсонӣ буда, боиси афзоиши бемории нашъамандӣ гардида, зарари он ба генофонди миллат таҳдид менамояд. Бинобар ин дар баробари мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин пешгирии нашъамандӣ низ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Бо назардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи назорати маводи нашъаовар ва мубориза ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Бо зиёд гардидани таҳдиди маводи мухаддир ба амнияти миллӣ ва солимии аҳолӣ, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои саривақтӣ баҳри бартараф намудани ин мушкилот андешида шуданд.
Оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ ва ду Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 аз 20 марти соли 2021 таҳти №145 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар солҳои 2021-2025 имкон фароҳам меорад, ки муборизаи оштинопазир бо ин вабои аср — муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчун проблемаи глобалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Имрӯз муомилоти ғайриқонунии маводҳои нави синтетикии нашъаовар низ яке аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ҷараёни он босуръат густариш ёфта истодааст. Ин зуҳуроти номатлуб тӯли чанд сол аст, ки аксар кишварҳои сайёраро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз густариши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки ба пояҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва саломатии башарият таҳдид менамояд.
Хариду фурӯши маводи мухаддир тавассути шабакаҳои интернетӣ бидуни аз даст ба даст додан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай шуруъ шудааст, ки дар ин замина мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва ошкори ин роҳу усули муосири нашъаҷаллобӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани омилони онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Тавре маълум аст, дар бештари мав-рид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати волидайн будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад.
Аз ин лиҳоз, падару модаронро лозим аст, ки ҳама гуна рафтору кирдори фарзандонашонро зери назорат гиранд, то ки ягон лаҳзаи умри онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар нагардад.
Мубориза ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии сӯиистеъмоли он ҳамкориҳои муштараку дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату идораҳо ва ҳар як сокини бонангу номуси кишварро талаб менамояд.
Н. ЛАТИФЗОДА,
нозири назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...