Куҳансолтарин парчамбардор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 сентябр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 214
Ӯ зиндагиро бидуни варзиш тасаввур карда наметавонад. Субҳро аз давидан оғоз мекунад ва гӯё дигарбора таваллуд мешавад. Ҳар субҳ чун ҷавони неруманд медаваду тамрин мекунад. Давлаталӣ Шамсов ягона куҳансолтарин парчамбардори кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб ёфта, анҷоми амалҳои варзишӣ меъёри ҳамарӯзаи зиндагиаш мебошад.
Давлвталӣ Шамсов 24-уми сентябри соли 1952 дар деҳаи Давлатободи ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Номбурда дар мактаби миёнаи №15-и ба номи Фирдавсии ноҳияи мазкур солҳои 1960-1968 ва мактаби №6 ба номи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб солҳои 1968-1970 таҳсил намудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна Шамсов дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ солҳои 1970-1972 хизмат намуда, пас аз адои хизмат соли 1978 ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил шуда, онро соли 1983 хатм намудааст.
Шамсов муҳаррири варзидаи телевизион, варзишгар, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, Корманди шоистаи варзишии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, номзад ба Устоди варзиши СССР оид ба варзиши сабук, Устоди варзиши собиқадорони Федератсияи Русия оид ба варзиши сабук, узви Кумитаи байналмилалии клубҳои дав мебошад, ки соли 2012 ба китоби фахрии Кумитаи байналмилалии дӯстдорони дав дохил гардидааст.
ПАРЧАМБАРДОРИ КИШВАР
Давлаталӣ Шамсов аз зумраи он варзишгароне мебошад, ки дар баланд бар-доштани шарафи Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ бо маҳорати варзишии хеш саҳми созгор гузоштааст. Қаҳрамони матлаби мо хотироти некашро аз лаҳзаҳои ба даст овардани ғолибият дар охирин мусобиқаи байналмилалии шаҳри Москва ба некӣ ёдовар шуда мегӯяд: “Қабл аз оғози мусобиқа аз як масъул хоҳиш намудам, ки дар канори роҳ парчами кишвари азизам - Тоҷикистонро гузоранд, то онро ба даст гирифта, ба марра наздик шавам. Давиданро оғоз намудем.
Аввалин нафар ман будам. Танҳо дар хаёлам як чиз чарх мезад. Ба худам суол медодам: “Парчамро гузошта бошанд?” Ҳангоми наздик шудан ба нуқтаи ниҳоӣ парчамро канори роҳ дидам, дарҳол парчамро ба даст гирифтам, боз масофаи роҳро идома додам. Ҳамин тавр, дар дастам парчам бо ифтихор, бо ғурури миллии тоҷикона мақоми аввалро соҳиб гаштам.
Лаҳзаҳои хотирмон бароям он буд, ки ровии мусобиқа аз миёни садҳо кишвари ҷаҳон номи Тоҷикистонро ба забон оварда, парчамашро паррфшон намуданд. Ин манзараро дида, аз чашмонам беихтиёр ашк ҷорӣ шуд. Ба худ мегуфтам, ман тавонистам, ки дигарбора дар синни 72-солагӣ парчами ватани маҳбубамро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардорам”.
ХАСТАНОПАЗИР
Хастанопазирии Давлаталӣ Шамсов дар он зоҳир мегардад, ки ҳаёташро, ба варзиш ҳавола намудааст. Дар баробари сафарҳои эҷодӣ ба шаҳру навоҳии вилоят, қалби шабро барои давидан ва машғул гардидан ба варзиш ихтиёр кардааст. Ӯ аз замоне, ки худро шинохту ба худ баҳо дод, дар мағзу пӯсташ эҳсос мекард ва ба варзиш гаравидан-ро беҳтарин роҳи комёб гардидан медонист. Ӯ дафтари хотироташро варақгардон намуда, ба ёд меорад, ки аз хурдӣ дар вуҷудаш барои анҷоми ҳеҷ коре эҳсоси хастагӣ намекард ва маҳз ин омил ӯро кашонд ба ҷодаи варзиш, махсусан ба риштаи намуди давидан ба масофаи тӯлонӣ.
Мавсуф ҳанӯз аз даврони хурдсолӣ ягона роҳи расидан ба қуллаи мақсудро дар машқу тамрин пайхас намуда буд. Гузариши вақту фосила ва гардиши айём соат ба соат Давлаталӣ Шамсови ташнаи варзишро ба мақсад наздик мекард. Ҳангоми 11-12 сол доштан, дар мусобиқаҳои маҳалливу ноҳиявӣ иштирок карданро шуруъ мекунаду дар кӯтоҳтарин фурсат ҳамчун ҷавони чобуку тездав дар ноҳия ном бароварда, шуҳрату шонаш вилояти онвақтаи Кӯлобро тасхир мекунад. Акнун ҳамагон аз маҳорати фавқулодаи Давлаталии ҷавон мегуфтанду аҳсан мехонданд, ки дар мусобиқаҳои маҳалливу ноҳиявӣ ба гунае ном ба номаш буд.
ШОРЕҲИ ВАРЗИШӢ
Меҳру муҳаббат ба варзиш Давлаталӣ Шамсовро на танҳо табдил ба як варзишгари муваффақ кард, инчунин, аз ӯ як шореҳи бомаҳорати варзиш сохт.
Мавсуф шуруъ аз соли 1973 дар рӯзномаҳои вилоятии “Ҳақиқати Кӯлоб”, “Роҳи Ленинӣ”, “Кулябская правда” фаъолият намуда, садҳо хабару мақолаҳои варзиширо рӯйи чоп овардааст. Маҳз маҳорату малакаи баланди хабарнигории Шамсов дар риштаи варзиш буд, ки солҳои 1985-1990 дар озмуни ҷумҳуриявии донишмандони варзиш, ки бо ибтикори рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” рӯйи даст гирифта шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардид.
Шамсовро аксарият ҳанӯз аз замони ҳамкорӣ намуданаш бо рӯзномаи вилоятии “Роҳи Ленинӣ” мешинохтанд. Ҳарчанд номбурда дар ин рӯзнома ҳамчун коромӯз ва мухбири ҷамоавӣ фаъолият дошт, аммо дар самти инъикоси ҳолати будубоши варзишгарон ва умуман соҳаи варзиш аз ҳеҷ рӯзноманигори касбӣ камӣ надошт ва пайваста мекӯшид, чеҳраи варзишгарони ҷадидро ба омма шиносонад. Баъд аз солҳои 90-ум Шамсов фаъолияти рӯзноманигориашро дар телевизиони “Кӯлоб” идома дода, то соли 2008 ҳамчун муаллифи барномаҳои варзишӣ дар ин телевизион фаъолият намудааст.
ФАТҲИ ҚУЛЛАИ МАҚСУД
Бо гузашти вақт Давлаталӣ Шамсов ба як рӯзноманигори солори варзишӣ табдил ёфта буд, машғул шудан ба варзиш ҳам кору пайкори ҳамарӯзааш буд. То соли 1966 номбурда танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ иштирок мекард. Вале вақти он расида буд, ки бояд ин давандаи моҳир маҳораташро берун аз марзу хоки бобоӣ нишон диҳад ва номи абармиллатеро бо номи тоҷик дар ақсои олам муаррифӣ намояд. Хушбахтона, соли 1967 он рӯзу вақти фаромӯшношуданӣ фаро расид ва акнун шуҳрату шони дохилӣ ӯро ба мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ бурд.
Бузургтарин дастоварди Шамсов дар он сол ноил гардиданаш ба мақоми аввали мусобиқаи умумииттифоқии дави марафонӣ буд, ки масофаи 42 километрро дар Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон тай намуд.
Соли 1979 Давлаталӣ Шамсов нахустин маротиба ба мусобиқаи бонуфузи дав, ки бо номи “Марафони кайҳонӣ” шуҳрат дорад, роҳ ёфт. Ин мусобиқа ҳамасола дар шаҳри Королёви Россия баргузор мегардад, ки Шамсов ҳамасола иштирокчии фахрии мусобиқаи мазкур аст.
БЕҲТАРИН ДАСТОВАРД
Соли 2017 барои Давлаталӣ Шамсов соли бобарору хотирмон буд, зеро ӯ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 41-умин марафони байналмилалии кайҳонӣ, ки дар шаҳраки Королёви Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, намояндагӣ кард. Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки беш аз 994 даванда аз манотиқи мухталифи Россия ва собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ иштирок доштанд, Шамсов тавонист масофаи 10 километрро дар муддати 54 дақиқаю 15 сония тай намуда, мақоми аввалро ишғол намояд. Ин дастовард орзуи ӯ буд, ки дар синни 67-солагиаш ҷомаи амал пӯшид.
Барои расидан ба фатҳи қуллаи мурод аз инсон заҳмату талоши зиёдро талаб мекунад. Давлаталӣ Шамсов аз он заҳматкашони роҳи пурмашаққати рӯзноманигориву варзишӣ мебошад, ки бидуни ин ду гӯё ҳаёташ маънӣ надорад.
Айни ҳол синни мубораки ӯ ба 72 мерасад, вале дилбастагии хешро аз варзишу омода намудани матлабҳои варзишӣ кам намекунад. Пайваста пайи тамрину омодагӣ ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Зеро боварии комил дорад, ки агар умр вафо кунад, дар мусобиқаҳои дигар низ иштирок намуда, боз ҳам ливои номусро болои сар мебардорад.
А. РИОЕВ,
Н. САИД,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...