Дар як сатр
» » Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

31-01-2015, 10:20

31-уми январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба Системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ аз рӯйи барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»-и Барномаи рушди СММ баргузор гардид.

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба барномаи «Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ»

Кори ҷаласаро Давлатхӯҷа Мирзоев, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят, ифтитоҳ намуда, гуфт, ки ҳадаф аз ин ҷамъомад таҳлили соҳаҳои хоҷагии халқ оид ба иқтисодиёт, озуқа, энергетика, саноат ва пешгирии офатҳои табиӣ дар вилоят мебошад.

Ба қавли коршиносони нишасти мазкур, сардии ҳаво ҳамасола дар фасли зимистон ба шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла Норак, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалик ба мушоҳида расида, моҳи январ-феврали соли ҷорӣ низ эҳтимолияти рух додани ҳодисаҳои табиӣ пешгӯӣ мешавад. Аз рӯйи маълумоти Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, рӯзи 8-уми январи соли равон дар мавзеи Тоқидараи ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак лағжиши замин (хоктӯда) ба вуқӯъ пайваст, ки ҳаҷми умумии хок 6500 м3 ташкил дода, пеши роҳи дараро баста, дар натиҷа тахминан 5000 м3 об ҷамъ шуда, кӯли сунъӣ ба амал омадааст. Дар ҳолати зиёд шудани ҳаҷми об дар кӯл аз ҳисоби боришоти зиёд хатари кандашавии кӯл ба миён омада, ба аҳолии деҳаи Дӯконии ҷамоати деҳоти Дӯконӣ расидани зиён аз эҳтимол дур нест.

Тибқи мушоҳидаи мутахассисони обу ҳавосанҷӣ, дар моҳи феврал ҳаво хеле сард омада, ҳаво дар қаламрави вилояти Хатлон то 10 дараҷа хунук ва боришоти зиёди барфу борон, махсусан дар доманакӯҳу баландкӯҳҳо дар назар аст. Ҳамчунин дар баландкӯҳу доманакӯҳҳо эҳтимоли фаромадани тарма ва ярч пешгӯӣ мешавад.

Хамчунин дар ин нишаст Абдулло Исматов, мутахассиси Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, бобати вазъи кунунии Системаи мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон маълумот дод.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ зикр гардид, ки моҳи феврал бо сабабҳои дастрас набудани оби софи нӯшиданӣ барои кӯдакони синни мактабӣ (олуда шудани оби рӯдҳо) ва дар ҳолати риоя накардани гигиенаи шахсӣ, мумкин аст авҷи бемориҳои дарунрав, бемории зардпарвин ба мушоҳида расад. Ҳамчунин эҳтимоли сар задани заҳролудшавӣ ҳангоми истифодаи консерваҳои худсоз, помидору бодиринг ва хӯрокҳои тезвайроншаванда дар шароити риоя накардани нигоҳубинии онҳо дар хона ҳангоми қатъи қувваи барқ, афзоиши бемориҳои шадиди роҳи нафас дар ҳолати пасту баландшавии ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии намнокӣ дар миён ҳаст.

Амонҷон МАҲКАМОВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология
Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёт дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расони ...

Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёт дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расони ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад

Огоҳкунии қаблӣ хатарро пешгирӣ мекунад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

«Барномаи рушди савдои вилояти Хатлон» таҳия мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо