Сайру гашт дар само
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 160
Фарроши ҷавоне утоқи кории лочини тайёраро тоза менамуд, ногоҳ дар кунҷи утоқ китоберо бо номи “Чӣ гуна тайёраро идора намуд? Барои навкорон. Ҷилди 1”-ро дид.
Дар ҷойи кории лочин нишасту китобро ба даст гирифт. Саҳифаи якуми онро кушод. Навиштаҷотеро дид: “Барои он ки муҳаррикро ба кор дароред, тугмаи сурхро зер кунед”. Ӯ чунин кард. Муҳаррики тайёра фаъол шуд. Фаррош шод шуд.
Саҳифаи дуюмро кушод. “Барои он ки тайёраро ба ҳаракат дароред, тугмаи кабудро зер кунед”. Фавран тугмаро зер кард. Тайёра дарҳол ба ҳаракат даромад.
Ҷавон мехост тайёра парвоз кунад. Барои ин вай саҳифаи сеюми китобро кушод. Дар он навишта шуда буд: “Барои он ки тайёра парвоз кунад, тугмаи сабзро зер кунед”. Ҷавон тугмаи сабзро зер кард ва тайёра парвоз намуд.
Шодии ҷавон ҳадду канор надошт, ӯ дар куртааш намеғунҷид, аз зиндагиаш розӣ буд. Баъди 20 дақиқаи парвоз ва сайру гашт дар само фаррош хост тайёраро ба замин шинонад.
Дар ҳамин асно саҳифаи чоруми китобро кушод. “Барои он ки донед, чӣ гуна тайёраро ба замин нишонед, лутфан ҷилди дуюми китобро аз наздиктарин мағозаи китоб харидорӣ намоед”- навишта шуда буд дар саҳифаи чорум.
Ҳеҷ гоҳ амалеро иҷро накунед, агар дар бораи он иттилои пурра надошта бошед. Ҳамеша пеш аз шуруи коре санҷед, ки нақшаи баромадан аз онро доредё на.
Таҳияи Толиб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00