Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Фарҳангу ҳунари тоҷикон таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад. Ниёгони мо бо офаридани намунаҳои олии осори ҳунар ва адаб дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. ба шарофати ҳунари шевову сатҳи баланди фарҳанг сарзамини худро ба ҳайси кишвари мутараққӣ дар масири тӯлонии инсоният маъруф сохта, ба имрӯзиён мероси гаронбаҳо ва ҳайратангези бадеӣ, маънавиро аз худ ба ёдгор мондаанд. Суғдиён, бохтариён ва портиён, ки дар ҳунар ва навъҳои он пешдаст будаанд, ба фарҳанги халқҳои ҳамҷавор таъсири зиёди муфид расондаанд.
Ниёгони мо дар ҳамаи навъҳои маъмули ҳунари тасвирӣ, аз ҷумла наққошӣ, меъморӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, кошинкорӣ, Хотамкорӣ, ҳаккокӣ ва ғайра намунаҳои барҷастаи ҳунар офаридаанд. Дар даврони Ҳахоманишиниён, Юнону Бохтариён, Селевкиён, Кӯшониён ва Сосониён ҳунар рушд кардааст. Ҳунари минётурнигории тоҷик, ҳамчунон, ки осори таърихӣ ва муаррихони Юнони Қадим шаҳодат медиҳанд, ки дар даврони қабл аз истилои аъроб низ вуҷуд дошт.
Аммо дар рушди ин ҳунар бинобар осори мавҷуда дар марҳилаи муайяни таърихӣ танаффусе ба вуҷуд омад. Эҳёи дубораи ҳунари минётури тоҷик аз садаи ХII шуруъ шуд ва инкишофи он дар асри XV ба ҳадди камол расид. Устод Камолиддин Беҳзод, Қосим Алӣ, Маҳмуди Музаҳҳиб, Муҳаммадмуроди Самарқандӣ ва даҳҳо нафари дигар беҳтарин осори адабиёти классикии форсу тоҷикро бо минётурҳои нафису зебо аксандозӣ намудаанд. Нусхаҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Хамса”-ҳои Низоми Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдӣ, девонҳои ашъори Ҳофиз, Анварӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, дастнависҳои осори Аттор, Саноӣ, Ҷомӣ ва шоирони дигар, ки бо намунаҳои барҷастатарини ҳунари минётурнигорони тоҷик дар бузургтарин ганҷинаҳои осори хаттии ҷаҳон маҳфузанд. Намунаҳои зиёди ин минётурҳо дар шакли китобҳои мусаввар дар Иттиҳоди Шуравӣ, Эрон ва мамлакатҳои дигар ба табъ расидаанд.
Анъаноти ҷолиби ҳунарӣ дар навҳои мухталифи санъати мардумӣ, ки таърихи чандинасра дорад, идома ёфта, мӯҷиби эҷоди осори шигифтовари наққошӣ, ҳаккокӣ, кошинкорӣ, заргарӣ, кулолӣ, мисгарӣ, гулдӯзӣ ва ғайра гардид.
Дар ҳунари тоҷик пас аз пирӯзии Инқилоби Октябр дар баробари ороиши амалӣ навъҳои дигари санъати тасвирӣ, аз қабили рассомии станкавӣ ва монументалӣ, сиёҳқалам ва ҳайкалтарошӣ низ эҳё ва ташаккул ёфтаанд.
Вазъу ҳолате, ки дар марҳилаи аввали замони Ҳокимияти Шуравӣ ба вуҷуд омада буд, аз ҳунари тасвирӣ тамоюли ташвиқотӣ ва тарғиботиро тақозо менамуд. Аз ин рӯ, дар даҳсолаи аввал навъҳое чун плакат, варақаи мусаввари тарғиботӣ, осори сияҳқалами рӯзномаву маҷаллаҳо бештар ривоҷ ёфтаанд. Дар инкишофи ҳунари тасвирӣ рӯзномаҳои “Шуълаи инқилоб”, “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, маҷаллаҳои “Роҳбари дониш”, “Мушфиқӣ” ва амсоли онҳо нақши муҳим бозидаанд.
Дар он солҳо яке аз вазифаҳои муҳим дар мавриди инкишофи ҳунари тасвирӣ аз созмондиҳии таълиму тарбияи мутахассисони миллӣ ва ташкили муассисоти фарҳангӣ, аз қабили осорхонаву кохҳои маданият иборат буд. Соли 1932 Осорхонаи давлатии кишваршиносӣ таъсис ёфт, ки дар он ёдгориҳои бостоншиносӣ ва намунаҳои осори навъҳои гуногуни ҳунари тасвирӣ ва амалӣ- ороишӣ гирд оварда шудаанд. Дар соли 1936 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таълиму тарбияи рассомону наққошони ҳирфавии миллӣ омӯзишгоҳи рассомӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин марҳила кӯшишҳои дар созмоне муттаҳид сохтани рассомони тоҷик ба амал омад соли 1933 дар натиҷаи таъсиси Иттиҳодияи рассомони Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст.
Он осори беҳтарини ҳунари рассомӣ ва наққошӣ, ки дар тӯли солҳои 30-ум ба вуҷуд омад ва аз фаъолиятмандии рассомону ташаккули санъати тасвирии даврони нав дар Тоҷикистон гувоҳӣ медод, дар соли 1941 дар Даҳаи нахустини адабиёту санъати тоҷик дар Маскав ба ҳаводорони ҳунар манзур гардидааст. Мусаввараҳои ин намоишгоҳ падидаҳои ҳаёти нав, дигаргуниҳои иҷтимоӣ, манзараҳои рангини табиати Тоҷикистон ва симои ашхоси маъруф ва заҳматкашони одии диёрро инъикос менамуданд. Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ да-стаи бузурги ҳунарварон ба камол расиданд.
Алоқамандони тамоюли аввал рассомоне ҳастанд, ки дар эҷодиёти худ шаклҳои анъанавии нигориш ва суннатҳои ҳунари рассомии реалистии русро ҳифз менамоянд.
Алоқамандони тамоюли дувум, ки дар солҳои 60-ум таҳсили хешро дар донишкадаҳои рассомӣ анҷом додаанд, бо ҷуръати том чаҳорчӯбаи шаклу нигориши анъанавиро шикаста, аз ин доира берун мераванд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи тарҳу тасвирҳои тозаи ифодаи тимсолҳоланд.
Тамоюле, ки хоси санъати рассомии солҳои 60-ум буд, дар солҳои 70-ум мутобиқи тақозои замон ва рушди ҳунар идома ёфтаанд. Оҳангҳои навҷӯёнаву навоварона дар ҳунари рассомӣ ба туфайли ҷаҳду тозакориҳои мусаввирони ҷавон баландтар гардиданд.
Ҷиҳатҳои умдаи пажуҳишҳои рассомон дар солҳои ҳафтодум, ки дар осори эшон ифода ёфтаанд, аз мушоҳидаҳои амиқи фалсафӣ, ифодаи ҷанбаҳои маънавӣ ва рӯҳонӣ, таваҷҷуҳ ба олами ботинии инсони мавриди тасвир, нигоҳи амиқ ба воқеъияти атроф ва таъкиди муносибати фардӣ ба мавзуи тасвир иборатанд. Аксари мусаввараҳо аз лиҳози бадеият тарҳу таркиби мукаммал доранд ва аз лиҳози маънӣ пурмуҳтавоанд. Ба осори рассомоне, ки ба тамоюли дувуми мутазаккир дар боло мансубанд, самимияти нигориш, тимсолҳои беоло-иш, андешамандии шоирона ва рамзу кинояву истиораҳои бамавқеву ҷолиб, забони гӯё ва шевои тасвир хосанд.
Санъати муосири тасвирии тоҷик ба як ҷузъи ногусастании фарҳанги мардуми мо мубаддал гаштааст. Рангорангии усулу сабки ни-гориш, мухталифии жанрҳо, ифодаи андешаву тимсолҳои ҷолиб, зуҳури тамоюл ва ҷустуҷӯҳо дар роҳи тақвияти ҷанбаҳои фалсафӣ, маънавӣ ва шоиронаи мавзуъҳои мавриди тасвир заминаи рушди босуръат ва ғановатмандии муҳтавои ҳунари тасвириро фароҳам меоваранд. Ҳар як рассоми соҳибзавқ ва соҳибкасб бо мусаввараҳои беҳтарину барҷастаи худ дар роҳи тасвири амиқи воқеият, тавсифи сифатҳои неки инсонӣ, тараннуми табиати афсункору падидаҳои дурахшон ва умедбахши зиндагии муосир саҳм гирифта, ба бинандаву дӯстдорони осори ҳунарҳои нафиса хушбинӣ ва ғояҳои олиро талқин месозад.
Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон рушди санъати тасвирӣ ба маҷрои солим ворид гашта, рисолати азалии хешзебоиофариро барқарор намудааст ва сарба-ландана сӯи қуллаҳои нав қадам мемонад.
Имрӯз бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, мактабу коллеҷҳои рассомӣ ва донишкадаҳо таъсис ёфтаанд, ки ин барои пешрафти илму ҳунар ва санъати тасвирӣ ёрии маънавӣ мерасонад.
Манижаи ИЗЗАТУЛЛО,
Марҷонаи АбДУМАЛИК
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.