Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Зимистонгузаронӣ мактабест барои мардум


Зимистонгузаронӣ мактабест барои мардум




Баробари  фаро  расидани  фасли  поиз  ташвиши  мардум  меафзояд.  Зеро  зимистон  моро имтиҳон  мекунад:  оё  бароигузаронидани  мавсими  сардӣ  омодаем?  Маводи  озуқаворию сӯзишворӣ  захира  намудаем?  Дар  мавзӯи имрӯза - “маърифати  зимистонгузаронӣ”  ба  ин  суолҳо посух дарёфта, аз таҷрибаи калонсолон-собиқадорони рӯзгор бархӯрдор хоҳем шуд.

Таҷрибаи насли калонсолро бояд омӯхт

Мақоли мардумӣ вобаста ба фасли сардӣ ҳушдор месозад: “Обро дида мӯза каш, ҳаворо дида ғӯза каш” ва “Ғами зимистонро дар тобистон бояд хӯрд”. Насли калонсоли даврони Шуравӣ чунин ҳам мекарданд.

Дар ин солҳо аз ибтидои фасли зимистон барфи зиёд меборид. Замин барфпӯш мешуд. Шояд: “барф-кӯрпаи замин”  гуфтани  мардум  ба  ҳамин  хотир  бошад.  Барф  хушк буду онро дар панҷа ҷамъ оварда намешуд, он ба якдигар намечаспид. Болои чунин барф қадам задан як кайфияте дошт.  Барфи  зери  пой  садои  ғижакро  мебаровард.  Тавре мушоҳида кардаем, солҳои охир зимистон хушку сард меояд. Ҳатто барф намеборад. Агар тасодуфан барф борида монад, он заминро андак мепӯшонаду он тар, яъне намнок аст ва боиси хуруҷи бемориҳои зуком, диққи нафас, дарди миёну пой (ревмантизм) мегардад.

Мардум  барои  ҳезум  дар  гирду  атрофи  замини наздиҳавлигӣ  дарахтони  беду  қарағай  мешинониданд.  Ин дарахтон зуд бузургу сершоху навда шуда, аз онҳо ҳезум омода мекарданд. Ҳамчунин аз туқайзорҳо дарахтони хушкидаи  ҷигдаи  бешагӣ  патаю  газ  ғундошта,  ҳезум  захира менамуданд. Занону кӯдакон низ саҳми худро дар захираи маводи сӯхт мегузоштанд. Онҳо аз дашту чарогоҳҳои кӯҳӣ саргини чорво ҷамъ меоварданд.

Дар рӯзҳои аввали зимистон барои тасфонидани танур, деги хӯрокпазӣ, обҷӯшонӣ шохчаҳои дарахт варастаниҳои патаю  газ,  ки  дар  соҳили  дарёҳо  ва  пастиҳои  сернам мерӯиданд, истифода мекарданд. Онҳо оташи баланд доштанд, вале лахча намекарданд.

Дар ними моҳи аввали зимистон, ки ҳаво сард мешуд, тану  шохаҳои  ғафшудаи  дарахтро  истифода  мекарданд. 

Онҳо дер сӯхтаю оташи тӯлонӣ доштанд ва лахча низ мекарданд. Дар ҳар як оила барои гармшавӣ сандалӣ гузошта мешуд. Лахчаи дарахт, махсусан дарахти зардолуро ба зери сандалӣ монда, болои онро бо кӯрпаҳои ғафси болопӯшӣ маҳкам  менамуданд.  Аҳли  оила  гирди  сандалӣ  нишаста, пойҳои  худро  дохили  он  мегузоштанд.  То  вақти  хоб  гир-ди  сандалӣ  латифаю  афсонагӯӣ,  чистонёбӣ,  китобхонию суҳбати оилавӣ авҷ мегирифт.

Кӯдакони  оила  аз  солрафтаҳо  мепурсиданд,  ки  пойро гарм мекунанду оё сарро сардӣ таъсир намерасонад? Падару бобоён посух медоданд: “Пой дар сандалӣ гарму сар зери барф мемонад. Муҳимаш пой ҳамеша дар гармӣ бошад, сар ҳеҷ гоҳ хунук намехӯрад”. Яъне, ин ба он маънӣ, ки пойро эҳтиёт кунӣ, тан сиҳату саломат аст.

Ҳамагон медонем, ки аҳли оила ҳангоми ба ҳуҷра ворид шудан дари хонаро зуд-зуд кушодаю мепӯшиданд. Баъзан он кушода мемонад. Ин ҳолат дар мавсими сардӣ зуд ҳис мешавад. Зеро ҳавои сард ҳатто аз сӯрохии кӯчак низ даромада, хонаро сард мегардонад. Калонсолон фарзандонро насиҳат карда мегӯянд: “Дари ҳуҷраро тавре кушо, ки худат дароӣ. Онро калон накушо, то гарми сарф шавад”.

Таҷрибаи дигари калонсолон ин аст, ки онҳо дар тирамоҳ ангишт захира мекарданд. Дар як гӯшаи ҳавлӣ чоҳи калон кофта ба он ангишт мерехтанд. Болои он об мерехта, болои чаҳро мепӯшониданд. Бо ин усул чангу хок ва бӯйи ғализи ангиштсанг нест мешуд ва дар замистон бо он хонаро гарм менамуданд.

Дар  ин  росто  як  таҷрибаи  дигареро  ёдовар  мешавам. Дар аҳди Шуравӣ (солҳо 60-ум) дар деҳотҷойҳо барқ набуд. Деҳотиён хонаро бо чароғҳои плитадор (карасинӣ) рӯшан мекарданд. Дар замистон аз печҳои лоин истифода мешуд. Барои сохтани чунин печҳо, ки ҳам гармӣ медоду ҳам кати хоби кӯдаконро мемонд, устоҳои махсус буд.

Дар маҳаллаи мо Абдурасул ном устои печсоз буд. Онро бо усули махсуси меъморӣ месохт. Девори печ дар кунҷи дохили ҳуҷра бардошта мешуд. Он шакли аҷибро доро буд. 

Дар поёни он катакчаи ҳезумгузорӣ сохта мешуд. Сипас, оташдонро ҷой мекард. Болотар суфача барои гармшавӣ ва хоби кӯдаконро месохт. Оташ аз поён то болои печро гармӣ медод. Дудбарои он низ ғайриодӣ буд. Роҳи дудбарои печ дар печу гардишҳои мори печонмонанд дошт. Ин усул гармиро дар дохили печ нигоҳ дошта, танҳо дуд ба берун меба-ромад. Ҳамзамон ҳезум сарфа мешуд.

Дар авҷи сардӣ навбат ба кундакафонӣ мерасид. Решаи бузурги дарахтро маҳз барои гарм кардани хона захира менамуданд. Тари ҳашари дастаҷамъӣ кундаҳоро ба андозаи ғунҷоиши печҳо пора-пора мекарданд. Он то дергоҳ сӯхта, лахчаи зиёд дошт.

Офтоби  зимистон  ғанимат  аст.  Дар  рӯзҳои  офтобӣ, ҳарчанд  сардӣ  боқӣ  мемонд,  кӯдакон  барои  гарм  шудани  бадан  ва  хуш  гузаштани  зимистон  ба  бозиҳои  гуногун: буҷулбозӣ, ланкабозӣ, чормағзбозӣ, дангалбозӣ, пешкунак, гуштингирӣ машғул мешуданд. Ин усулҳои гармшавӣ низ ба зимистонгузаронӣ омода будан аст.

Омодагӣ  ба  зимистонгузаронӣ  натанҳо  аз  захираи хӯрокворию сӯзишворӣ иборат аст, балки омода намудани пӯшоки зимистона низ дар ин қатор аст. Мардум аз яхдону  ҷевон  бастаҳои  пӯшоки  зимистонаро  берун  мекунанд. Мӯйсафедон чакману ҷома, маҳсию калуши гӯшбаланд ва мукӣ мепӯшанд. Масалан чакан дар боронӣ обро намегузаронад ва баданро гарм нигоҳ медорад. Нафаре аз либоси куҳна пӯшидан шарм намедошт. 

Боре  мӯйсафеде  дар  фасли  сардӣ  ҷавонеро,  ки  дар пой туфлӣ ва дар тан куртаи тунук, шиму костюми баҳорӣ дошт ва ба мактаб мерафт, дида ӯро боздошт. Ҳазломез ба ҷавон фаҳмонд: “Пирам, зимистон аст, ба умеди олуфтагӣ хунук мезанад. Эҳтиёт кун, сармо фасли истиляккуш аст. Аз ин рӯ, ин либосҳои навро эҳтиёт карда, дар баҳорон пӯш. 

Либосҳои зимистонаатро, ҳарчанд куҳна шуда бошанд ҳам, пӯшида,  худатро  гарм  нигоҳ  дор.  Беҳуда  нагуфтаанд,  ки “навро куҳна нигоҳ медорад”. Либоси нав гирифтам гуфта, куҳнаро напарто”...

ШИКАМ СЕРбОШАД, ТАН САЛОМАТ МЕМОНАД

Марудуми  мо  аз  азал  сарфакору  захирагаранд.  Ин масъулият  махсусан  дар  фасли  зимистон  мушоҳида  мешавад.  Онҳо  дар  фасли  тобистону   тирамоҳ,  ки  мавсими ҳосилғундорӣ  мебошад,  ба  зимистон  омодагӣ  мебинанд. Бештар маводҳои ғизоӣ ва сӯхт захира менамоянд...

Дар оила зану мард вазифаи худро доранд. Масалан, мард коргар аст, оиларо бо ғизо таъмин мекунад. Зан бошад, онро сарфакорона истифода бурда, оиларо пеш мебарад.  Агар  зан  сарфакор  набошад  зиндагӣ  душвор  мегузарад. Ҳамин аст, ки мегӯянд: “Зан девори оиларо сохт, пойдевораш мард мебошад”. 

...  Баъди  чанд  соли  ҷанги  шаҳрвандӣ  бо  таклифи ҳамсояамон  Шерафган  (омӯзгор)  чанд  нафар  ба  ноҳияи Муъминобод ба хонаи падарии ӯ рафтем. Модари Шерафган моро хуш истиқбол гирифт. Зимистон буд. Меҳмонхонаро гарм карда, дастурхон густурданд. Ҳанӯз нафаси меҳмонон рост  нашуда,  дастурхон  аз  нону  кулчаю  чаппотӣ,  мевагию ширинӣ ва қаймоқу ҷурғот пур шуд. Ин нозу неъматҳо маҳсули  замину  меҳнати  ҳалоли  мардуми  кӯҳистон  буд. Муддате  пас,  ба  қавле  хӯрокҳои  саридастӣ-гӯшти  бирёну қайла оварданд. Суҳбат сари дастурхон тасфид...

Шикам  серу  тан  гарм  шуд  ва  куфти  роҳ  низ  баромад. Бо мақсади тамошои манзараҳои ин диёри кӯҳистонӣ рӯйи ҳавлӣ баромадем. Дар аловхона хӯроки маъмули фасли зимистон-далда дар деги калон меҷӯшид. Мо худро ноҳинҷор ҳис  карда,  ба  Шерафган  гуфтем:  “Барои  мо  шуда  беҳуда чорво куштед”.

Нафаҳмидам, чаро ин тавр фикр мекунед?-пурсид ӯ. 

-Далда бе шикамбаю сағали чорво намешавад-ку?! Шерафган чизе нагуфта модарро назди мо хонд ва ба ӯ малолии хотири моро фаҳмонд. Кампир хандиду моро сари дег бурд.

-Фарзандонам,  чорворо  ҳанӯз  дар  тирамоҳ  сар  зада будем.  Гӯшташро  дар  бидон  (қайлаву  шикамбаашро хушк  кардем.  Акнун  дар  фасли  зимистон  аз  гӯшт  танқисӣ надорем,-фаҳмонд модар ва баъди сукуте афзуд,-шуморо ба “саёҳат”-и хазинаам (анбор дар назар аст) таклиф мекунам.

Анбори модар пур аз захираи маводи хӯрданӣ буд. Дар як гӯша, дар торҳо шикамбаи чорво ба андозаи кафи даст ба шакли ҳамел хушконида шуда. Бо ин усул анҷиру помидору себ ва дилаи харбуза низ тайёр карда шудааст. Дар катаку  халтаҳо  тут,  зардолую  олучақоқро  нигоҳ  дошта,  аз онҳо компот тайёр мекунанд. Дар банкаҳои гуногунҳаҷм мураббою хӯришҳо аз карам, помидор, бодиринг, сабзии резакарда, нахуд, компот аз зардолу, олуча, себ, шафтолу тар-буз тайёр кардаанд. Аз дилаи тарбуз бошад ширинӣ омода сохтаанд, ки ба чанд дард давою хушхӯр мебошад. Инчунин аз ин ширинӣ кулчаҳавло тайёр шудааст. Ин ҳамаро дида, ба ҳунари модар аҳсант хондем.

Ба ин кор бештар кӯҳистониҳо машғул мешаванд. Дарк намудем, ки имрӯз дар ҳар як оилаи деҳотию кӯҳистонӣ, ба миқдори  зарурӣ  ғалладона,  нахӯду  лӯбиё,  мошу  биринҷ, сабзавоту  меваҷот  барои  зимистонгузаронӣ  захира  карда шудааст. Ин захира дар чор фасли сол ва ҳамарӯза истифода мешавад.

Масалан, дар як гӯшаи ҳавлӣ чоҳҳо кофта, дар он сабзӣ, картошка нигоҳ медоштанд. Онҳоро дар зимистону аввали баҳор истифода мекарданд. Пиёзро бошад, то ҳосили нав, яъне тирамоҳ сарфакорона истифода мебурданд. Зеро дар ин муддат пиёз, ки сабзавоти дерпазак аст, дар бозор камчин мешавад ва нархаш боло меравад. Сабзию картошка бошад, аллакай дар баҳорон ҳосил медиҳанд. Чизи дигар. 

Аз  суҳбат  бо  калонсолон  ва  боғдорон  оид  ба  истифодаи мева  низ  маълумоти  зиёд  гирифтем.  Мардум  мева,  махсусан  себро  низ  барои  истеъмол  ва  ҳам  ба  фурӯш  баро-вардан захира мекунанд. Себи барвақтӣ, яъне пешпазакро дар навбати аввал истифода менамоянд. Зеро онро тӯлонӣ нигоҳ дошта намешавад, зуд тамъ ва сифаташро гум мекунад. Себи дерпаз (тирамоҳӣ) умри дароз дораду бештар ба хотири ба бозор баровардан дар ҷойҳои махсус, коғазпеч нигоҳ медоранд.

Барои захираи ғалладонагӣ низ усулҳои зиёд вуҷуд до-рад. Аз ҷумла тунурҳои махсуси ғунҷоишашон то 500 килограммаро сохта, гандумро дар онҳо ҷой мекунанд. Фоида-нокии ин усул дар он аст, ки калламушҳои “дузд” гандумро ба  яғмо  бурда  наметавонанд.  Бисёр  вақт  гандумро  дар халтаҳо  ҷой  мекунанд.  Калламушҳо  онҳоро  сӯрох  карда, гандумро ба хонаи худ мебаранд. Аз ин рӯ, занҳои хонадон ин сӯрохиҳоро зуд ямоқ карда, “дузд”- ҳоро бенасиб мемонанд...

«ХАТЛОН» ХУНУК НАХӮРЕД!


Хонандаи гиромӣ! Тавре ки аз таҷрибаи насли калонсол бармеояд,  захираи  зиёди  маводи  хӯрокворию  сӯзишворӣ моро аз сардиҳои зимистон ба осонӣ мебарорад. Пас, шумо барои зимистонгузаронӣ омодаед? Барои ин маводи ғизоӣ ва  сӯзишворӣ  захира  кардаед?  Агар  ҳа,  офаринатон  бод! 

Зимистон, албатта, хуш мегузарад...

С. АттоР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода