Дастони шифобахши табиб Музаффаров
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 апрел, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 127
Саидҷаъфар Музаффаров соли 1955 дар деҳаи зебоманзари Кадучии ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушода, мактаби миёнаи №13-ро дар ҳамин русто хатм намудааст.
Саидҷаъфари наврас ба Комиссариати ҳарбии ноҳия рафта, ихтиёран худро номнавис кард ва ду сол дар мамолики Германия адои хизмат намуд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуда, ин боргоҳи маърифатро бо дипломи аъло хатм кард. Бо роҳхати донишгоҳ ӯ ба вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон) омада, дар Беморхонаи вилоятӣ ба номи Б. Воҳидов ба ҳайси табиби таҷрибаомӯз дар шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолият намудааст. Дере нагузашта, ӯро ба зинаҳои баланд: мудири шуъба, муовини сартабиб оид ба соҳаи ҷарроҳии беморхона таъин менамоянд.
Айни ҳол ӯ табиби колопроктолог дар шуъ-баи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Б. Воҳидов фаъолияти густурда дорад. Номзади илмҳои тиб, Аълочии тандурустии Тоҷикистон аст. Саидҷаъфар Музаф-фаров ҳамчун аъзои фаъоли Ассотсиатсия колокпроктологҳо дар конфронсҳои байналмилалии шаҳрҳои Москва, Тошкент, Бишкек, Ал-маато борҳо ширкат варзида, дастовардҳои тибби Хатлонро муаррифӣ намудааст.
... Табиби ҳозиқ Саидҷаъфар Музаффаров солҳои 90-уми қарни гузаштаро, ки шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) мар-кази даргириҳо буду, ҷони инсон барои силоҳбадастон қадре надошт, ба ёд оварда мегӯяд: “Мо - якчанд нафар ҷарроҳон ва ҳамшираҳои шафқат барои ҷарроҳӣ кардани ҷавононе, ки захмӣ гашта буданд, кӯшиш мекардем, онҳоро наҷот диҳем. шабу рӯз дар беморхона навбатдорӣ менамудем. Доруворӣ низ хело камчин буд, аммо дигар илоҷ надоштем, ҷони одамизод барои мо-табибон дар мадди аввал меистод. Хушбахтона, ин бесарусомониҳо дер давом накард. Бо ба сари ҳокимият омадани шахсияти ба-руманду сиёсатмадор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми парешонгашта сарҷамъ шуд. Кишвари ҷангзадаи моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дод, сулҳу суботро дар кишвар пойдор намуд. Солҳои баъдиҷангӣ калонтарин беморхона, ки дар минтақаи Хатлон ба шумор мерафт, хароб гашта, қисман таҷҳизотҳои нодири давраи шуравиро ба яғмо бурда, қисман корношоям гардида буданд. Духтурони соҳибтахассус тарки вазифа намуданд. Дар ин шароит Саидҷаъфар Музаффаровро ба вазифаи муовини сартабиби беморхона таъйин намуданд. Ӯ дар муддати кӯтоҳ тавонист, кадрҳои соҳаи тандурустиро сарҷамъ намуда, дар беморхона таҷҳизотҳои замонавиро дастрас намояд. Қабули беморон дар ҳамаи шуъбаҳо роҳандозӣ гардиданд, сатҳу сифати хизматрасо-нии тиббӣ рӯ ба беҳбудӣ оварданд.
Саидҷаъфар Музаффаров ба ҳамкасбони худ ва духтурони ҷавони таҷрибаомӯз ҳидоят менамуд, ки вориси Сино будан танҳо дар бар до-штани хилъати сафед нест, балки барои вориси аслӣ шудан заҳмати шабонарӯзӣ кашидан лозим аст, чи тавре, ки бузургон фармуданд: «Табиб мебояд чун шер дили бузург, чун уқоб чашми тез, ақли чун мор ва дастони чун бону нарм дошта бошад».
Саидҷаъфар Музаффаров дар баробари бурдани корҳои оммавӣ- ташкилӣ дар беморхона, ҳамзамон беморонро барои ҷарроҳӣ омода менамуд.
Табиб Саидҷаъфар Музаффаров мегӯяд, ки аз деҳаи дурдасти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бемореро дар ҳолати хело вазнин оварданд. Рӯзи корӣ ба охир мерасид. Ҷарроҳ ба ҳамшираҳо фармуд, ки барои ҷарроҳӣ маризро тайёр кунанд. Бемор дар ҳолати хунравии хело зиёд қарор дошт. Дар муддати ду соат мо тавонистем, ҷарроҳиро пурра анҷом диҳем.
Ҳолати бемор муътадил гашта, баъди як ҳафта шифо ёфт. Чунин рӯзҳо дар фаъолияти ҷарроҳ Музаффаров пайваста рух медод.
Саидҷаъфар Музаффаров 42 сол аст, ки дар ҳамин боргоҳи табобатӣ фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст.
Духтараш Парвина, ки ҳоло дар беморхонаи №3-и шаҳри Душанбе чун касби падар ҷарроҳ мебошад, писараш Фирӯз низ пас аз хатми Ординатура духтури ҷарроҳ дар паҳлӯи падар фаъолият мекунад. Агар оилаи Музаффаровҳоро сулолаи табибон гуем, хато намекунем. Дар баробари фарзандонаш боз чандин набераву пайвандонаш ин касби пурифтихорро пеша намудаанд.
Саидҷаъфар Музаффаров шогирдонашро ҳамеша талқин менамояд, ки табиб бояд пеш аз ҳама беморро бо сухани ширин ва дили пур аз меҳру шафқат табобат намоянд. Агар гӯем, ки табибон чун дигарон давлати пирӣ меронад, шояд саҳв кунем. Зеро ӯ дили бузург ва дасти шифобахш дорад, ки метавонад ба нафарони мариз умри дубора бахшад.
Дар ҳақиқат зиндагиномаи ин марди нексиришту фурӯтан, фидоии касби худ, бо дили поку чеҳраи нурониаш байни коллективи боргоҳи шифобахши Беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Б. воҳидови шаҳри Бохтар ва берун аз он эътибори хосса дошта, рӯзгораш ибратест ба кулли табибон.
М. МУРОДОВ,
бойгонишиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
ПРЕЗИДЕНТ
-
-
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон
-
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд