Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Филмҳои туркӣ. Тамошои онҳо ахлоқи ҷомеаро коҳиш медиҳанд


Филмҳои туркӣ. Тамошои онҳо ахлоқи ҷомеаро коҳиш медиҳанд



Боре ишора шуд, ки дар кишвар 6 миллион телефонҳои мобилӣ мавҷуданд. Панҷ сол гузашт. Шояд ҳоло шумораи онҳо ба 10 миллион адад ё аз он бештар гаштаанд. Имрӯз агар дар як хонавода, ба ҳисоби миёна 10 нафар зиндагӣ кунанд, пас, 7-8 нафари онҳо ҳатман  телефон  доранд.  Дар  1  моҳ,   ҳеҷ  набошад,  барои  фаъол будани телефон 140-160 сомонӣ сарф мекунанд, агар ба интернет пайваст бошанд. Акнун тасаввур кунед, ки ҳар моҳе аз буҷети оилавӣ чӣ қадар маблағ ба фоидаи ширкатҳои мобилӣ ворид мегарданд.

Аммо зарари дигари маънавии телефонҳои мобилӣ аз ин исрофи беҳудаи маблағ хатарноктар аст. Ин ҷиҳат ба ахлоқи мардум, махсусан на-врасон, ҷавонон, занон таъсири бештар дорад. Ягон ҷойи муболиға нест, ки агар гӯем, 60-70 фоизи хонандагони мактабҳо телефонҳои мобилӣ доранд. Ҳатто мушоҳида мешавад, ки дар раванди дарсҳо ба телефонбозӣ машғуланд. 

Дигар  чизе,  ки  ба ахлоқи волои мо таҳдиди вазнин дорад, ин намоиши  силсилафилмҳои туркӣ  мебошад.   Хеле хуб  мебуд,  ки  намоиши ин  гуна   шабакаҳо  дар Тоҷикистон   манъ  карда  шавад.  Чун  ғояҳои пантуркизм,  бешарафӣ, қатлу  фиреб,  ҳиллаю найрангбозӣ  хоси   миллати тоҷик нест. 

Дар  тамошои филмҳои  туркӣ,  ба  мисли  телефонҳои  мобилӣ,  боз  бонувон  пешсафанд. Ин қишри ҷомеа, пеш аз ҳама, ба тақлиди қаҳрамонони филмҳо табдил меёбанд. Чун бо ин роҳҳо пантуркизм, сиёҳпӯшӣ, азопӯшӣ дар ҷумҳурӣ решаҳои худро паҳн карда истодаанд. 

Нурулло Ҳасанов,
рӯзноманигор, ноҳияи Муъминобод

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода