Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Духтар ҳам фарзанд аст


Духтар ҳам фарзанд аст




Ана, боз як духтари дигар ба дунё омад – гуфтани момодоя дар қалби Файзиддин алангаи оташи ноумедиро барандохт. Ӯ ба хона даромада, ҷомаашро ба китфаш партофта хомӯшона баромад ва дигар ба назди фарзандонаш барнагашт.

Файзиддин деҳа ба деҳа гашта дар масҷидҳо  хоб  мекард.  Аз  ҳеҷ  кас  чизе намепурсиду  ба  ҳеҷ  кас  сухан  ҳам  намекард. Агар ягон одам аз ӯ кунҷковона аз кадом маҳалла будану чӣ ном доштанашро  фаҳмидан  мехост,  ӯ  худро ба  нодонию  гумроҳӣ  мезад.  Аз  гуфтори  парешону  канда-кандааш  шахси суҳбаткунанда ё пурсанда ҳис менамуд, ки ӯ камақл ё дар ягон садама  зарбаи сахт  хӯрда,  ҳушу  хаёлаш  аз  сар  паридааст. Аммо хурсандии холаи Савзагул бошад,  аз  таваллуд  шудани  шашумин духтараш  ҳадду  канор  надошт.  Духтар ҳам фарзанд ва ҳам қаноти модар аст. 

«Калон шавад, хонда соҳибкасб мегардад ва манфиаташ ба падару модар ва аҳли хонавода мерасад», - мегуфт худ ба  худ.  Ӯ  миёнашро  маҳкам  басту  ба кори саҳро баромад. Бо ёрии духтаронаш ҳам кори саҳро намуд ва ҳам дар болои сараш алаф оварда, гову гӯсола нигоҳубин  мекард.  Бо  чандин  азобу машаққат  ва  мушкилиҳои  сахт  таъминоти хонаводаро пеш бурд. Ӯ медонист, ки  бо  сабаби  духтар  таваллуд  кардан, шавҳараш аз хона рафтааст. 

Аммо холаи Савзагул ин сирро дар дилаш нигоҳ медошт, ҳатто ба духтаронаш низ дар ин бора даҳон намекушод. 

Духтарон  аз  якбора  бедарак  гаштани падар  ғамгин  шуда,  худро  ба  домони модар партофтанд. Ҳар сухану супорише, ки аз забони модар мебаромад, духтарон онро зуд ба анҷом мерасониданд. 

Холаи Савзагул зани ҳамакора буду ӯ  ҳунарҳои  дӯзандагию  пазандагию наққошӣ  ҳам  дошт.  Кӯрпаву  кӯрпачаву болишти арӯсию домодиро медӯхт. Дар тӯю  ҷашнҳо  ва  маросими  хонаводагӣ пешкор  буд. 

 Ба  ҳамсоязанҳо  дар  бораи  тарзи  гузаронидани  маърака,  пухтани  хӯрокҳои  гуногун,  меҳмондорию меҳмонгуселкунӣ,  пӯшидани  либосу ороиши арӯсию домодӣ ва тарзи анҷоми дигар корҳо маслиҳат медод. Духтарон низ  таҷрибаи  модарро  омӯхта,  мисли ӯ  бофаҳму  боҳунар  ва  ҳамаи  корҳои рӯзгордориро  доштанд.  


Ҳушёриву зиракӣ,  чусту  чолокӣ  ва  рафтори  хуби духтарони холаи Савзагул ба ҳамсояҳо ва аҳли деҳ писанд омада буд. Аз ин рӯ, хостгорон  дари  хонаи  ӯро  охурча  карданд. Аммо холаи Савзагул дар ин кор ба саросемагӣ роҳ намедод. Ӯ ҳар кадоми хостгоронро санҷида, аз миёни онҳо сазовору  беҳтаринашро  ҷудо  намуда, духтаронашро  ба  ҳаёти  мустақилона мегуселонид. Вакте ки навбат ба духтари аз ҳама хурдӣ - Бахтигул расид, ӯ сухани хостгоронро гӯш кардан нахост. Аз модар хоҳиш намуд, ки хонда омӯзгор мешавад.  

Модар  барои  хондан  розигӣ дод. Бахтигул ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар супорид. Баъди  аз  аттестатсияи  дохилшавӣ  гузаштан,  донишҷӯи  ин  даргоҳи  касбомӯзӣ гардид.  Вақте  ки  коллеҷро  хонда  ба итмом расонд, бо мақсади соҳиб шудан ба маълумоти олии омӯзгорӣ таҳсилро боз  дар Донишгоҳи  давлатии  Бохтар ба номи Носири Хусрав давом  дод.  Онро  низ  бомуваффақият хатм  карда,  дар  мактаби  деҳаашон  ба таълиму тарбияи насли наврас машғул гашт. 

