Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Журналисти ҳақиқатнигор шудан мехоҳам


Журналисти ҳақиқатнигор шудан мехоҳам




Воқеан  ҳам  барои муваффақ  шудан  дар  ҷодаи интихобнамуда  заҳматҳои зиёд  кашидан  лозим  аст. Ман  ҳам  мехоҳам  ва  талош  дорам,  ки  бо  заҳмату устуворӣ   орзуи  овони кӯдакиамро  амалӣ   гардонам.   Ва  пеши  худ  барои қадам бардоштан дар ҷодаи муваффақияти  касбие,  ки орзуи  ҳамешагиашро  доштам, мақсад гузоштам. 

Дар  синфи  11  таҳсил  мекардам. Тақрибан охирҳои моҳи январ буд,  ки   роҳнамои   довталабони макотиби олиро ба муассисаамон оварданд. Он рӯз ва он лаҳза хело ҳам хотирмон буд барои ман, зеро мехостам  ҳарчи  зудтар  китобчаи довталабро ба даст гирам. Санаи 28  январ,  билохира,  он   ба  дасти ман  расид   ва   ман   худи  ҳамон лаҳзае, ки онро боз кардам, аллакай   касбамро  интихоб  намудам  ва  аз  пайи  тайёрӣ  дидан   ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ шудам.  Ҳар  як  лаҳзаро  ғанимат дониста,  аз  пайи  омӯзиш  мешудам. Санаи 3-юми июл, ниҳоят он лаҳза  фаро  расид,  ки  ман  ба  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Бохтар барои супоридани  имтиҳони  марказонидашуда   омадам.  Дар  он  лаҳзаҳо вуҷуди маро ҳаяҷон фаро гирифта  буд,  ки  мабодо  ягон  суолро беҷавоб намонам. Имтиҳонро хуб супоридаму баъд аз як моҳ паёмаки  марказ  дар  телефонам  омад. 

Вақте  ки  ман  паёмакро  хондам, аз  хурсандӣ,  ба  қавле  дар  осмони ҳафтум парвоз кардам. Дар он чунин  навишта  шуда  буд:  "Шумо аз  рӯйи  интихоби  дуюматон  роҳ ёфтед"  (ба Донишгоҳи  давлатии Бохтар  ба  номи  Носири  Хусрав). Он  лаҳза  буд,  ки  ман  бори  аввал ба  Донишгоҳи  давлатии  Бохтар омадаму ҳуҷҷатҳоямро супоридам ва ин макон дар чашмам ончунон зебо  менамуд,  ки  гӯё   мислаш  то ҳол дар ҳеҷ куҷо надида будам. 

Аввалин  рӯзи  дарсӣ   буд.  Ба факултети  филологияи  тоҷик  ворид  шудам.  Аввалин  дарс,  авва-лин вохӯрӣ бо ҳамкурсонам. То ҳол он авалин рӯзи ба синфхона ворид шуданам ба хотирам ҳаст. 

Ҳамин тавр, се соли таҳсил дар донишгоҳ  чунон  зуд  сипарӣ  шуд, ки нафаҳмида мондам. Гӯё худи дирӯз буд, ки ман дар курси якум таҳсил  мекардам.  Ҳоло  бошад, донишҷӯи хатмкунандаам. 

Маҳз панду насиҳату дарсҳои устодонам буд, ки тӯли ин чор соли таҳсил  ба  қадри  бардошту  имкон аз  нозукиҳои  касби  журналистӣ бархӯрдор  гаштам.  Дар  оянда мехоҳам  дар  ин  ҷода  муваффақ бошаму  ҳамчун  як  журналисти муваффақ  ва  ҳақиқатнигор   кору фаъолият  намуда,  дар  хизмати ҷомеаву давлати худ бошам. 

Сарвиноз ҲАЙДАРОВА, 
коромӯзи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода