ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Роздони асрори табиат


Роздони асрори табиат




Одатан,  занҳо,  ки  эҳсоси  нафису  муассир  доранд,  бештар ба эҷоди бадеӣ - шеъру адаб таваҷҷуҳ мекунанд. Дар интихоби таҳсил, касбу кор низ ба илмҳои гуманитарӣ бартарӣ медиҳанд. Агар ба таърихи илму кашфиёт нигарем, бонувони математику физик, кимиёшинос, ихтироъкорони техникӣ ангуштшуморанд.

Бонуе, ки дар борааш қисса карданием,  омӯзгори  фанни  физика аст. Роздони асрори қонунҳои табиат. Гулнор Авезова натанҳо ин илми дақиқро хуб медонад, балки шогирдонашро ба омӯзиши он ҷалб карда, дар дили онҳо шавқу завқро бедор менамояд. 

Гулнор ҳам дар овони мактабхонӣ орзу  мекард,  ки  таҳсилашро  давом диҳад.  Боварӣ  дошт,  ки  падараш ӯро дастгирӣ мекунад. Деҳқони асил Раҷаб  Авезов  бо  чор  писари   маълумоти  олидораш  ифтихор  дошт. Босавод  кардани  кӯдакон  барояш кори   хайр  ба  ҳисоб  мерафт.  Онҳо барои  таълиму  тарбияи   хонандагони  мактабҳои  туркзабон  меҳнат 
мекарданд.

Модари  Гулнор  Авазбика,   кадбонуи  хонадон,  дар  тарбияи  ҳашт фарзанд  заҳмат  кашида,  анъанаи ниёконаш-бофтани  қолинҳои  туркманиро  касби  меросӣ  меҳисобид. Бо  кумаки  духтаронаш  ҳунари  ав-лодиро  пос  медошт,  барои  ҷиҳоз арӯсии  онҳо  қолинҳои  зебо  мебофт.  Гулнор  ҳам  зимни  бофтану гулпартоӣ  бо  хоҳаронаш  Гулменешэ, Ағабег, Энаргул ва сурудхонии модар  дар  олами  орзуҳо  парвоз мекард.  Мехост  маълумоти  олӣ  гирад,  омӯзгор  бошад.  Дуои  волидон ва  раҳнамоии  устодаш-Эргашев Агалӣ боис гардид, ки ба соҳили мурод бирасад. Ба факултети физикаи Донишгоҳи  омӯзгории  Душанбе  дохил шуда, ба зодгоҳ чун мутахассиси соҳибмаълумот баргашт. Гулнор дар  қатори  бародарони  омӯзгораш Тағандурди, Халтоҷ, Газандурди муаллимаи мактаб шуд. Ӯ ҳам ба пешаи омӯзгорӣ савганди садоқат дод. Дар соҳаи  маориф  нарасидани  кадрҳо бо ихтисоси илмҳои дақиқ ва риёзӣ эҳсос  мешуд.  Гулнор  фаъолияти педагогиашро  дар  мактаби  миёнаи №15  оғоз  карда,  баъдтар  дар  мактаби 7-уми ноҳияи Ҷиликӯл (Дӯстӣ) кор кард. Баъди таъсиси гимназияи ноҳия  чун  омӯзгори  пешқадам   ба кор  даъват  шуд.  Дарсҳои  Гулнор барои  шогирдон  шавқовар  буданд. 

Муаллима  тавонист  бо   воситаҳои аёниву озмоишҳо завқи хонандагонро ба физика, математикаву информатика  бедор  намуда,  манфиати донишҳои  дақиқ,  риёзӣ  ва  табииро барои  ҳаёти  инсон  фаҳмонад.  Гулнор  бо  шогирдонаш  самимона рафтор  мекард.  Дар  нобарориву пешравиҳои онҳо ҳамроҳ буду тасаллояшон медод, хурсандиашонро бо ҳам медид. Имрӯз номи он шогирдони  лаёқатмандашро  бо  мамнуният  ба  забон  мегирад.  Воқаен, Рамазон  Шоев,  Рафаэл  Набатов, Фирӯзи Баҳром, Таҳмина Мирзоева, Айна  Қурбонова,   Гулистон  Авезова  ҳамон  шавқи  омӯзиши  илмҳои дақиқу  табииро  дар  соҳаҳои  тибу фармасевтӣ, энергетика ва технология идома дода, чун мутахассисони пешрави Тоҷикистону Россия фаъолият доранд. 

Инак,  33  сол  аст,  ки  Гулнор  бо мақсади омӯзондани шогирдон сӯйи мактаб раҳсипор мешавад. Дар китоби хотираҳояш бисёр чизҳо сабт шудаанд. Аввалин машғулият дар мактаби  деҳа,  Истиқлоли  Тоҷикистон, ҷанги шаҳрвандӣ ва фирорӣ шудани одамон,  сулҳу  ваҳдати  Тоҷикистон ва  мунодии   наҷоти  тоҷикистониён Эмомалӣ  Раҳмон,  бозгашт  ба  кори омӯзгорӣ,  муваффақияти  шогирдон,  таҳияи  китобҳои  дарсӣ  ба-рои  ҳамиллатонаш.  Ҳеҷ  бовар  надошт,  ки  бо  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ва Президенти  Ҷумҳурии  Туркманистон  Гурбонгули  Бердимуҳаммадов борҳо вохӯрдану суҳбат кардан муяссар мешавад.

-  Бо  Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   чор  маротиба вохӯрдаам.  Ин  ҳадяи  тақдир  аст.  - хоксорона мегӯяд Гулнор. - Дар Рӯзи омӯзгорон  соли  2006-ум  дар  Кохи Ваҳдат хурсандиам ҳадду канор надошт. Аввалин бор аз дасти Роҳбари давлатамон туҳфа гирифтан бароям ифтихори бузург буд. 

Соли 2010-ум дар таҷлили ҷашни Наврӯзии ноҳияи Данғара дар назди Президенти  маҳбубамон  Эмомалӣ Раҳмон  ва  Президенти  Туркманистон  Гурбонгули  Бердимуҳаммадов баромад  кардан  иттифоқ  афтод. 

Зимни суханронӣ пешниҳод кардам, ки барои кӯдакони туркмантабор дар участкаи Ғалабаи ноҳияамон мактаби нав сохта шавад. Таклифамро ба инобат гирифтанд. Шодам, ки имсол бо  кумаки  Ҷумҳурии  Туркманистон бинои  дуошёнаи  нави  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №8   ба номи Махдумқулӣ барои 540 нафар хонанда дар хоҷагии ба номи Эргаш Султонов ба истифода дода шуд. 

Гулнор  ҳамеша  дар  фикри ҳаммиллатонаш  дар  Тоҷикистон аст.  Тоҷикистон    барои   ҳамаи ақаллиятҳое,  ки  сокини  ин  кишваранд,  ҳуқуқҳои  баробар  до-дааст.  Инро  Гулнор  хуб  дарк кардааст.  Барои  мактабҳои  таълимашон  туркманӣ  китобҳо  намера-сид.  Барномаҳоро  ба  назардошти таҳсилот  дар   Тоҷикистон  мувофиқ кардан  лозим  буд.  Инро  омӯзгоре карда  метавонист,  ки   ҳарду  забонро  хуб  донад,  таҷрибаи  корӣ ва  истеъдоди  таълифи  дастуру  китобро  дошта  бошад.   Донистани забони  давлатӣ-тоҷикӣ  ва  алифбои  туркманӣ,  тарҷумаи  маводи таълимӣ  ва  гузаронидани  тадрис масъулияти  калон  аст.  Гулнор  барои  навиштани  дастуру  китобҳояш таҷрибаи  омӯзгории  худро  истифода  кард,  барои  табодули  таҷриба ба мактабҳои Ашқобод сафар дошт. Гулнорро ба узвияти Ассотсиатсияи “Туркманҳои ҷаҳон” пазируфтанд.

