АБАРМАРДОНИ ВАҲДАТОФАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳайати эҷодӣ, Боздид 201
![]()
Боз дар авроқи таърихи Ватан,
Вожаҳои Сулҳу Ваҳдат ҷо гирифт.
Он каломи гӯшнавозу дилнишин,
Мағз андар мағзи дил маъво гирифт.
Боз огаҳ шуд ҷаҳон аз кори нек,
Халқи се кишвар ба ҳам дар во бикард.
Иттиҳоду дӯстӣ гашта қавӣ,
Ҷодаҳо во баҳри рафтуо бикард.
Сарвари се мулки бо ҳам ҳамҷавор,
Хишти Ваҳдатро ба ҳам бигзоштанд.
Дар замине майн буду симхор,
Донаи меҳру муҳаббат коштанд.
Пешвои ваҳдатофар бо ливо,
Рафт зидди кинаву пархошу дард.
Бо забони нарму гарму ҳам хирад
Гулхане афрӯхт андар даҳри сард.
Сулҳу ваҳдат туҳфаи Парвардигор
Баҳри ҳар се миллати бо ҳам қарин.
Умри Ваҳдат ҷовидон бод, эй Худо,
То абад ғамро набинад ин Замин.
Даҳр аз пиндори неки се бузург,
Шод гашту эй басо хурсанд шуд.
То ки сулҳ ояд ба дасташ ҳар касе,
Бо муҳаббатпешагон пайванд шуд.
Баҳри хушҳолии олам Пешво,
Ҳар замон аз сулҳ мегӯяд сухан.
Ҳар касе аз панди ӯ огаҳ шавад,
Роҳ меҷӯяд ба сӯи хештан.
Одамон, эй одамони бохирад,
Сулҳ оламро мунаввар мекунад.
Дасти ваҳдат гар шавад боло ба даҳр,
Рӯи дунёро мусаххар мекунад.
Кори неки се абармарди ҷаҳон,
Дар сиёсат чашми оламро кушод.
Дар раҳи осоишу сулҳу субот,
Бар ҷаҳонмардони олам панд бидод.
Шаш кафи болои ҳам дар он замон,
Дар ҷаҳону шаш ҷиҳат чун ид буд.
Бас каломи дӯстӣ андар само,
Дар лаби кайҳону ҳам Ноҳид буд.
Амиршоҳи ХАТЛОНӢ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00