Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин шоири машҳури тоҷик ва Сардафтари адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакенти наздики Самарқанд ба дунё омадааст. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён хидмат кард ва ба авҷи шуҳрат расид. Сабки шеъри Рӯдакӣ сабки маъруфи хуросонӣ буда, забони шеъраш содаву равон ва ширину рангин аст
Сурудаҳои вай ғолибан лирикӣ ва таълимӣ буда, мавзуъҳои ҳамосӣ низ дар осораш ба хубӣ инъикос ёфтааст. Рӯдакӣ аввалин шоири соҳибдевон дар таърихи адабиёти тоҷику форс буда, осори вай як миллиону сесад ҳазор байт гуфта шудааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор байт аз Рӯдакӣ ба ёдгор монда, ки маҷмуае аз қасида, маснавӣ, қитъа ва рубоиро дар бар мегирад. Мавзуи ашъори Рӯдакиро ситоиши ватану ватандӯстӣ, илму донишандӯзӣ, хираду хирадварзӣ, тараннуми арзишҳои миллию фарҳангӣ, гиромидошти мақому манзалати инсон, башарпарастӣ, ғанимат шумурдани умр ва тарғиби шодию шодзистӣ дар бар мегирад.
«Калила ва Димна» аз осори дигари машҳури Рӯдакӣ аст, ки Муҳаммад Балъамӣ онро аз арабӣ ба тоҷикӣ-форсӣ баргардонид ва Рӯдакӣ онро ба риштаи назм даровард. Тамоми ашъори боқимондаи Рӯдакӣ зебову равон ва саршор аз ҳикмату андеша буда, муҳаққиқон дар интихоби намунаи беҳтарини ашъори ӯ ба мушкил гирифтор мешаванд:
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бадон гузарӣ.
Андеша ва ашъори Рӯдакӣ бисёр нобу равон ва орӣ аз ҳар гуна сохтакорӣ мебошад. Ӯ на танҳо асосгузори шеъри тоҷикӣ, балки мубаллиғи бузурги миллӣ, озодандешӣ, ҳаётдӯстӣ ва арзишҳои дунявӣ дар адабиёти классикӣ ба шумор меравад.
Рӯдакӣ шоири ватанпараст ва ситоишгари фарҳанг ва арзишҳои волои миллӣ дар замони Сомониён буд ва аз ин ки дар дарбори давлати миллӣ хидмат менамуд, ифтихори фаровон дошт:
Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ?
Маро бузургиву неъмат зи Оли Сомон буд!
Яке аз хусусиятҳое, ки шахсият ва шеъри Рӯдакиро шукӯҳу зинат бахшида, барҷаста месозад, озодфикрӣ, ситоиши давлати миллии Сомониён, эҳёи суннатҳои ниёгон, пойбанд набудан ба андешаҳои динӣ ва вуҷуди руҳияи баланди миллию дунявӣ дар шеъри ӯ мебошад.
Рӯдакиро метавон аз саромадони ҷараёни озодихоҳии мардуми Хуросону Варорӯдон аз султаи афкори арабӣ донист. Ин ҷараёни фикрӣ як ҳаракати фарҳангии алайҳи бартариталабии арабҳо буд, ки барои дифоъ аз забон, фарҳанг ва одобу русуми тоҷикон дар даврони хилофати арабҳо зуҳур кард. Таваҷҷуҳи бештари Рӯдакӣ бар андешаҳои баробарии нажодӣ, ифтихор ба пешинаи ғании таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, паҳлавонони ҳамосӣ, миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои пешазисломӣ аст, ки арабҳо табиатан аз он орӣ буданд.
Рӯдакӣ озодагиро ҷузъи ҳувияти мардуми ориёӣ дониста, хислати вижаи озодагон меномад. Ӯ таъкид мекунад, ки ин мардум ҳаргиз ғулом будан ва нанги бардагии арабро намепазиранд.
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он, ки Эзидаш ин чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
(Давом дорад)
Муҳаммад АМИНЗОД
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.