Дар хизмати халқу Ватан
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 37
![]()
“Сабоҳи Сабоҳат”-китоби навбатии Сабоҳат Раҳимзода буда, он аз айёми шубоб то давраи имрӯзаи зиндагонии муаллиф ҳикоя менамояд. Ӯ тавонистааст, ки дар китоб бо навиштаҳояш хонандаро ба ола-ми кӯдакию ҷавонӣ роҳнамоӣ намояд. Фаъолияти кории ин зани чун оташро кас мутолиа карда, бетараф монда наметавонад. Зеро ҳар рӯзи ӯ саропо пешравӣ, корнамоӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ мебошад.
Сабоҳат Раҳимзодаро гӯё маҳз барои чунин кору амалҳо таваллуд намуда бошанд. Ӯ як занест, дар уқёнуси зиндагӣ устувор, обутоб ёфта, дар ду сохти ҷамъиятӣ-сотсиалистӣ ва давлати соҳибистиқлол кору зиндагӣ кардааст. Сабоҳат Раҳимзода дар тӯли 63 соли кориаш 48 соли онро ба корҳои роҳбарикунанда бахшидааст, ки ин намунаи мардонагии ӯст.
Дар ин солҳо барои пешравии ҷамъият ҳиссаи арзандае гузоштааст, роҳ нишон додааст. Роҳи тайкардаи ин зани маҳкамирода аз комсомол сар шуда, то корҳои портиявӣ, советҳо ва ҳукуматӣ шуруъ ёфтааст.
Моҳи апрели соли 1977 вақте ки дар ҷумҳурӣ мақсади ташкил намудани вилояти нав дар ҷумҳурӣ ба амал омад, Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номзадии Сабоҳатро ба комиссияи тадорукотӣ шомил намуд. Дар маҷлиси навбатии вакилони вилоятӣ ҷонишини раиси комитети иҷроияи вилояти Қӯрғонтеппа интихоб гардид. То соли 1579 ӯ дар ин вазифа масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, бо дили софу нияти нек хизмат намуд. Заҳматҳои кашидааш бар абас нарафтанд. КМ ПК Тоҷикистон уҳдабароӣ, забони корро донистанашро ба назар гириф-та, барои баланд бардоштани маҳорати роҳбарияш ӯро ба Академияи фанҳои ҷамъиятии назди КМ КПСС тавсия доданд.
Саҳифаҳои ҳаёти Сабоҳат Раҳимзодаро агар варақгардон намоем, ба лаҳзаҳои пур аз пешравиҳои ӯ дар кори давлатӣ ва ҷамъиятӣ шинос мешавем.
Дар кадом вазифаи масъули партиявӣ, советӣ, ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ заҳмат кашида бошад, ба он муваффақ шуда-аст, ки маҳорати модарзодии кордониаш раҳнамун гаштааст.
Ӯ ҳаёти хешро барои рушди соҳаи маорифи мамлакат, замони муовини вазири маориф буданаш, дар солҳои душвортарини соҳибистиқлолӣ, ки шуҷоат, ҳушёрӣ, сабру таҳаммул, дониши баланд ва азхудгузаштанҳоро талаб мекард, сарф кардааст. Дар ин давра Президент фаъолияти худро аз бомаърифаткунонии аҳолии кишвар оғоз намудаанд. Сабоҳат Раҳимзода яке аз он нафароне буд, ки барои дар амал тадбиқ кардани сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон чораҳои таъхирнопазир андешид. Махсусан дар самти таълим фаро гирифтани духтарони деҳот, ки ҳамчун квотаи Президентӣ машҳур аст, корҳои амиқро ба сомон расонид. Бо вуҷуди тағйиротҳои ҷомеа ӯ тавонист дар доираи масъулияти ба зимма дошта мақом ва ҷойгоҳи муаллимро дар низоми мактабдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳифз намояд.
Солҳои тӯлонии корӣ ӯро ба он муваффақ гардонид, ки корҳои илмиашро пешкаши хонанда гардонад. Зиёда аз 60 кори илмиаш дар шакли китоб, брошюра, мақолаҳо дунёи маънавии хонандаро маънидор гардонидааст. Монографияю навиштаҳояш бештар ба фаъолияту пешрав будани кори занони тоҷик бахшида шудааст. Дар он меҳнати бонувони меҳнатқарин васф гардидааст. Ба масъалаи гендерӣ, баробарии марду зан дар ҷомеа дар дастури “ Гендер дар ҷанбаи иқтисодӣ” мавқеи худро ёфтааст ва муаллиф муваффақ шудааст, ки роҳҳои пеш-рафти занонро ба таври илмӣ ҳал намояд.
Мавқеи зан дар ҷомеа яке аз масъалаи ҳалталаби рӯз гардидааст. Барои ҳалли ин масъала Сабоҳат Раҳимзода камари ҳиммат бастааст. Ӯ дар як даври пурэҳсоси замон, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии соли 1992, гурӯҳи бонувон бо унвони “Кадбону”-ро ташкил кард ва сарварии онро худ ба уҳда гирифт. То соли 1999 ин гурӯҳ ба гурезагони ҷанги шаҳрвандӣ дасти кумак дароз намуд. Онҳо бо хӯрока ва ҷойи зист таъмин карда шуданд, ба бархе аз занон донишу касб омӯзонид. Соли 1999 ин гурӯҳ унвони “Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор” “Кадбону”-ро соҳиб гашт ва то ба имрӯз Сабоҳат Раҳимзода раиси ин Ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад. Ҳазорон занон ба кори соҳибкорӣ ҷалб карда шудаанд ва онҳо мақоми худро дар ҷамъият муайян намудаанд. Китоби “Сабоҳи Сабоҳат” бо забони равони хонданбоб навишта шудааст.
35 нафар, аз он ҷумла 19 нафар занони роҳбару пешқадами Тоҷикистон ва 2 нафар занони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз кору фаъолият ва ташаббускориҳои ходими давлатӣ ва олима сухан рондаанд. Онҳо ба унвони муаллима суханони шоистаро, ки ӯ сазовор аст, гуфтаанд. Дар 35 маводи китоб сухан аз давраи кӯдакӣ, наврасӣ, ҷавонӣ ва қадам ниҳодану камар бастан ба корҳои роҳбарикунандаи давлатӣ таҷассум ёфтааст. Шоири халқи Тоҷикистон Гулрухсор дар васфи олима, шахси шинохтаи ҷамъият чунин суханони пурқиммат ва пур аз саодатро гуфтааст:- “Ба дӯсти айёми ҷавонӣ, бағаму бекамиву бардамиам, алқисса, ба ҳамсафи ҳамешаҷавони комсомолиам...
Ало, гулпарвари дилпарвар андар гулшани обод,
Сабоҳи рӯзгори гулнисорат офтобӣ буд!!!
Ин суханонро дар рӯзи 80-солагии Сабоҳат Раҳимзода, 25 майи соли 2024 гуфта буданд.
Китоби нави Сабоҳат ба таври офсет ва дар коғази аълосифат ба нашр расида, пешкаши хонанда гардидааст. Дар китоб 854 адад расмҳо ҷой дода, ранга чоп шудааст. Дар расмҳо муаллиф ба аҳли оила, падару модар, хешу ақрабо, дӯстон, дугонаҳо, ҳамкорон, меҳмонони хориҷӣ акс ёфтаанд.
Кас ба расмҳо нигариста, чеҳраи пур аз табассум, нигоҳи оқилона, меҳрубононаи Сабоҳат Раҳимзодаро ҳис менамояд. Ин чеҳраи ҷаззобро бисёриҳо мешиносанд ва медонанд, чунки ӯ дар қалбаш хоксорӣ ва одамдӯстиро ташаккул додааст, ба оянда бо нияти нек назар меандозад.
Китоби “Сабоҳи Сабоҳат” давоми мантиқии китоби “Бо муҳаббат зистаам”(Душанбе, 2007) мебошад. Му-аллиф дар охирсухани китоби наваш ба хонанда муроҷиат намуда мегӯяд: “Бори дигар такрор мекунам аз умри рафта, аз корҳое, ки танҳо ба хотири ободии кишвар сарф шудааст пушаймон нестам.” Бале, Сабоҳат пушаймон шуда наметавонад, чунки тамоми солҳои дар кор сипарӣ кардааш сарфи ободӣ, пешравии ҷамъият мебошад ва ӯ ҳақ дорад, ифтихор намояд, як рӯз ва як соли заҳматҳои кашидааш беҳуда нарафтааст. Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар дар си-тоиши Сабоҳат чунин мисраҳоро нигоштааст, ки қадру қимати заҳматҳои кашидаи ӯро дучанд мегардонад:
...Ту озодӣ, аз ин рӯ худ бари худ,
Вазир астиву шоҳ астӣ, Сабоҳат.
Туро мансаб ба ҷуз одамгарӣ нест,
На дар савдои ҷоҳ астӣ Сабоҳат...
Хонандаи закитабъ баъди шиносоӣ бо маводҳои китоб ба хулосае меояд, ки муаллиф зиндагиашро беҳуда нагузаронида, балки барои имрӯз ва оянда хизмати босазою арзанда намудааст.
Ба ин бонуи маърифатпарвару ташаббускор, намунаи ибрат ба бонувон, тарғибгари фаъоли сиёсати созандаи Пешвои миллат, олими барҷаста, номзади илмҳои таърих Сабоҳат Раҳимзода умри дарози пурбаракат, рӯзҳои шодию хурсандиовар ва бо камари мустаҳкам бастааш ҳамеша дар хизимати халқу Ватан бошад.
Зайнулобиддин ҲУСЕйНОВ,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон, ноҳияи Ёвон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...