Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 078
Тайи солҳои охир забони ноби тоҷикии таърихи зиёда аз ҳазорсоладоштаи содаю оммафаҳм душворфаҳму мураккаб ва дағал гардидааст. Имрӯз ба фонди луғавии забонамон вожаҳои “нав”-и нолозим дохил шудаанд, ки ба ҳусни забон лакнат ворид мекунанд. Ба фикри мо, ин душворнависию душворфаҳмӣ аз якчанд омил иборат мебошад.
Омили аввал ва асосӣ беназоратии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бевосита барои ҳифзи покию беолоишии забон мутасаддист. Омили дигар, касе чи тавре хоҳад, ҳамон тавр менависад ва касеро ба ин коре нест. Солҳои пеш барои ба фонди луғавӣ дохил намудани баъзе ибораю вожа ё аломати китобӣ дар матбуоти даврӣ байни олимони забоншинос, омӯзгорон, коршиносони соҳа баҳсу мунозираҳои доманадор шуда, моҳҳо давом мекард, то ба як хулоса биёянд. Имрӯз ин кори хайр аз байн рафтааст.
Набояд фаромӯш кард, ки забони давлатӣ барои мо яке аз рукнҳои муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, тозаю озода нигоҳ доштани он ҳам фарзу ҳам қарзи виҷдонии ҳар як соҳибзабони имрӯза аст.
Чанде аз вожаҳои “навбаромад”-е, ки дар расонаҳои хабарӣ бештар истифода мешаванд, ин ҷо оварданашонро ба маврид медонем. Дар истифодаи ин намуди калимаҳо ҷонишинҳои ҷамъбандӣ такрор ёфтаанд:
Мулоқот (-ҳо), нуқсон(-ҳо), музофот (-ҳо), ахборот (-ҳо), табрикот (-ҳо), маълумот (-ҳо), муқаррарот (-ҳо), мавод (-ҳо) ва ғайра.
Ё ҷумлаю ибораҳои зер, ки дар он вожаҳои якхела так-рор шуда, ибораро нуқсонӣ намудаанд:
Киштии обӣ аз дур намоён шуд.
Пешаю касби хешро сайқал додан...
Барои рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ...Саҳми худро гузошт, қобилияти баланди худро нишон дод ва ғайра.
Вақтҳои охир бо хизмати “хирсона”-и идораҳои САҲШ ба чунин номҳо (исмҳо)-и “навбаромад”-и бисёре дучор меоем, ки кадом вожа номи (исми) шахс асту кадомаш куния, ёбу гир. Ба ин номҳо мутваҷҷеҳ бошед.
Усмонзода Муҳайё Темур, Мастура Саттор Ҷаббор, Худойдод Ҳасан Содиқ, Ализода Саттор Самеъ, Сайфуддин Нодир Ҳабибулло, Холмаҳмад Мавлон, Ғанӣ Муртазо Акрам, Шараф Ҳамроҳ Карим ва бисёр дигарҳо.
Дар ибораҳои зер низ камбудиҳо ба назар мерасанд. Масалан, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоати деҳоти ба номи фалонӣ. Ба пиндори мо, вожаи мақомот ин ҷо нодуруст ва беҷост, чунки он аз вожаи “мақом” ибтидо мегирад ва марбут ба соҳаи санъат аст. Яъне, ба “Шашмақом” ва “Дувоздаҳ мақом” на ба номи муассиса. Ба ҷойи “Ҷамоати деҳоти” вожаи “ҷамоат” гуфтан кифоя аст. Ин гуфтаҳо ба ибораҳои муассисаи давлатии “Коллеҷи омӯзгорӣ”, муассисаи давлатии “Мактаби президентӣ” ва дигарҳо низ дахл дорад. Дар ин ибораҳо дар қисми дуюмашон номи онҳо маълум аст. Ё вожаҳои «толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ», ё «толори театри калон». Дар ҳар ду ибора калимаи “толор” зиёдатист.
Бинобар ин, ба мо лозим аст, ки оид ба тозабаёнию мухтасарнависӣ аз рафиқони рус ибрат гирем ва дар оянда ба муғлақнависию дарозбаёнӣ дар гуфту навиштамон хотима бахшем.
Шарифҷон РАҲИМЗОДА,
собиқадори маориф, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Аз идора: Дар ин бора фикри хонандагони гиромиро мунтазирем, чунки оид ба покию содагӣ ва тозагии забони ноби тоҷикӣ гуфтаниҳо бисёранд ва саъю кӯшиши ҳамагонро тақозо менамояд.