Мегӯянд, ки духтар чун ситораи паррон аст. Тақдир ӯро ба кадом тарафе, ки партояд, ба ҳамон ҷо рафта меафтад. Аз оғози кори Бахтигул ҳанӯз се-чор моҳ нагузашта буд, ки барояш аз ноҳияи Ҷайҳун ба хостгорӣ омаданд. Барои дуру дароз будани роҳ холаи Савзагул талаби хостгоронро қабул накард.

Лекин  Бахтигул  модарашро  таъкид  сохт,  ки   ҷавони  домодшаванда аз  ҳамсабақонаш  аст.  Ӯ  хело  ҷавони хушгапу  хушфеълу  боодоб  мебошад. 

Модар  бо  шунидани  сухани  духтараш ҷавони  домодшавандаро  ба  фарзандӣ хонду бо розигии ҳарду тараф ва хешу табор  маърака  оростанд.  Бо  шодию хурсандӣ ва умеду орзуҳои бисёр Бахтигулро  даст  ба  дасти  ҷавони  домодшаванда  дода,  аз  ноҳияи  Данғара  ба ноҳияи  Ҷайҳун  гуселониданд.  Дар  хонаи  қудошаванда  қариб  тамоми  хурду калони  деҳа  ҷамъ  омада  буданд.  Дар як  тараф  мардҳо,  дар  тарафи  дигари ҳавлӣ  занҳо  бо  ҳазлу  шӯхӣ  хӯрок  мехурданд. Ошпазон ҳам дар даводави он буданд,  ки  касе  ба  хӯроки  пухтаи  онҳо айб нагирад. Ногоҳ аз тарафи ошпазон садои  “бобои  девона   омад”,  “бобои девона  омад”  шунида  шуд.  Ошпазон як  марди  қоматбаланди  саллаи  калону риши дарози мошу биринҷ доштаро хушомадона дар миз шинонда, дар наздаш  хӯрок  гузоштанд.  Ин  овоз  диққати меҳмононро ба тарафи худ кашид. Марду зан “бобои девона» кӣ бошад? - гӯён ба тарафи ошпазон нигоҳ карданд. 

Холаи Савзагул, ки дар миёни занҳо нишаста  буд,  баробари  ба  он  тараф чашм  дӯхтан  «бобои  девона»-ро  шинохт  ва  чеҳрааш  якбора  лолагун  гашт. 

Аз занҳо дар бораи аслу насаби девона пурсон  шуд,  аммо  аз  нишастагон  касе ба холаи Савзагул ҷавоби мусбат дода натавонист.  Ӯ  бо  падари  домодшаванда ба назди ошпазон рафта, дар рӯ ба рӯи «бобои девона» нишаст ва ишораи овардани хӯрокро намуд. Вақте ки «бобои  девона»  ошро  ба  даҳон  мебурд, нигоҳаш ба холаи Савзагул афтод. Баробари чашм ба чашм афтодан гӯё, ки бобои девонаро барқ зада бошад, якбора аз ҷояш хест. Азбаски зонуяш ба миз бархӯрда буд тамоми хӯрокиҳо ба замин рехтанд.  Ҳар  ду  якдигарро  шинохтанд ва аз чашмонашон ашк ҷорӣ шуд. Мардум ин ҳодисаро дида, дар атрофи онҳо ҷамъ  омаданд.  Файзиддин  бесаброна «Савзагул, маро бубахш. Ман дар назди ту ва духтаронам гунаҳкорам. Хатое, ки  ман   кардам,  нобахшиданӣ  мебошад»,  -  гӯён   дасти  ӯро  маҳкам  дошт. 

Савзагул  ҳам  бо  овози  гиряолуд  гуфт, ки  «ту  аз  духтаронат  рӯ  гардондӣ.  Ин базму шодӣ тӯйи арусии ҳамон тифлаке мебошад, ки ӯ ба дунё омаду ту тарки хонавода  намудӣ.  Ман  ба  ӯ  Бахтигул ном  ниҳодам,  бо  умеди  он  ки  ӯ  калон шаваду ба хонаамон бахту саодат биёрад. Имрӯз бо шарофати тӯйи домодию арӯсии ӯ духтаронам падари чандин сол гумкардаашонро  ёфтанд.  Ин  беҳтарин туҳфа барои хонаводаи мо гашт». Онҳо даст ба дасти ҳам ба рӯйи ҳавлӣ баромада,  бо  фарзандону  наберагону  наздикон оғӯш кушоданд. Хурсандӣ болои хурсандӣ  гардид.  Холаи  Савзагул,  ки зани бо фикру бо андеша, меҳнатдӯсту рӯзгордида,  рӯзгоромӯхта,  бо  сабру таҳаммулгаро буд, аҳли хонаводаро боз сарҷамъу муттаҳид сохт ва Файзиддинро сарвари он интихоб намуд.

Намоз Солиев,
омӯзгор аз шаҳри левакант

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода