«ВАССОФИ ОМӮЗГОР»-озмуни пурмеҳр
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 251
Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзномаи дӯстдоштании “Хатлон” озмуни онлайни “Вассофи омӯзгор”-ро ба хотири баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа эълон намуда буд.
Ҳадафи аслии баргузории озмун муаррифӣ ва ситоиши омӯзгору мураббӣ, бузургӣ, нақш ва мақоми мондагори омӯзгор дар ташаккул ва рушди ҷомеа буд. Албатта, дар ҳамаи давру замон, омӯзгор байни мардум эътибори вижае доштаву дорад. Вақте дар бораи омӯзгор сухан меронем, симои шахсе ҷилвагар мешавад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас сарф кардааст, то онҳо саводноку хушодоб ва ҳунарманду соҳибкасб бошанд.
Аз ин рӯ, дар видеороликҳои довталабони озмун, мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгон бузург арзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ ситоиш намуда буданд.
Озмуни “Вассофи омӯзгор” барои беҳтарин қироати онлайнии шеър, тарона ва хониши адабӣ дар ситоиши омӯзгор гузаронида шуд, ки як бори дигар манзалати касби омӯзгорӣ дар байни қишри ҷомеа нишон дода шуд.
Имрӯз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф равона гардида, маорифро омили муҳими амнияти мил-лат арзёбӣ намудаанд ва фаъолияти омӯзгорро дар меҳвари сиёсати маорифпарвонаи хеш қарор додаанд. Ин аст, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвари азизамон рисолати омӯзгор ҳамчун машъалафрӯзи ҷомеа боз ҳам боло рафта истодааст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат ба ранҷу заҳмат ва мақоми омӯзгор диққати махсус дода, таъкид кардаанд, ки “Ман пештар ҳам борҳо гуфтаам ва боз такрор мекунам: то замоне, ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро чунонки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ соли равон оид ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дастур доданд, ки дар муддати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, барои боз ҳам боло бурдани нуфузу эҳтироми омӯзгор дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Озмуни “Вассофи омӯзгор” барои дарк кардани касби пуршарафи омӯзгорӣ, барои шинохти меҳнату ранҷ ва муҳим будани ин касби серталаб равона шуда буд ва сипос ба ҳайати кормандони рӯзномаи “Хатлон” барои масъулият ва ташкили чунин озмуни пурмеҳру муҳаббат дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат.
Умед дорам, ки ин озмун солҳои минбаъда низ ташкил гардида, заҳмати шабонарӯзии касби омӯзгориро ба қишри ҷомеа хотиррасонӣ мекунад ва мақому манзалати омӯзгорро бори дигар баланд мебардорад.
Диловар САЪДУЛЛОЕВ,
ғолиби озмуни “Вассофи омӯзгор” аз ноҳияи Данғара
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00