Рӯзномаи Хатлон » Хатлон - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ


Хатлон - дорои мавзеъҳои бойи сайёҳӣ




Ноҳияи Ховалинг

Дар  ноҳияи  Ховалинг  мавзеъҳои  зиёди таърихӣ,  фарҳангӣ  ва  табиӣ  мавҷуд  аст,  ки диққати  ҳар  як  сайёҳро  ба  худ  чалб  менамояд.  Ҳусни  манзараву  боғистонҳо,  чашмасорон, шукӯҳи  Ҷилчанор,  мамнуъгоҳи  Ҳазрати  Сул-тон  Увайси  Қаранӣ,  Хоҷа  Аюби  Ансорӣ,  Авлиёи  Зелолак,  мавзеи  чашмаи  Қазаған,  чашмаи 

Сурхсақова  (мавзее,  ки  Қаҳрамони  халқи  тоҷик – Восеъ гулхан афрӯхта, мардумро алайҳи зулму бераҳмии  Манғитиён  ба  шӯриш  даъват  намудааст),  чашмаи  Зардпарвин,  Санги  рама,  чашмаи Шӯр,  Крушак,  Замбӯрак,  Чӯрак,  чашмаи  Ҳикмат, Мағфират,  Раҳмат,  Мурод,  Шифо,  ки  ба  чандин дардҳо  давоанд,  манзараҳои  нотакрору  дилфиреби  Дашти  Мешу  Уштурчар,  ёдгориҳои  таъри-хию  фарҳангӣ  -  зодгоҳи  Восеи  каҳрамон-Дараи Мухтор,  бошишгоҳҳои  одамони  асри  санг  дар деҳаҳои Кӯлдара, Хонақои Севодара, ёдгориҳои бостонии шаҳри Мунк, маъбади Буддои деҳаи Чепол (Чепивол), Қалъаи Бегим, мамнуъгохи таъри-хию фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ ба ҳар як бинанда таассуроти амиқ мебахшад.

Сарзамини  бостонии  Ховалинг  бо  табиати  зебо, мавзеъҳои фарҳангӣ ва муқаддаси таърихии худ муддати тӯлонӣ дили ҳар сайёҳро тасхир мекунад. Қисме аз  сайёҳон  ба  Ховалинг  барои  истироҳат,  нӯшидани оби  ширини  чашмаҳои  шаффофи  он  мераванд. 

Дар  ҳоле  ки  қисмати  дигар  барои  зиёрати  макони муқаддас мераванд. Яке аз чунин макони муқаддас, ки солҳои дароз ба макони махсуси зиёратгоҳ табдил ёфтааст, зиёратгоҳ ё мақбараи Султон Увайси Қаранӣ мебошад. 

Ривояти маҳаллӣ дар бораи зуҳури номи Ҳазрати Султон Уваси Қаранӣ дар Ховалинг ин аст, ки Ҳазрати Султон пеш аз маргаш ба халифа ва пайравонаш васият кардааст, ки тобути ӯро бар шутури сафед бор кунанд ва ҷасади ӯро дар ҳар ҷое ки шутур ба зону шинаду хоб кунад, бояд дар он ҷо дафн кунанд. Шутур дар ҳафт ҷой мехобад ва бедор мешавад ва он ҷойҳо ба макони муқаддас табдил мешаванд. Ниҳоят шутур дар ҷойи ҳозираи деҳаи Мазор меистад ва изи пой ва аз  ҷойи  даҳони  он  ҳайвон  чор  чашма  мебарояд.  Ин чашмаҳоро Шифо, Мурод, Раҳмат ва Ганҷ меноманд. 

(Давом дорад)

Комрон РаСУЛЗОДА,
унвонҷӯи кафедраи рӯзноманигории ддБ ба 
номи Носири Хусрав


Рӯзномаи "Хатлон" аз  26 июли соли 2024, №47 (3568)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода