Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Фиребгари моҳир


Фиребгари моҳир




Ҳаво  сарду  барфист. Бо асаби хаста аз кор ба хона  баргашта  истодаам. Бар меъдаи холиву ҷайби холӣ сардии ҳаво бештар таъсир  мерасонад.  Ғайр аз  ин,  аз  муомилаву  муносибати  пешхизмати ошхонае,  ки  мехостам  он  ҷо   дами  гарме тановул кунам, хело асабӣ будам. Чун ман “обро дида мӯза каш, ҳаворо дида ғӯза каш”, гӯён мувофиқи вазъу ҳоли ҷайбам ним коса шӯрбо дархост кардаму пешхизмат:

-Шумо  нишаста  истед,  ҳозир хизматрасонӣ мекунанд, - гуфта, дилро гарм карда рафт. Бо ҳамин дигар на аз худаш ха-бар шуду на аз шӯрбо ва на аз хизматрасонӣ... 

Ва танҳо баъди он, ки ба торҳои тарангшу-даи меъдаам фиш-фишкунон нохунзаниҳои дигар мизоҷони ошхонаро таҳаммул накар-да, дубора муроҷиат кардам, гуфтанд:

-Узр, шӯрбо тамом шуда будааст. 

Дигар  зери  лаб  чӣ  гуфтаму  дандонҳои бечора чӣ шуниданд, худам ҳам намедонам. Аз  он  ҷо  берун  шудаму «гуруснагӣ дари заковатро мекушояд»,  гӯён  худро тасаллӣ  дода,  рӯзро  ба сар кардам. Баъди анҷоми кор роҳ сӯи хона пеш мегирифтам, ки ногаҳон садои смс-паёмаки  телефонам ба  гӯш  расид.  Коҳилона  онро  боз  кардаму ғайриихтиёр  шуълаи  чашмонам  барқ  зад. 

Охир ин ҳамон смс-паёмаки ҷонфизои “5151” буд.  Самти  роҳро  иваз  карда,  бо  хушҳолӣ сӯи  банкомат  раҳсипор  шудам,  то  қусури асабонияту  гуруснагии  имрӯзаро  барорам. 

Баробари кортро ба банкомат дохил кардан бо  забони  ширину  шевое  пешниҳод  кард, ки бо кадом забон амалиётро анҷом додан мехоҳед, яъне тоҷикӣ ё русиву англисӣ. Аз чунин тарзи муносибати замонавию муосир доштани банкомат, ки қабл аз ҳама хоҳиши мизоҷро ба назар мегирад, беҳад шод шуда, бо ифтихор тугмачаи “тоҷикӣ”-ро пахш кардам.  Баъди  ин  бо  забони  ноби  тоҷикӣ  боз хоҳиш  намуд:  “Лутфан  рамзи  худро  ворид намоед”.

Ана инро ахлоқ мегӯянд. Пулро ман мегирам,  аммо  бо  хушзабониву  лутф  хоҳиш кардани инро бинед-а, гуфтам ба худ болида ва рамзро ворид кардам. Акнун расидем ба  марҳалаи  ҳассосу  гуворо- “гирифтани нақдина”. Тугмаро пахш кардаму боз қурбони ахлоқу  лутфу  марҳамату   ҷаҳонбинии  ин “рафиқи хеш” шудам. Чун ӯ аз банда мепурсид,  ки  бо  кадом  асъор  маблағи  худро  ги-рифтан мехоҳам: бо сомонӣ ё доллар? 

Барои Мо - омӯзгорон кор бо ҳамин сомонии худамон кофист, гӯён тугмаро пахш кардаму суоли лутфомези дигар пешниҳодам гардид:

“Бо  асъори  калон  маблағро  гирифтан мехоҳед  ё  хурд?”.  Азбаски  маблағи  маоши мо  одатан  қурбони  майдачуйдаҳои  рӯзгор мешавад, тугмаи “бо асъори хурд”-ро пахш кардаму  каф  ба  каф  соида,  мунтазири  бо табассум  даҳон  кушода  маблағро  додани рафиқи  хушзабонам  шудам.  Аммо  ин дам  оби  хунуке  ба  сарам  рехту  сардии ҳавою  садои  табли  меъдаро  даҳчанд кард.  Чунки  боз  бо  ҳамон  забони  хушу шевову  ширин  мегуфт:  “БУБАХШЕД, АЙНИ  ЗАМОН  ПАРДОХТИ  МАБЛАҒ ҒАЙРИИМКОН АСТ!”.

Эй вой, гуфтаму мехостам муште ба сари ин фиребгари моҳир кӯбам, ки чаро ин қадар бо чарбзабонӣ беҳуда саргармам кард ва аз аввал инро нагуфт, аммо боз сирати омӯзгорӣ ғалаба карду муштро ба ҷайби холӣ задам ва қаҳрамро бо илҳоме бадал кардам:
Ин қадар ту хушзабонӣ банкомат,
Дар забонат нест як ҳарфи ғалат.
Ҳарфбозӣ мекунӣ ҷойи амал,
Ё ту ҳам омӯхтӣ аз мо ин сифат?
Кош ба ҷойи ин ҳама лутфу фиреб,
Дирҳаме медодӣ бар оши палав.
Рав, ки аз найрангу афсуни ту ҳам
Қалбу ҷайби холиам сӯхт дар алав.


Занбӯр

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода