Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » КӮДАК ВА ТЕЛЕВИЗОР


КӮДАК ВА ТЕЛЕВИЗОР



Имрӯзҳо  дар  ҳар  як  хона телевизор  ашёи  муқаррарӣ шудааст.  Бисёр  калонсолон аз сабаби серташвишӣ ба тамошои  телевизор  кам  фурсат  меёбанд.  Аммо  кӯдаконе ҳастанд, ки филмҳои тасвирию сериалҳои гуногунро тамошо карда, баъзан дар назди телевизор хобашон мебарад.

Баъзан ба ҷойи тайёр кардани вазифаи хонагӣ  онҳо  назди  телевизор  менишинанд. 

Ҳатто  барои  тамошои  филми  мақбулашон хоби худро ҳаром мекунанд, ҳол он, ки барои тамошои филм ва тайёр намудани дарс хобро  кӯтоҳ  кардан  ҷоиз  нест.  Кӯдакон  низ аз  гуруснагию  ташнагӣ  дида,  бехобиро  бо душворӣ  паси  сар  мекунанд.  Ба  кӯдакон дидани  филме,  ки  ба  синну  солашон номувофиқ аст, раво нест. 

Гурӯҳи  равоншиносон  аз  Штатҳои Муттаҳидаи Амрико чандин наврасонеро, ки қасди  худкушӣ  кардаанд,  мавриди  пурсиш қарор  доданд.  Ин  тоифа  наврасон  кайҳо иззату эҳтироми волидон, риояи ҳуқуқи дигарон  ва  ҳурмати  калонсолонро  фаромӯш кардаанд. Ҳамчунин, онҳо ба майпарастию тамокукашӣ  ва  нашъамандӣ  машғуланд. 

Муҳаққиқон хулоса карданд, ки ин наврасон аз  хурдсолӣ  пойбанди  тамошои  телевизор шуда, аз волидон нею аз тамошои телевизор “тарбия” гирифтаанд.

Маркази  синамои  Ҳоливуд,  ки  дар  пахши филмҳои фаҳшу зӯроварӣ саҳми бузург дорад, манбаи пахши чунин бетартибиҳо ба шумор меравад...

Боз бармегардем ба имрӯз. Занону модарони мо мухлиси филмҳои туркӣ мебошанд. Дар вақту соати оғози филм аз баҳри ҳама кор  баромада,  худро  дар  назди  телевизор мегиранд.  Вале,  дар  ин  ҳолатҳо  барои  тамошои онҳо кӯдакон монеъ мешаванд, зеро дар  ин  вақт  аз  дигар  шабакаҳо  филмҳои тасвирӣ намоиш дода мешавад. Модар барои  тамошои  филм  усули  “озмудашуда”-ро истифода мекунад. Телефони мобилии худро  ба  кӯдак  медиҳад,  то  онҳо  бозиҳои  гуногун, бештар зӯровариро дар намуди мул-типликатсия  тамошо  кунанд.  Ҳамин  тавр, модар  филми  худро  тамошо  карда,  баъди хатмаш боз телевизорро бо телефонаш иваз мекунад.

Кӯдакон  ончунон  ба  тамошои  телевизор дода мешаванд, ки ҳатто хӯрду хобро фаромӯш мекунанд. Дар ин ҳолатҳо модар ӯро метарсонад,  ки  то  хӯрок  нахӯрад  ё  пагоҳӣ  ба  боғчаю мактаб  наравад,  телевизор  (мултфилм)-ро тамошо намекунад.


Кӯдак ба хотири тамошои телевизор шарти  модарро  ба  ҷо  меорад.  Сари  дастархон кӯдак низ шарти худро мегузорад: “То телевизорро рӯшан накунед, хӯрок намехӯрам!”, мегӯяд. Одати бад ба кӯдак часпида, аз он халосӣ ёфтан душвор шуда мемонад.

Вақте модар ба кӯдакаш бозичаҳои гуногун, аз қабили хирсак, харгӯш, мошини боркаш, киштӣ меорад, кӯдак онҳоро қабул намекунад. “Ба ман автомат, таппонча биёр!”, мегӯяд.  Ин,  албатта,  таъсири  тамошои филмҳои тасвирии зӯроварӣ мебошад.

Аз  ин  рӯ,  волидайнро  лозим  аст,  ки  ба кӯдакон иҷозати тамошои филмҳои бачагонаи илмӣ, таърихӣ  ва  тарбиявӣ  диҳанд.  Ҳамзамон  таваҷҷуҳи онҳоро ба шуғли фоидаовар - бозичаҳо (масолеҳ)-и нимтайёри  шакли  девордошта  ҷалб  намоянд,  то кӯдакон аз рӯйи завқу “ҳунар”-и худ биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мошинҳои боркашу борбардор, шаҳру  хиёбонҳои  зебо,  шакли  одаму  ҳайвончаҳо бисозанд. Онҳо ба ин корҳо зуд унс мегиранд, зеро муъҷизаофарӣ  (фантазия)-и  онҳо  дар  ин  самт  бой мебошад.

Ба  духтарчаҳо  низ  туҳфа  кардани  гаҳвора  ва лӯхтакро  фаромӯш  накунед.  Онҳо  дар  нақши  модар “кӯдак” (лӯхтак)-ро дар гаҳвора гузошта, ӯро бо аллагӯӣ, ки аз модар вақти тифлӣ шунида буд, мехобонад.  Бо  ҳамин  суханронии  духтарчаҳо  суфта шуда,  гапдон  мешаванд.  Дар  ин  маврид  ҳамкории волидайн  бо  равоншиносон  аз  манфиат  орӣ  нест. 

Онҳо метавонанд дар ҳамкорӣ роҳи дурусти тарбияро дарёфта, аз мушкилии оилавӣ бароянд. Волидони азиз! Бо чунин усули тарбия метавон дар қалби кӯчаки кӯдак завқи дар оянда касбҳои ихтироъкор, бинокору меъмор шуданро бедор намуд. Ин, албатта, ҳам ба манфиати тарбияи кӯдак ва ҳам интихоби касби ояндаи онҳо мегардад. Боқӣ, интихоб дар дасти шумост!

С. АТТОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода