Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ҷавонони арҷманд!... бар ҳар яки Шумо таъкид мекунам, ки ба қадри вақт ва давраи зудгузари наврасию ҷавонӣ расед, доим дар талоши илму донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар бошед, бештар китоб хонед, донишманд шавед, забони покиза ва одоби муоширати баланд дошта бошед, ояндаи давлатро соҳибӣ кунед, истиқлолу озодии Ватани меҳрубонамон-Тоҷикистонро ҳифз намоед...
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН
БА ҶОЙИ АВВАЛСУХАН
Дӯсти ҷавони ман! Ҷавонӣ давраи орзуҳои ширин аст. Маҳз дар ин айём аз пайи амалӣ шудани орзуи худ мешавӣ. Яъне, мактаби миёнаро хатм мекунӣ. Таҳсилро дар мактаби олӣ идома дода, илм меомӯзӣ, соҳибкасб мешавӣ. Сипас, бо касби дӯстдоштаю интихобкардаат фаъолияти меҳнатиро оғоз мекунӣ. Бори нахуст самари меҳнати хешро мебинӣ: маош мегирӣ. Он кам аст ё зиёд, бароят бефарқ аст. Муҳимаш ту бори нахуст музди меҳнати ҳалолатро дар даст дорӣ.
Бо хотири болида маоши аввалро ба модар медиҳӣ ва ё барояш гулдаста туҳфа мебарӣ. Модар хурсанд мешавад, аз пешонаат мебӯсад, табассум дар лабонат гул мекунад. Дилпур мешавад, ки акнун ҷигарбандаш ризқу рӯзирасон шуда, метавонад мустақилона зиндагиро пеш барад.
Магар ин лаҳзаҳои умри ҷавонӣ хотирмону шодибахш нест?
Бо гузашти вақт ошиқ мешавӣ. “Ишқ намаки ҳаёт аст”, мегӯянд. Ба духтари зебо дилбохта, рози дил мекунӣ, ба мулоқоти ошиқона меравӣ. Ин мулоқотҳо қалби ҳардуро бо ҳам мепайвандад, ба бунёди оиласозӣ замина мегузорад. Оиладор шуда, хона обод мекунӣ, фарзанди нахустин ба дунё меояд. Фарзанди ширинаку дӯстрӯяк меҳри зану мардро гарм карда, оила-ро қавӣ мегардонад. Падар мешавӣ ва насли хешро идома медиҳӣ...
ҶАВОНӢ “АСП”-ТОЗӢ НЕСТ...
Мутаассифона, панҷ ангушт баробар нест. Баъзе ҷавонон ин давраро ба маънои дигар мефаҳманд: шабгардию ҷӯрабозӣ, ишқу ошиқӣ. Онҳо вақти тиллоии худро дар марказҳои дилхушӣ мегузаронанд ва ба қавли худ ҷавониашон хуш мегузарад.
Волидайн бо сад умеду орзу фарзандашро (духтар ё писар)-ро аз ноҳияҳои дурдаст барои таҳсил дар муассисаҳои олию миёнаи касбӣ ба шаҳр мефиристанд. Бехабар аз он, ки баъзе аз ин фарзандон ҳам худу ҳам падару модарро фиреб дода, бо ном донишҷӯ ва дар асл дарсгурез мешаванд. Волидони дилпур ҳатто боре ҳам ба суроғашон намеоянд ва аз таҳсили фарзанд огоҳ нестанд. Дар натиҷа фарзанди аз гузашти вақт ғофил, дар чорсуи зиндагӣ ҳайрону саргардон мемонад. Вале вақти рафта дигарбора такрор намешавад. Яъне ҷавонӣ “асп”-тозӣ нест, ки дар давлати волидон тохтутоз карда гарданд.
Бисёрҳо мушоҳида мешавад, ки дар таҳсил ва касбомӯзӣ духтарон фаъолтаранд.
Онҳо беҳудагардӣ намекунанд, вақти худро ғанимат дониста, онро дар китобхонӣ мегузаронанд., дар машғулиятҳо низ иштироки хуб доранд. Хуб дарк кардаанд, ки илму касби омӯхтаашон дар оянда ба онҳо хушбахтӣ меорад...
Ёдовар шудани боз як далели дигар ба маврид буда, он аз бемаърифатии бархе аз донишҷӯён дарак медиҳад. Муаллими ҷавон ба литсейи касбӣ-техникӣ ба кор омад. Дар литсей мутахассисон намерасиданд, ӯро бе суҳбату санҷиш ба омӯзгорӣ қабул намуданд. Худи ҳамон рӯз кадри ҷавону сахтгир роҳбари синф таъин гардид.
Роҳбари синф, ки дигар омӯзгорон аз он ҳазар карда, худро аз хонандагонаш канора мегирифтанд. Аммо муаллим Салимзода бехабар аз ин сиру асрор буд.
Роҳбари қаблии ин синф муаллимаи ҷавону соҳибкасб буд. Зарифа баъди хатми донишгоҳ ба коллеҷ омад. Ба ин синф ҳамагӣ як рӯз роҳбарӣ карда, ҳатто бе ариза корро қатъ намуд. Чаро? Роҳбар ва омӯзгорони литсей як муаммои сарбаста буд. Вақте ки риштаи ин муаммо кушода шуд, он муаллимонро бе таваҷҷуҳ нагузошт. “Бо бачаҳои ин синф ҳеҷ омӯзгор тоб намеорад”, гуфта монданд.
Роҳбари литсей Салимзодаро барои муаррифӣ ба ин синфхона овард. Синф холӣ буд. Баъди 10-15 дақиқа хонандагон ҷамъ шуданд. Сардори синф ҷавони маъруфу бемаърифат буд, баробари вориди синф шудан баклашкаро ба Салимзода, ки дар паҳлуи директор меистод, дода амр кард: “Рав, баклашкаро пури об карда биё!”.
Муаллими ҷавон, ки донишҷӯи навтаҳсилро мемонд, ҳайратзада шуд. Ва баклашкаро ба “соҳибаш” баргардонид:
-Ин кас, роҳбари нави шумо!
Сардори синф бо сари хам дар қатори дуюми ҳамсинфон паноҳ бурд...
Баъди шиносоӣ Салимзода ҳамроҳи директор аз синф берун шуд. Директор ёдрас шуд, бачаҳои ин синф душвортарбияву бемаърифатанд. Роҳбари синфа-шон Зарифаро рӯзи аввал ҳалқа гирифта, ӯро ба рақс дароварда, рози дил гуфтанд. Муаллима аз ин амали онҳо тарки литсей кард.
Мақсад аз ин мисолҳо ҷавонони бетарбияро ба роҳи рост ҳидоят кардан аст. Ба тарбияи ин тоифа ҷавонон ҳам дар оила ва ҳам дар мактабу литсей ва муассисаҳои олӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданро бояд дар мадди аввал гузошт.
КОРИ ИМРӮЗРО БА ФАРДО МАГУЗОР
Дар омади гап мисоли пандомезеро аз ҳаёти як ҷавонписар ёдовар мешавем. Назаршо дар оилаи серфарзанд ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаро хатм карда, барои идомаи таҳсил дар донишкада озими шаҳри Душанбе шуд. Дар нақлиёти мусофирбар бо Мирзоалӣ ном ҷӯрааш вохӯрда монд.
-Мирзоалӣ, ту ба кадом донишгоҳ ҳуҷҷат месупорӣ?-суол кард Назаршо.
-Билет (чипта) дорам. Ба Россия ба мардикорӣ рафта истодаам,-посух дод Мирзоалӣ.
-Ту чӣ?-пурсид Мирзоалӣ.
-Ба донишгоҳи омӯзгорӣ ҳуҷҷат месупорам,-гуфт Назаршо.
-Биё моне, нав аз мактабхонӣ халос шуда, боз ба он ҷо бармегардӣ!?
-Бале, ҳамин тавр.
-Хондан дер намешавад, биё ҳамроҳ ба мардикорӣ рафта, пулдор шавему зиндагиро пеш барем.
Мирзоалӣ магар Назаршоро афсун намуд, ки ӯ барои ба мардикорӣ рафтан розигӣ дод. Онҳо баъди ду соли дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан як миқдор маблағ кор карда, ба Ватан баргаштанд. Волидон ӯро оиладор карданӣ шуданд.
Ҷавон бо мақсади таҳсили мактаби олӣ хоҳиши онҳоро рад кард.
-Писарам, таҳсил намегурезад, аввал зан бигир, баъд хонданата идома медиҳӣ,-гуфтанд.
Волидон писарро дар миёнаи чор дарё тахтабанд карда, боз гуфтандаш, ки доман тар макун, ҳушёр бош. Ҳамин тавр Назаршо оиладор шуд. Фарзандон ба дунё омаданд.
Ҳамасола як сабабе пеш меомаду вай таҳсилро идома дода наметавонист. Яъне кори имрӯзаро ба фардо гузошта, на илм омӯхту на касберо аз худ намуд...
АРОБАКАШӢ КАСБ НЕСТ...
Идомаи рӯзгори Назаршо. Ӯ боз, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овард. Дар сохтмон кор ёфт. Ҳамакора (разнорабочий) буд. Корҳои вазинин: бетоншӯрию хишткашонӣ мекард. “Фалокат аз таги по мехезад” гуфтагӣ барин, аз ошёнаи сеюми бинои навсохт, ҳангоми бетонкашӣ, бо аробааш сарозер шуда, ба замин афтид. Миёнаш лат хӯрд. Ноилоҷ боз ба хона баргашт.
Назаршо пас аз чанд моҳи табобат гирифтан ба кори бозор баромад. Ба савдои меваю полезӣ машғул шуд. Аз ин кор низ барака наёфт. Бо маслиҳати бародаронаш ба аробакашӣ гузашт. “Ҳасан”-и аробакаш (Назаршоро дар бозор бо ин лақаб мешиносанд), машғули кор вохӯрда мондам. Аз тақдири талхаш менолид. Пушаймон шуда, ки на илм гирифтаю на касберо омӯхта. Бале, пушаймон аст, пушаймон аз вақти рафта...
-Шукр гӯй, ки ба касби аробакашӣ машғулӣ, ризқу рӯзӣ меёбӣ,-дилбардориаш намудам.
-Аробакашӣ касб нест, шуғли мавсимӣ аст. Даромадаш низ арзише надорад. Дар фасли гармои корҳо хубанд, вале дар замистон дарди миён хуруҷ карда, азоб медиҳад. Ноилоҷ дар ин давра ба “рухсатӣ” мебароям...
P.S. Чуноне ки дар боло ишора рафт, ҷавонӣ давраи тиллоии ҳаёти инсон аст. Онро бояд тавре гузаронид, ки тамоми умр дар хотир боқӣ монад. Яъне, аз ҳар як фурсати ин давра босамар истифода намуда, масъулиятшинос, забондон ва соҳибкасб бояд буд, зеро ҷомеаи имрӯза маҳз ба чунин ҷавонон ниёз дорад.
С. АТТОР, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.