“Китоби  математика”  барои синфи  якуми  туркманзабонҳо,  дастури  “Методикаи   машғулиятҳои беруназсинфӣ  аз  физика”, “Кроссвордҳо  дар  таълими  физика”,  “Маҷмуи  масъалаҳои  тестӣ  аз физика”  бо  ҳаммуаллифии  олимону  педагогҳои  тоҷик  У.  Умаров,  У. Раҷабов,  Т.  Ҷумъаев,  Б.  Қодиров омода ва нашр карда шуданд. Саҳми Гулнор Авезова чун дорандаи Сертификати  байналмилалӣ  барои  на-виштани  китобҳои  дарсӣ  дар  ин самт назаррас мебошад. Муаллима ба омӯзиши эҷодиёти даҳонии халқ ва  адабиёти  туркман  низ  таваҷҷуҳ кард.  Китобҳои  “Садои  қалби дӯстон”, “Сафинаи тафаккури шеър” ба  мавзуи  ашъори  Махдумқулӣ, равобити  адабии  тоҷику  туркман, ҳамрангии  зарбулмасалу  мақолҳои ду халқ бахшида шудаанд. Маҷмуаи шеъру ҳикматҳои “Ман туро дӯст медорам” дар васфи Тоҷикистони азиз аст. 

Гулнор  ҳамчун  омӯзгори пешқадаму  навовар  барои дастовардҳои  шогирдонаш  бо ифтихорномаҳои  шуъбаи  маорифи ноҳияи Дӯстӣ, вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Ӯ дар озмунҳои  “Муаллими  сол”  ширкат намуда,  ҷойи  намоёнро  ишғол  кардааст.  Гулнор  дорандаи  унвонҳои Аълочии  маорифи  Тоҷикистон,  Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва тренери омӯзиши таҳсили салоҳиятнок 
мебошад.

-  Муаллима  Гулнор  Авезова  ва шогирдони  ӯ  ифтихори  муасссисаи  мо  мебошанд,  -  мегӯяд  дирек-тори   Мактаби  президентӣ  барои хонандагони  болаёқат  дар  ноҳияи Кӯшониёни  вилояти  Хатлон,  номзади  илмҳои  педагогӣ  Илҳомҷон Қодирӣ . - Ӯ аз соли 2015 дар муассисаи таълимии мо фаъолият дорад. Шавқи  хонандагон  ба  машғулиятҳо ва  маҳфилҳои  омӯзгор  зиёд  аст. 

Ширкат  ва  ғолибияти  хонандагони муассиса  дар  озмуни  “Илм-фурӯғи маърифат”,  олимпиадаҳои  Академияи  хурди  илмҳои  Тоҷикистон бештар гардид. Бо раҳнамоии муаллима Назаров Нурулло, Саҷҷод Саидумарзода,  Орун  Авазов  дониши хуб  нишон  дода,  соҳиби  диплому медалҳо шуданд. 

-  Имсол  ба  гирифтани  Ҷоизаи давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  барои  олимону  омӯзгорони  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли  2024  мушарраф  шуданам  бароям  мукофоти  баландтарин  аст. Президенти  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ҳангоми  супоридани  мукофот  “Боз  ҳам  кӯшиш  кунед”  гуфтанашон  илҳоми  боз  ҳам хубтар кор карданро медиҳад, - афзуд Гулнор. 

Ҳоло муаллима муждаи ба чоп дода  шудани   китоби  нави  дарсии физикаро   барои  синфи  9  шунида, сари  он  меандешад,  ки  таҳрири  он тезтар  ба  анҷом  расаду   дастраси хонандагон шавад. Итминон дорам, ки   Гулнор  Авезова  боз  китобҳои дигари навро низ таҳия мекунад ва шогирдонаш  дастболо  мешаванд. 

Ғайрати  ин  гуна  устод  ба  ғолибият мебарад.  Меҳри  пешаи  омӯзгорӣ дар замираш ҷо шудаву садоқаташ бепоён аст.

Д. МАҲКАМЗОДА,
дотсенти ДДБ ба номи Н. Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода