Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 186
Замони ҳозира яке аз муш-килтарин ва хавфноктарин давраҳо дар таърихи даҳсолаҳои охири башарият мебошад. Зеро, баъд аз суқути давлати Шуравӣ ва соҳибистиқлол шудани ҷумҳуриҳои он, аз ҷумла Тоҷикистон, мубориза барои ҳокимият хеле шадид гашта, неруҳои тундрав, ифротӣ ва террористӣ фаъолияти худро густурда намуданд. Аслан, ин мубориза на танҳо барои ғасби ҳокимият, балки ҷорӣ намудани низомҳои мазҳабии асримиёнагӣ ва аз шоҳроҳи тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии муосир боздоштани мардуми ин кишварҳо, махсусан мусалмонон, будааст.
Барои беҳтар дарк кардани ин нақша ба солҳои 90-уми асри гузашта руҷуъ кардан зарур ба на-зар мерасад, зеро заминаҳои имрӯз фаъол шудани баъзе ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба ҳамон давра вобаста мебошад. Ҳанӯз дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри XX халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ ба имтиҳони сахти таърих рӯ ба рӯ шуда буданд.
Дар он солҳо ҳам хиёнат буд, ҳам ҷанг ва ҳам нанг. Хиёнат аз тарафи вобастагони неруҳои харобгар ва нанг аз ҷониби мардуми дилогоҳу ватанпараст ва парастори ҳақиқат. Дар Тоҷикистон, ки мардум ба шароити ороми солҳои 60-80-ум одат карда буданд, аз нақшаҳои дасисакории М.С.Горбачев, А.Яковлев, Б.Елтсин ва пайравонашон маълумоти кофӣ надоштанд.
Пайравони онҳо ва табаддулотхоҳони динӣ, ки бо шиорҳои “демократия” ва озодӣ мардумро ба майдонҳо мекашиданд, бо торҳои ниҳонӣ аз беруни кишвар идора мешуданд. Вале мардуми одӣ ин тарҳҳоро дида наметавонистанд ва аз пайи “ҳақиқатҷӯён”-и ба ном озодихоҳ рафта, 150 ҳазор қурбон шуд.
Яке аз донишмандони муосири рус навиштааст: “Пас аз он ки чаҳорчӯбаҳои собиқ якбора холӣ ва бекор шуданд, чӣ рух дод? Соҳаҳои холишудаи институтсионалӣ ва ё ғайриинститутсионалиро гурӯҳҳои тасодуфан ва ё зуд ташаккулёфта, ки баъзеи онҳо иттиҳодияҳои мафиозӣ буданд, ба зудӣ “хусусӣ” карданӣ шуданд ва ба тезӣ ба мубориза барои қудрат ва нуфуз пардохтанд”.
Таърих, ба ақидаи муҳаққиқ, бори дигар исбот кард, ки агар зӯроварӣ бо зӯроварии дигар бартараф карда шавад, самараҳои тамаддунӣ аз байн мераванд. Ҳамин тавр, тамаддуни Шуравиро комилан рӯфта партофтанӣ шуданд.
Дар воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамин ҳодиса рух дод ва гурӯҳҳое, ки ба таври ғайриконститутсионӣ, бо зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ ба сари қудрат омаданӣ буданд, боиси хароб шудани низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардиданд. Яке аз роҳҳои таъсиррасонӣ ин буд, ки худро ҳомии дин нишон дода, тарафи муқобилро ба куфру ҷиноят гунаҳгор мекарданд.
Имрӯз онҳое, ки мақсадҳои худро дар Тоҷикистон дар он солҳо амалӣ карда натавониста буданд, баҳонаеро барои ба шӯр андохтани ҷомеа ҷустуҷӯ мекунанд. Зеро, муваффақиятҳое, ки Тоҷикистон ба даст овардааст, онҳоро ором намегузорад ва ҳамон амалҳои харобиоварро, ки анҷом медоданд, зери шиори ҳимояи Ислом мехоҳанд идома диҳанд.
Ба наздикӣ аз Ютуб барномаеро тамошо кардам, ки Аҳмад Фирӯз ном шахсе мардуми Тоҷикистонро ба ҷиҳод даъват мекард, зеро ба ақидаи ӯ “дар ин кишвар воридоти Қуръону ба масҷид рафтани ҷавононро манъ кардаанд, барои ҳиҷоб ҷарима муайян сохтаанд” ва ғайра ва ҳоказо.
Ба гуфтаи ин мавлавӣ, гӯё садҳо тоҷикони бечора ба ӯ муроҷиат кардаанд, ки дини Ислом зери хатар аст ва ӯ бояд ба онҳо ёрӣ расонад.
Хеле аҷиб аст, ки ин мавлавӣ, намедонам боре ба Тоҷикистон омада бошад, бо мардуми тоҷик, зиндагии ӯ, масҷидҳои шаҳрҳову ноҳияҳо, ибодати мардум ошно шуда бошад ё не? Ин марди аз ҷаҳони муосир ва аз ватани худ бехабар, чунон худро дилсӯзи мусалмонони Тоҷикистон нишон медиҳад, ки агар ба ӯ фаразан касе бовар кунад, бояд ҳамаи корҳо ва зиндагии худро як сӯ гузошта, ба даст силоҳ бигирад, ба кӯчаҳо барояд, ҷиҳод кунад, хун резад ва Тоҷикистонро ба коми ҷаҳолат кашад. Ӯ худро ба нодонӣ мезанад ва намегӯяд, ки боре ҳамфикрон, ҳамразмон ва хоҷагони ӯ ҳамин шиорҳо, даъватҳоро дар масҷидҳо, кӯчаю бозор, маҳаллаҳову гузарҳо ошкоро бо тамоми овоз такрор мекарданд.
Як гурӯҳ мардуми фиребхӯрда ба онҳо бовар карда, натиҷаашро дид. Тақрибан 150 ҳазор тоҷик қурбони дасисаи ин гуна мавлонҳо шуданд, иқтисоди кишвар харобу тақрибан як миллион гуреза ба хориҷ ва дар дохили кишвар овораву саргардон шуданд. Шиорҳои фиребандаи ба ҷиҳод даъваткунанда боиси он шуданд, ки илму маориф ва фарҳанги тоҷик аз ин мавлавиҳо зарбаи ҷонкоҳ диданд.
Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолии давлатӣ дар натиҷаи “паёмҳо”-и ин гуна воизон, ки “ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд”, ба фалокате дучор омада буд, ки халқ орзу мекард, дуто нонро бемалол ба даст орад ва аз тири нохалафон дар амон бошад.
Фарзандони фарзонаи тоҷики афғонистонӣ Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва ба мантиқи ӯ бовар карданд.
Имрӯз ба ин мавлавии дурӯғпарокани иғвогар ва ҷиҳодталаб бояд хотирнишон кард, ки Тоҷикистон аз фақру гуруснагӣ наҷот ёфт.
Маҳз Президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки барои хомӯш кар-дани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ҷонро ба каф гирифта, халқи худро ба оромӣ ва осудагӣ овард.
Маҳз ҳамин Ҳукумати имрӯза буд, ки масҷидҳои нав эъмор шуданд, расму анъанаҳои аҷдодӣ эҳё гардиданд. Маҳз ҳамин Ҳукумат буд, ки аввалин бор дар Тоҷикистон Донишкадаи исломӣ ба вуҷуд омад. Маҳз ҳамин Президент Симпозиуми
байналмилалии 1310-умин солгарди Имоми Аъзамро баргузор карда, моҳияти мазҳаби ҳанафиро ба мардум тавзеҳ доданд.
Ин мавлавӣ даъвои сухани ҳақ дорад ва бар забон меорад, ки “ҷоъ-ал-ҳақ ва заҳақ-ал-батил иннал-батила кана заҳуқа”, яъне, “ҳақ боқӣ хоҳад монд ва дурӯғ нобудшаванда аст”.
Оре, ин суханони қуръонӣ бешак, ҳақ мебошанд ва мо эътироф дорем. Вале мавлавӣ Аҳмад Фирӯз мегӯяд, ки Президенти Тоҷикистон ҳаҷро манъ кардааст. Ин сухани Аҳмад Фирӯз дурӯғи маҳз аст. Биёед ба рақамҳо муроҷиат кунем.
Ҳамин сол ба зиёрати Маккаи мукаррама беш аз 10 ҳазор нафар рафтанд. Аз ҷумла, ба ҳаҷҷи фарзӣ беш аз шаш ҳазор нафар. Пас, ин мисоли равшан оё сухани Аҳмад Фирӯзро тасдиқ мекунад ё рад?
Агар Президент маросими ҳаҷро манъ карда бошад, ин 6 ҳазор нафаре, ки ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд, пинҳонӣ рафтаанд? Оё ҳоҷиҳое, ки аз зиёрат баргаштаанд, суханони Аҳмад Фирӯзро ботил намешуморанд?
Аз олимони динии Тоҷикистон ҷавоби Ҳоҷӣ Мирзоро шунидам, ки хеле мантиқӣ ва бомулоҳиза буд. Даъвоҳои ҷиҳодии Аҳмад Фирӯз баринҳоро бо далел рад мекард.
Мавлавӣ Аҳмад Ҳукумати Тоҷикистонро ба куфр муттаҳам месозад ва фатво медиҳад, ки бар зидди Президент, Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷонибдорони он қиём кунанд, зеро онҳоро кофир мехонад.
Ман огоҳ нестам, ки оё Аҳмад Фирӯз ҳаққи фатво дорад ва ӯ сарвар ва муфтии мусалмонони ҷаҳон аст, ки шаҳрвандони кишварҳои дигарро ба эъдом фатво медиҳад?
Ба олимони динии Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯяд, ки бар зидди Президент ва ин Ҳукумати кофирон бархезанд, ҷиҳод кунанд, аз хунрезӣ натарсанд. Яъне, ӯ мехоҳад, ки дар Тоҷикистон ҳамон ҳодисаҳои солҳои 90-ум такрор шаванд.
Маълум мегардад, ки барои ӯ хунрезӣ як чизи хеле одӣ мебошад. Ба муллоҳои тоҷик муроҷиат мекунад, ки аз ҷиҳод ва хунрезӣ натарсед. Бинед, ки дар Афғонистон чӣ теъдод муллоҳо кушта шуданд.
Ҳамин гуна мавлавиҳои ба хун ташна ҳамеша донишмандон ва олимони воқеии динӣ ва дунявиро ба азият гирифтор карда буданд.
Суханрониву мавъизаҳои Аҳмад Фирӯз, ки даъват ба ҷиҳоду ҷанг бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ба ҷуз нифоқу фитна ва низоъандозӣ дар байни мусалмонон чизи дигар нест.
Мавлавӣ ба суоли мо чӣ ҷавобе хоҳад дод: Оё Ибни Сино кофир буд? Оё Ҳаким Саноӣ кофир буд? Оё Аҳмади Ҷом кофирбуд? Чаро ин шахсиятҳои бузург, фарзандони фарҳехтаи миллати тоҷик, ки ифтихори тамаддуни ҷаҳонианд, гурӯҳе ба ном уламо, ки аслан ба ҷоҳиливу террористӣ ва хунрезӣ ном баровардаанд, будаанд, онҳоро ба куфр муттаҳам карда буданд. Оё Ибни Сино аз ин гуна муфтиҳо безор набуд, ки дар ҳаққашон гуфтааст:
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд.
Аҳмади Ҷом, ки яке аз бузургтарин мутафаккирон ва шариатмадорони замонаш буда, дар тавба мақоми баланд дошт, чунин муфтиёнро, ки ба куфри мусалмонон фатво медоданд, “нопокон” номида буд.
аҳмади Ҷом навишта буд: “Намедонӣ, ки чӣ мекунӣ ҳам ба худ ва ҳам ба мусалмонӣ? Эй муфтиёни беилм ва бехирад ва бетақво! агар шуморо илм ва хирад ва тақво ёр будӣ, ҳаргиз дар боби ҳеҷ мусалмоне ба кофарӣ фатво накардӣ. Ҳар кӣ аз аҳли илм буд, донад, ки мо кофарӣ аз мусалмонӣ ба қавли шаҳодат боз донем. Ҳеҷ кас аз дили ҳеҷ кас надонад ва хабар надорад, то ӯ дар дил чӣ дорад. Макунед, эй нопокон! даст аз чунин фатво бардоред, ки Худой ва расул ва ҷумлаи анбиё ва ҷумлаи му-салмонон хасми шумоанд...
Ман, аз инҳо, ки шумо кофар мегӯед, якеам ва монанди ман бисёр аст.
Ва ман аз сари таҳқиқ ва тақво фатво мекунам, ки муфтие ин мусалмононро ба куфр фатво мекунад, ҳаргиз эшон аз уҳдаи он берун натавонад омад. Ҳақ Таъоло эшонро тавбаи насуҳ каромат кунад ба ҳаққи Муҳаммад ва олиҳи аҷмаин”.
Хонандаи азиз, бубинед ба чунин фатводеҳон ҳазор сол қабл мутафаккири бузург, шайхулислом, шоири озодфикр бо чӣ ҷасорате ва чӣ гуна ҷавоб додааст.
Мо - мусалмонони тоҷику тоҷикистонӣ ба суханони иғвоангез, туҳматолуд ва даъват ба хунрезии Аҳмади Фирӯз бовар кунем ё ба шайхулислом Аҳмади Ҷом, ки асрори чунин фатвогаронро хеле равшан ифшо карда буд?!
Ҳар шахси оқил, ватанпараст ва аз таърихи миллату дунё бохабар ба хубӣ дарк мекунад, ки даъват ба ҷанг, хоҳ бо истифодаи шиорҳои дунявӣ бошад, хоҳ бо шиорҳои динӣ камоли бехирадӣ буда, ба ғайр аз харобӣ ва куштор чизи дигаре намеорад.
Ҳизби фаъолияташ мамнуъи наҳзати ислом солҳои 90-уми асри гузашта бо чунин шиорҳои ҷиҳодӣ мардумро сарсону саргардон ва иқтисоду ҳаёти иҷтимоиро ба касодӣ оварда буд.
Ҳизбҳои мухталифи исломӣ, ки даҳсолаҳо дар Афғонистон барои забти ҳокимият мубориза бурданду ва имрӯз низ баъзе аз онҳо, ки дар сари қудратанд, қонунҳои қуруни рустоиро ҷорӣ карда, мардум ва кишварашонро аз роҳи тараққиёт боздоштанд.
Мавлавӣ Аҳмад бо тамоми неру бар зидди Тоҷикистон ҷиҳод эълон кардааст. Вале ӯ агар ватанпарасти воқеии кишвари худ бошад, чаро дар бораи поймол шудани ҳуқуқи тоҷикон дар он ҷо чизе намегӯяд? Чаро дар бораи аз таҳсил манъ кардани духтарон, аз корҳои таълиму тарбия дур кардани занон, бастани мактабҳои олӣ, манъ кардани истифодаи калимаҳову истилоҳоти дарӣ аз тарафи толибон даҳон намекушояд?
Чаро маҳз масъалаи ҳиҷобро барои Тоҷикистон матраҳ намуда, аз сиёсати зидди тоҷикии толибон ҳарфе ба забон намеоварад? Аз шунидани суханони ӯ ба хулоса омадан мумкин аст, ки ба ӯ ҳамчун тӯтӣ соҳибонаш як мавзуъро ёд додаанд ва ба ғайр аз куфру илҳоди Ҳукумати Тоҷикистон чизеро намедонад.
Оё ин “дилсӯзи тоҷикон”, ки мардуми мусалмони кишварро ба ҷанг бар зидди Ҳукумат даъват менамояд, агар худаш тоҷик бошад (мутаассифона, миллаташро намедонам), лоақал аз рӯйи инсоф дастовардҳои Тоҷикистонро дар дохил ва арсаи байналмилалӣ эътироф мекард. Таҳлилгари оқил камбудиро, ки гуфт, комёбиашро низ аз рӯйи инсоф бояд бигӯяд. Ба гуфтаи пандомӯзи лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ “айби касро, ки бигуфтӣ, ҳунараш низ бигӯ”.
Агар Президенти Тоҷикистон либоси миллии мардуми худро таблиғ карда, анъанаҳои неки ниёгонро эҳё карданӣ бошад, пас ин оё бар зарари Ислом аст?
Аз ҷаноби Аҳмади Фирӯз пурсиданӣ ҳастем, ки оё он заноне, ки дар Тоҷикистон (ва на танҳо дар Тоҷикистон) беҳиҷоб, бо либосҳои миллии худ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар риштаи таълиму тарбия, илм, тандурустӣ, тиҷорат, корхонаҳои саноатӣ, ҳунармандӣ, косибӣ кор мекунанд, онҳо кофир ҳастанд? Бадахлоқ ҳастанд? Ва баръакс, оё ҳамаи онҳое, ки зери ҳиҷоб ҳастанд, покдоман ва мусалмонони бегуноҳ мебошанд? Хуб мешуд, ки ин мавлавӣ бо баҳси шоири шаҳири эронӣ Эраҷ Мирзо ва шоири маъруфи он кишвар Орифи Қазвинӣ ошно мешуд.
Мавлавӣ Аҳмад мегӯяд, ки Қуръон хондан, дар масҷид садо баланд кардан ва ҳаҷро Президенти Тоҷикистон манъ кардааст. Оё ин мавлавӣ далел дорад, ки дар кадом масҷид ва дар куҷо азону намозро манъ кардаанд ва ё агар манъ карда бошанд, ба кадом иллат буда?! Вақте бодиққат, боинсофона, бидуни таассуб суханони мавлавӣ Аҳмади Фирӯзро гӯш мекунӣ ва воқеияти Тоҷикистонро мебинӣ, комилан дурӯғ будани су-ханони ӯ ошкор мегардад. Ман олими дин нестам, вале аз дин бехабар ҳам нестам.
Мавлавӣ Аҳмад ба шӯр омада, мегӯяд, ки анқариб мардуми Тоҷикистон насронӣ мешаванд. Оё ин суханони Аҳмади Фирӯз рост аст? Ман бо боварии комил мегӯям, дурӯғ аст! Ин гуфтаи мавлавии мазкур ба Қуръон садоқат надорад, зеро дар Қуръони карим омадааст: “Иннал-лоҳи Таъоло юҳибу-с-содиқин”. Яъне, Худои муттаол ростгӯйҳоро дӯст медорад. Агар инро мавлавӣ Аҳмад хуб донад, бояд мувофиқи он амал намояд. Пас, чаро дар мавъизааш ба дурӯғ майл мекунад?
Ҷиҳодеро, ки чунин мавлавиҳо ва тарафдорони онҳо дар Тоҷикистон ба роҳ андохтанӣ ҳастанд, барои мардуми тоҷик чӣ пайомад хоҳад дошт? Аввалан, аз дасти муҷоҳиддине, ки ба онҳо ба ҷуз ақидаҳои тундравонаи динӣ миллату давлати соҳибистиқлол арзише надорад, зиёиёни бедорфикр ва ватанпарасту маърифатпарвар аз байн хоҳанд рафт.
Дуюм, мактабу маорифи дунявӣ баста хоҳад шуд. Занону духтароне, ки соҳиби илму ихтисос ҳастанд, ба гӯшаи фаромӯшӣ маҳкум хоҳанд шуд. Дар ин гиру дор, чунонки дар солҳои навадум шоҳид будем, фирору муҳоҷирати иҷборӣ фарогири тамоми кишвар хоҳад гашт.
Истиқлоли давлатӣ зери суол хоҳад монд. Миллати тоҷик, ки тоза қоматашро рост карда, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф наму-да, соҳиби истиқлоли воқеӣ шудааст, пароканда хоҳад гашт. Оё мавлавӣ Аҳмади Фирӯз оқибати даъва-ти ҷиҳоди худашро бар мантиқи ақлу имон бар кашидааст?!
Хушбахтона, имрӯз давлати тоҷикон неруҳои солим, ватанпараст, Қувваҳои Мусаллаҳи қавӣ дорад, ки барои табаддулотҳои зиддиконститутсионӣ ҳеҷ гоҳ роҳ нахоҳанд дод. Халқи тоҷик дубора фиреб нахоҳад хӯрд. Ҷаҳони мутамаддини муосир зидди ҷанг ва зӯроварист. Он кишварҳое, ки пешрафта ҳастанд, мардуми онҳо таҳаммулро асоси зиндагии худ қарор додаанд.
Яке аз донишмандони амиқназари муосир навиштааст: “Таҳаммул ва рафтори бидуни зӯроварӣ нишондиҳандаи муҳимтарин ва беғалати рушди ахлоқии инсон ва ҷомеа мебошад.
Дар айни замон он тақозои ҳатмии амалии замони мост. Тамоми мантиқи тараққиёти тамаддуни муосир ба дарки ин нукта мебарад, ки таҳаммул ва адами зӯроварӣ шарти муҳимтарини пешрафт ва шукуфоии инсоният дар оянда мебошад”.
Ба назари банда, шахсони оқил, дурандеш, инсондӯст, аз ҷумла мусалмонони сулҳдӯст ва мутараққӣ ҷонибдори чунин ақида ҳастанд, на тарафдори ҷиҳоду хунрезӣ.
Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академик
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...