Дар як сатр
» » Ҷашни сада оини ниёкон аст

Ҷашни сада оини ниёкон аст

5-02-2018, 19:22

Тантанаҳои иди Сада

Ҷашни сада оини ниёкон аст

Сада ҷашни ниёкони тоҷикон аст, ки аз гузаштагони мо ёдгор мондааст. Он таърихи тӯлонӣ дошта, ба қавли муаррихон 3000-5000 сол пеш аз ойини Зардуштӣ пайдо шудааст. Мувофиқи ривояти «Шоҳнома»-и  Абулқосим Фирдавсӣ Ҳушанг шоҳи пешдодиён ҷашни садаро асос гузоштааст.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

Басе буд чун ӯ дигар шаҳриёр.

Мувофиқи ин ривоят Ҳушанг ҳангоми шикор  сӯи море санг меандозад, санг ба санги дигаре бархӯрда, аз он оташ мебарояд ва ба ҳамин васила одамон оташ афрӯхта, ба он саҷда мекарданд. Сада то асри ХII ҷашн гирифта мешуд, вале баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он-гулхан афрӯхтан, дар гирди он  базм  оростан дар байни мардуми тоҷик боқӣ монда буд.

Боиси тазаккур аст, ки ин ҷашни ниёкони мо замони истиқлолияту давлатдории тоҷикон аз нав эҳё гардид. Дар ин бахш саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе калон аст. Бо пешниҳоди ин марди сарбаланду фарҳангпарвар ва эҳёгари суннатҳои миллӣ бисёре аз ҷашнҳои таърихӣ аз нав зинда гардиданд. Ҷашни Сада низ аз зумраи онҳост, ки мардуми тоҷик онро бо хушнудӣ истиқбол намуд.

Аз ҷумла, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва дастгирии мардуми шарифи он ин ҷашни таърихиро таҷлил намуданд. Базмгоҳ дар саройи Маркази тиҷоратии «Султони Кабир» муқаррар гардид. Субҳи барвақт дар ин ҷо аз кулли деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ мардум ҷамъ омаданд. Ҳар кадоме аз иштирокдорони базмгоҳ то тавонистанд маҳсули дасти худро ба намоишгоҳи ин базмгоҳ оварда, пешкаши назари тамошобинону харидорон гардонанд.

Ҷашни Сада  муждае аз  наздик омадани Наврӯз ва айёми киштукор, шинонидани дарахтони боровар аст. Ба ин хотир оғози намоишгоҳ низ аз кишоварзон шурӯъ гардид. Ниҳолпарварони хоҷагии ниҳолпарварии Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов  (роҳбараш Давлаталӣ Мирзоев) ва сокинони маҳаллаи Кӯчабоғ ниҳолони парваришнамудаи худ: себу зардолу, шафтолую олу, гелос, хурмо, бодом, биҳӣ, ангур ва ғайраро пешкаши мардум намуданд. Боғдорон ва шаҳрвандон барои хеш ниҳоли дархостии худро пайдо карда, харидорӣ менамуданд.

Дар ин радиф намоишгоҳро маҳсули дастони ҳунармандони халқӣ - чакандӯзию  сӯзаниҳо, адрасу атлас, хӯрокҳои миллӣ: атолаю қурутоб, нону кулчаҳои гуногуни кадбонуҳои ҳунарманди маҳаллаҳо, маҳсули дастони устоҳои дуредгар: косаю табақ, қошуқ, оштахта, гаҳвораю маводи зарурии он  оро медоданд.

Иштироки кӯдакони дӯст-рӯяки кӯдакистонҳои маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти Тугарак низ дар  ин ҷашнвора ҳусни дигаре зам менамуд. Духтаракони хандонрӯ сари суфраи орд нишаста, бо нишондоди мураббиҳояшон нону кулча омода мекарданд, қисми дигари духтаракону писаракон бо қироати шеър ва рақсу бозӣ машғул буданд, ки ба иштирокдорони  ҷашни Сада як ҷаҳон шодию нишот овард.

... Инак,  лаҳзае, ки мардум интизораш буданд, фаро расид. Ин афрӯхтани гулхан буд, ки яке аз рукнҳои асосии ҷашни Сада аст. Бо иштироки раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини аввали сардори Маркази стратегии назди дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров гулхани базмӣ ороста гардид. Оташи зарду сурхи гулхан сару рӯйи атрофиёнро  лолагун мекард. Алалхусус, рухсораҳои нозуки кӯдакони рақсандаро лоларангу зебо гардонида буд. Ва ин асно шеъри Бозор Собир «… Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ» пеши назар меомад, ки гӯё маҳз ба ҳамин лаҳза иншо гардида бошад. Марду зан шеъру тарона хонда, бо мусиқии дилошӯби худ дилҳоро ба ваҷд меоварданд.

Садои мусиқии санъаткорони идораи фарҳанги ноҳия мардумро назди худ мехонад. Ҳама бо хурсандӣ он ҷо ҷамъ меоянд. Ҳарчанд ки дар ин рӯзи хотирмон Худованд дари файзу баракатро кушода буду аз осмон файз-барф меборид, санъаткори шинохта Гулрӯ Сатторова суруди «Ашагулон»-ро бо маҳорати баланд мехонд:

Ашагулони ростина,

Як бор биҷунбон остина.

Ғаллаи сабзум хушк шуд,

Як бор бирезон борона.

Ин ба он хотир буд, ки тирамоҳу зимистони имсола хеле хушку гарм омад ва сабабгори пеш аз маҳал сабз гардидани ниҳолу дарахтон мегашт ва мардум боридани барфро дер боз интизорӣ доштанд, ҳатто ба хотири пешгирии сабзшавии дарахтон ба яхобмонии заминҳо машғул буданд. Хушбахтона, барф борид, ки онро мардум тараҳуми Худовандӣ ва файзу баракати имсола медонистанд.

Давоми ҳунарнамоии санъатварон раиси ноҳия М. Ғафурзода ва намояндаи Ҳукумати кишвар ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми ноҳияро ба ҷашни Сада табрик намуданд. Дар ин радиф аз тарафи раиси ноҳия пешоҳангони истеҳсолот, онҳое, ки дар пешрафту тараққиёти иқтисодии ноҳия саҳми арзанда доштанд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Тантанаи ҷашни Сада идома дошт ва бошад, ки он садсолаҳо идома ёбаду мардум базму тараб намуда, хушҳолӣ намоянд.

 

Н. САФАРЗОДА,

ноҳияи Восеъ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Сада муждаест аз омадани баҳор ва омодагиҳо ба киштукор

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Сада - ҷашни ниёгон

Сада - ҷашни ниёгон

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт