Рӯзноманигор баъди адои хизмати ҳарбӣ ба хона баргашт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 219
Наҷибулло Валиев бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, онро бо муваффақият адо намуда, ба хона баргашт. Ӯ таассуроту андешаҳояшро дар суҳбат бо мухбири рӯзномаи “Хатлон” баён намуд.
Ҳифзи марзу буми Ватан қарзи инсонист. Боиси ифтихор аст, ки содиқонаву софдилона адо намудани ин қарз бароям муяссар гардид. Тӯли як сол ҳамчун марзбон дар сафи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, рисолати ҷавонмардии худро иҷро кардам. Марзбон будан ва дар сафи Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат кардан барои ман шарафи бузург аст.
Дар ин росто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: «Бехатарии мамлакат аз сарҳади давлатӣ вобастагӣ дорад». Аз ин лиҳоз, марзбонони кишвар ин гуфтаҳоро ба дарки амиқ ва масъулияти баланди марзбонӣ пеша карда, назди виҷдони худ қавл додаанд, ки барои ҳифзи якпорчагӣ ва муқаддасоти Ватани маҳбуб ҷони хешро дареғ надошта, аз марзи давлатӣ ҳамаҷониба дифоъ мекунанд.
Наҷибулло дар идомаи суҳбат афзуд: «Ман ҳамчун марзбон ба худ қавл додам: эй Ватан, баҳри амнияту осудагӣ, рушду пешрафт ва ҳифзи марзат ҷони хешро дареғ нахоҳем дошт. Эй Модар, ҳар шаб орому осуда бихоб. Чун оромии ту бароям орзуи ягона аст ва ҳамеша барои ҷовидона бароварда шудани он талоши зиёд ба харҷ медиҳам. Эй Ватан-модар, қавл медиҳам, ки ба халқу сарзаминат ва ба сарҳадат содиқонаву софдилона хизмат мекунам!». Ҳамчунин, пайи устуворӣ ва амалӣ сохтани қавли худ саъю талошҳои зиёд мекардам.
-Ифтихор мекунам, ки писарам Наҷибулло баъди хатми донишгоҳ ба сафи Артиши кишвар бо хоҳиши худ пайваста, имрӯз бо сари баланд онро ба ҷо оварда, ба наздамон баргашт. Дар тӯли як соле, ки писарам дар сафи Артиш хизмати ҳарбиро ба ҷо меовард, пайваста аз ҷониби роҳбарияти қисми ҳарбиаш ифтихорномаву сипоснома ва мактубҳои миннатдорӣ ба унвонии ману модараш меомад. Магар ин ифтихор нест? Албатта, ифтихор аст. Ҳар вақте ки байни мардони маҳалла менишастам, сарам боло буд, зеро писари ман хизмати ҳарбиро адо мекард,- бо ифтихормандӣ мегӯяд Абдураҳмон Валиев, падари Наҷибулло.
Дар ҳақиқат, Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги мардонагӣ аст. Ҳар ҷавонмарде, ки аз ин мактаб мегузарад, ҳатман бо худ зиракиву далерӣ, шуҷоату матонат, тоб овардан ба ҳар сахтиву душворӣ ва дигар хулқу одати воқеии мардони комилро бардошт мекунад.
- Дар тӯли як соли хизмат бароям ду маротиба дидори Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Бори нахуст дар маросими ифтитоҳи Дидбонгоҳи сарҳадии «Кокул» ва маротибаи дувум дар маросими ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ,- мегӯяд Наҷибулло.
Бале, имрӯзҳо ҳар ҷавони зодаи даврони истиқлол бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ бояд хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулияти аввалиндараҷа ҳисобида, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан сина сипар намояд. Зеро ҷавонмардони кишвар, қабл аз ҳама, арзишмандтарин хизмате, ки барои халқу Ватан анҷом медиҳанд, ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Умед дорем, ки ҷавонони Ватан бо ҳисси ватандорӣ ба Наҷибулло барин фарзандони баору номус бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, дар навбати худ ба дигарон ибрат мешаванд.
Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...