Барои партовҳо кӣ чӣ қадар ҷарима месупорад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 октябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 145
Ифлос кардани муҳити зист, дар ҷойи муайяннашуда партофтани партоб худ расонидани зарар ба табиат буда, барои пешгирӣ намудан аз расонидани зарар ба табиат ва муҳити зист қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ намудааст. Рӯзномаи “Хатлон” ба шумо маълумоти муфассал доир ба ҷазоҳои дар ин самт пешнибинӣ намударо дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон пешниҳод менамояд. Барои вайрон намудани кадом ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ ва муҳити зист ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ чигуна ҷазо пешбинӣ шудааст.
АВСТРИЯ. 90 ЕВРО (1051 СОМОНӢ)
Австриягиҳо ҳеҷ гоҳ зарфи нӯшокиро дар кӯча намепартоянд. Аввалан барои ин корро омӯхтан онҳо аз хурдӣ чунин тарбия гирифтаанд ва маблағи зиёди пардохт намудани ҷаримаҳои калонро надоранд.
Барои он ки ҳукуматдорони Австрия ба чунин тозагӣ дар кӯчаҳо даст ёбанд, назорати иҷрои қонунро сахт намуданд. Агар шахсе зарфи холии оби нӯшокиро дар кӯча партояд, пас ҳатман 90 евро, 1051 сомонӣ, ҷарима карда мешавад. Чунин ҷазо соҳибони ҳайвоноти хонагиро низ интизор аст. Агар саг дар кӯча қазои ҳоҷат намояд ва соҳибаш агар онро тоза накунаду ба дастгоҳи махсус насупорад, пас ҳамин гуна ҷазо дар намуди ҷарима интизор аст. Барои партофтани партов дар ҷойҳои муайяннашуда сайёҳони хориҷӣ ҳам чунин ҷазо мегиранд.
ЧИН. ҶАРИМА 50 ЮАН (75 СОМОНӢ)
Масъалаи тозагии дар кӯчаҳои Чин тайи солҳои охир яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва мубрам боқӣ мемонд. Аммо пас аз қабули қонуни махсус, 15 соли охир имконият дод, ки Чинро аз як кишвари партовзада наҷот диҳад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2015 дар 246 шаҳри ин давлат 158,6 миллион тонна партов истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2014-ум 5 тонна зиёд буд.
Мисли дигар давлатҳои Чин ҳам бо партовҳо бо ҷаримаҳои калону вазнин мубориза мебарад. Барои ин чанд соли пеш барои ба тав-ри ҷудогона нишон надоштани партовҳо дар Чин ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷорӣ карда шуд. Дар яке аз шаҳри Шэнч-жэн барои партофтани партовҳо дар ҷойҳои номуайян барои шахсони воқеӣ 50 юан (57 сомонӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ 1000 юан (1517 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Экологҳои чинӣ ба он ақидаанд, ки маҳз ҷарима маърифати шаҳрнишиниву экологии шаҳрвандонро баланд бардошта метавонад.
АВСТРАЛИЯ. ҶАРИМА 7500 ДОЛЛАРИ АВСТРАЛИЯГӢ (54 313 СОМОНӢ)
Дар кишвари кенгуру ва коалаҳо барои ташкили партовгоҳҳои ғайрирасмӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли онҳо барои шахсони ҳуқуқӣ 7500 доллари австралиягӣ ва барои ташкилотҳо 15,000 доллари австралиягӣ пешбинӣ шудааст. Агар ин партовгоҳҳо дар ҳаҷми махсусан калон ва ба муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ шуда бошад. Ин намуди ҳуқуқвайронкунӣ барои шахсони воқеӣ 250 ҳазор доллари австралиягӣ ва барои шахсони ҳуқуқӣ 1 000 000 долларро ташкил медиҳад. 1 доллари австралиягӣ 7-7,5 сомониро ташкил медиҳад.
Австралиягиҳо ҳатто вазифадоранд, ки дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо ҳодисаҳои расонидани зарар ба табиат ва партофтани партов дар ҷойҳои ғарирасмӣ ба мақомот хабар диҳанд.
ИРЛАНДИЯ. ҶАРИМА 500 ЕВРО (5 843 СОМОНӢ) Ё МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ БА МУҲЛАТИ 12 МОҲ
Шаҳрвандоне, ки барои вайрон кардани нишондодҳои қонун дар самти партовҳо дастгир мешаванд, натанҳо ҷарима дар ҳаҷми 500 евро ва аз он зиёдтар, балки маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 моҳ пешбинӣ гардидааст.
БРИТАНИЯИ КАБИР. ҶАРИМА 80 ФУНТ (1117 СОМОНӢ)
Дар Лондон ва дигар шаҳрҳои калонтарин Британияи Кабир агар шахсе нохост коғази шириниро партофт, барои ин амал ҷазо дар намуди ҷарима 80 фунт пешбинӣ гардидааст. Агар нуқтаи партоби ғайрирасмӣ ташкил кард, ҷарима аз 400 фунт барои шахсони ҳуқуқӣ оғоз мегардад. Бояд гуфт, ки шумо вазифадоред, ки ҷаримаро дар муҳлати 14 рӯз пардохт намоед.
ШВЕЙТСАРИЯ. ҶАРИМА 300 ФРАНКИ ШВЕТСАРӢ (3 720 СОМОНӢ)
Дар ин мамлакат барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар самти муҳити зист ва экология ҷазо дар намудаи ҷарима аз 1000 франки шветсарӣ оғоз мешавад. Агар партовро на дар халтаҳои махсус, балки дар дилхоҳ халтаи дигар мепартояд, пас барои пардохт намудани ҷарима дар ҳаҷми 300 фран-ки шветсарӣ омода бояд буд. Агар кас дар назди корманди политсия боқимондаи сигорро партояд, ҷарима дар ҳаҷми 300 франк пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳолати партофтани партовҳои сахти маишӣ ва сохтмонӣ ҷарима то 20, 000 франк мерасад. Ҷарима дар ин самт аз соли 2018 гаронтар гардидааст.
СИНГАПУР. АЗ 1000 ДОЛЛАРИ СИНГАПУРӢ (8 161 СОМОНӢ) ТО МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ
Таҷрибаи Сингапур нишон дод, ки ҷазо дар намуди ҷарима маданияти экологии мардумро баланд бурда метавонад. Дар кӯчаҳои ин кишвар манъ аст: хӯрок додан ба кафтарҳо, туф кардан, хоидани сақич ва ягон чизро истеъмол намудан. Барои вайрон кардани ин муқаррарот, ҷазо дар намуди ҷарима аз 1000 доллари сингапурӣ пешбинӣ шудааст. Ҷарима дар самти ҳифзи муҳити зист ва экология чунон сангинанд, ки сингапуриҳо намунаи олии дӯстдории тозагӣ дар кӯчаҳо ба ҳисоб мераванд. Агар қонунвайронкунӣ дар самти партовҳо бори аввал набошад, эҳтимоли зиндонӣ шудан зиёд аст.
ИМА. ҶАРИМА АЗ ИЛОЁТ ВОБАСТА АСТ. ТО 1 МОҲ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ
Барои мубориза бо партовҳо ва партовгоҳҳои ғайрирасмӣ дар илоётҳо меъёрҳои гуногуни ҷазодиҳӣ муайян карда шудааст. Тааҷҷубовар он аст, ки сокинонро барои ҷудогона партофтани навъи партовҳо ҷарима намекунанд, зери барои ин кор дар ИМА ширкатҳои махсус фаъолият мекунанд. Танҳо аз сокинон талаб карда мешавад, ки дар партовгоҳҳо партови хӯрокаро алоҳида гузоранду халос.
Агар шахсе партовашро дар канори роҳ ва ё боқимондаи сигорро дар кӯча партояд, барои ин қонунвайронкунӣ ҷазо дар намуди ҷарима хурд ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як моҳ пешбинӣ шудааст.
ҶОПОН. ҶАРИМА 10 000 000 ЙЕН (715 555 СОМОНӢ) / МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ БА МУҲЛАТИ ТО 5 СОЛ
Дар Ҷопон нуқтаҳои нигоҳдории партовҳо вуҷуд надорад. Масъалаи ҷамъоварӣ ва нест кардани партовҳои дар мамлакати тулуи офтоб ташкилотҳои махсус ба таври фаврӣ рафъ мекунанд. Ҷудо нигоҳ доштани партов вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон аст. Системаи нестсозии партовҳо чунон сохта шудааст, ки агар партовҳо ҷудо накарда дар партовгоҳҳо гузошта бошад, пас, корхонаи хизматрасон бо он варақаи огоҳкунанда насб мекунанду онро намегирад. Ташкили партовгоҳи ғайрирасмӣ ё гузоштани партов дар ҷойҳои ғайрирасмӣ муҷозоти сахт дорад.
РУСИЯ. ҶАРИМА АЗ 2 ТО 30 ҲАЗОР РУБЛ (1 120-3 365 СОМОНӢ)
Мувофиқи қонунгузории Россия барои дар ҷойи муайяннашуда гузоштани партов барои шахсони воқеӣ аз 1 то 2 ҳазор рубл ва барои шахсони ҳуқуқӣ 10-30 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
ТОҶИКИСТОН. ҶАРИМА АЗ 216 ТО 5040 СОМОНӢ
Мувофиқи моддаи 452-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ (аз 216 то 306 сомонӣ), ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист (аз 720 то 1440 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то ҳафтод (аз 3600 то 5040 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳити зист ва экологияро бойгарии давлат эълон намуда, барои ҳифз, нигоҳдорӣ ва афзун намудани гуногунии экосистема чораҳои муҳиму зарурӣ андешида мешавад. Дар Кодекси ҷиноятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фасли IX. “Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист”, боби 24-ум “Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист”, ки моддаҳои 220 то 236 ва дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 14-ум “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ” ном дошта, моддаҳои 215 то 244 –ро дар бар мегирад. Кодексҳои зикргардида, барои расонидани зарар ба муҳити зист, аз ҷумла, иҷро накардани амрномаю қарорҳои мақомоти назорати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи муҳити табиӣ, риоя накардани талаботи муҳофизати ҳавои муҳит ҳангоми андӯхтани партовҳои саноатӣ ва маишӣ, риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҳамлу нақл, ҷойгиркунӣ, истифода, нест кардан (гӯронидан)-и партовҳои саноатию маишӣ ва дигар меъёрҳо муқаррар гардидаанд. Аз муаллиф: омӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ дар самти ҳифзи муҳити зист барои мо хуб аст.
Аммо, пеш аз ҳама, маданият, урфу одати миллату мардуми худро ба назар гирифтан хубтар аст. Агар аз зовияи дигар назар афканем, ташкили корхонаҳои коркарди партовҳо яке аз самтҳои кам тараққикардаи соҳаи саноати Тоҷикистон ва махсусан вилояти Хатлон мебошад. Барои баланд бардоштани маданияти экологии мардум чораҳои зарурӣ андешида, корҳоифаҳмондадиҳиро ҷоннок намудан лозим аст.
Таҳияи Толиб ТОЛИБЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...