Нурулло Холов: «Фалаксароӣ ба ман ном дод»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 174
Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд. Ҳамчунин, 16 декабри соли 2021 “Фалак”-и тоҷикӣ расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил карда шуд. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10-уми октябр ҳамчун “Рӯзи Фалак” ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат мусоҳибае доштем бо Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов, бародари шодравон Давлатманд Холов, фалаксарои овозадори тоҷик, ки
фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
- Чаро Шумо маҳз ҳамин жанри фалаксароиро интихоб кардед?
- Шавқу завқ ва ҳаваси ман ба ин санъат аз хурдӣ бедор шуд. Зеро мо оилавӣ ба ин санъат рӯ овардем. Аз бародарам марҳум Давлатманд Холов, ки устоди фалак буданд, то ба ману писарашон Лоиқ Холов ҳама ба ин, санъати воло дилбастагии зиёд дорем. Бояд бигӯям, ки фалак дар кӯҳистон маъмул аст ва марди кӯҳистонӣ аз мушкилот, нодорӣ, гирудору нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, дар вақти кишт рӯ ба кӯҳсор овардаву аз таҳти дил фарёд мезад. Ба ин васила дарду ғам ва розу ниёзи худро месароид ва фарёди ӯ дар кӯҳҳо ба фалак мепечид. Фикр мекунам, ҳамин чиз ҳам боиси дилбастагии мо ба фалак аст. Ман хушҳол аз онам, ки ин касбро интихоб намуда то ба имрӯз идома дода истодаам.
- Устоди Шумо дар ин пайроҳа кӣ буд ва аввалин суруде, ки дар жанри фалак сароидед, кадом аст?
- Ман дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадам. Устоди ман дар ин ҷода бародарам марҳум Давлатманд Холов буд. Устоди мо устоди фалак буд ва мактаби фалак дошт. Мо низ маҳз мактаби фалак, яъне ансамбли оилавии устоди равоншод Холовро гузаштаем. Устод ансамбли оилавӣ дошт ва пайваста бо он ансамбл кор мекарданд.
Давлатманд Холов пайваста нозукиҳои ин навъи санъатро ба мо меомӯзониданд. Ва натиҷаи он ҳама заҳматҳо буд, ки ман имрӯз дар ҷодаи фалаксароӣ мавқеи худро ёфта тавонис-там. Аввалин рубоие, ки ман дар жанри фалак сароидам “Фарёд занам пора ку-над кӯҳора” буд.
- Ба назари Шумо барои сайқал додани фалаксароӣ чӣ корҳоро бояд анҷом дод?
- Барои сайқал додани фалаксароӣ бояд ҷавонҳоро тарбият намуд. Пеш аз оне, ки мо ба сурудани фалак шуруъ мекунем, бояд ба созҳои миллӣ рӯ оварем, навохтани асбобҳои мусиқиро омӯзем.
Чунки онҳо дарди фалакро баён мекунанд. Бисёр фалаксароён аз кӯҳистон мешаванд. Чунки дар кӯҳистон фалак дар афкору ҳиссиёти фалакхон меояд. Барои мардуми кӯҳистонӣ муҳим аст, ки «Фалак» садо диҳад ва онро ҳамчун василаҳои рушди зеҳнии мардуми кӯҳистон меҳисобанд. Устодони ботаҷриба барои сайқал додани ин намуди санъат бояд ҷавонони боистеъдодро тарбия намоянд. Агар хоҳӣ, ки фалаксарои хуб шавӣ, бояд аз сидқ тамрин намоӣ, то тавонӣ ҳамон розу ниёзе, ки фалак дорад, ба шунаванда расонӣ.
- Аз бародаратон Давлатманд Хол чӣ хотираҳо доред?
- Бародарам, устод Давлатманд Холов бисёр хотираҳои ширин дорам. Мо бо ҳам дар як хона калон шудем, бо ҳам сари як суфра нишаста хӯрок мехӯрдем, бо ҳам бисёр суҳбатҳои ширин мекардем. Бародарам як дунёи рангини санъ-ат доштанд, ҳунарманди нотакрор буданд. Дар ҳақиқат, Давлатманд Холов ошнои фалак буд. Як умр дар хидмати халқ буд ва ҳамеша бо садои зинда ба ҳаводорони Фалак суруд мехонд. Дар ин маврид мехоҳам ду мисраъ шеъре бигӯям, то тавонам ба ин ба саволи Шумо пурратар ҷавоб гардонам:
Эй вой фалако, фалаксароятбигузашт,
Сад вой дареғ, ки ошноятбигузашт.
- Ба назари Шумо, санъати фалаксароӣ имрӯз дар кадом вазъ карор дорад?
- Санъати фалаксароӣ имрӯз дар вазъи хеле хуб қарор дорад. Зеро нисбат ба жанри фалаксароӣ Роҳбарияти олии кишварамон ва Вазорати фарҳанги аҳамияти ҷумҳурӣ ҷиддӣ дода, дастгириҳои зиёд менамоянд. Таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари дав-лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи жанрҳои мусиқии суннатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид ва «Фалак» умри дубора ёфт. Иқдоми арзишманди Президенти Тоҷикистон буд, ки дар кишварамон «Рӯзи Фалак» эълон гардид ва Ансамбли давлатии «Фалак» дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Ин иқдоми нек санъатко-ронро руҳбаланд намуд, то ҳамвора дар набзи эҷодӣ бошанд.
- Таваҷҷуҳи насли наврас ба самти фалаксароӣ чӣ гуна аст?
- Имрӯз таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин касб хело зиёд аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки коршиносон тавонистанд, ки завқу шавқи ин санъатро дар қалби ҷавонон бедор намоянд. Дар ин нақши устодони фалак Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманд Холов бисёр назаррас аст.
Дар бисёр маъракаҳо суруд мехонам ва мушоҳида менамоям, ки ҷавонон бо садои форам фалаксароӣ мекунанд ва аз ин хушнуд мешавам. Зеро дар оянда онҳо давомдиҳандаи роҳи устодони санъати фалаксароӣ мешаванд.
- Фалаксароӣ ба Шумо чӣ дод?
- Пеш аз ҳама, ба ман ном дод. Фалаксароӣ барои ман як муҳаббат аст. Бо сароидани фалак ман руҳбаланд мешавам, худро болида эҳсос мекунам. Ҳар гоҳе, ки ба саҳна мебароям, мухлисон маро хуб истиқбол мекунанд, ҳамин барои ман кофист.
Алишери АБЛУЛМАҶИД,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...