Қонун - кафили рушди маърифати ҳуқуқӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 363
Дар масири таърих асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин риояи қонуну қоидаҳои адолатпешаю инсонпарварона будааст. Рушди бонизоми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро бе мавҷудияти тартиботи ҷамъиятӣ дар дохили давлат тасаввур намудан ғайриимкон аст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ эҷоду таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии сарнавиштсозу адолатпарварро ба роҳ монда, дар заминаи он бо роҳҳои гуногуну мақсаднок маърифати ҳуқуқии ҷомеаро боло бояд бурд.
Натиҷаи таҳлили маъхазҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки омили аслии рушди сохтори сиёсию ҷамъиятии империяҳои бузургтарини дунёи қадим, аз қабили Юнон, Бобул, Рим, Ҳахоманишиҳо, Кӯшониён, Сосониён ва ғайра эҷоди хирадмандонаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар қонунномаҳо ва амалӣ намудани ислоҳоти ҳуқуқии мақсаднок мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати таҳия ва амалӣ сохтани як ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ пеш омад. Ин заруриятро, хушбахтона, давлат ва Ҳукумати навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 дарк намуда, пайи амалӣ кардани он иқдом гирифтанд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифт ва роҳҳову самтҳои инкишофро муайян намуд. Нуктаи асоситарини татбиқи ин ислоҳот қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 мебошад, ки таҷассумгари бақои давлату ҷамъият аст.
Алҳол дар ҷумҳурӣ соҳаеро муайян намудан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Вуҷуд доштани базаи мустаҳками қонунгузорӣ руш-ди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд. Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун воситаи танзим-кунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст.
Ҳарчанд, қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва ме-ханизми амали онҳо масъалаи марказӣ ё худ бунёдии рушди давлат бошад ҳам, дар баробари ин, татбиқи бечунучарои қонунҳо дар ҷомеа аҳамияти калон дорад. Ин масъала ба сатҳи тафаккури ҳар фарди ҷомеа зич алоқаманд аст. Беҳуда нест, ки таъмину волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи дав-лат ва шахсият аз рӯи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд.
Зарбулмасали халқҳои англис вуҷуд дорад, ки чунин мегӯяд: «Барои он, ки пеши қозӣ наравӣ, пушти сари қонун роҳ бирав». Аз ин лиҳоз, донистани ҳуқуқ танҳо вазифаи мутахассисону коршиносони соҳа набуда, он вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст. Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванде мебошад, ки дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунад. Он маданият ва неруи ақлонию илмии шахсро нишон медиҳад. Шаҳрвандон дар чунин давлату ҷомеа бояд қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд.
Дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият баланд мебардорад, зеро ки ба мафҳумҳои ҳаққу ботил амиқ сарфаҳм меравад ва аз роҳу амалҳои нодуруст худро бозмедорад.
Аз ин дидгоҳ, ҳар узви ҷомеа, агар бихоҳад, ки дар зиндагӣ боэътибор бошад, бояд ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ арҷгузорӣ намояд. Инсон шаъну шарафи хешро танҳо ба василаи қонунҳои мавҷуда ва дигар санадҳои меъёрӣ метавонад ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».
Ин меъёри конститутсионӣ моро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ пешоҳанг бошем. Бояд гуфт, ки бе ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мебошад.
Масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накукорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Хулосаи муҳим ин аст, ки барои ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, бартарафсозии нигилизми (инкори маслаку мафкура, шаккокӣ) ҳуқуқӣ, беэътиноӣ ба қонуну тартибот тарғиби дониши ҳуқуқӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад.
Шодибек РИЗОЗОДА,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи
давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...