ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №17


ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №17



1 май, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ бинои иловагӣ барои 400 ҷойи нишаст дар ду баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди бинои иловагӣ бинобар норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур роҳандозӣ гардида, он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст. Иншоот бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои сохтмони он зиёда аз 1,8 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва истифода шудааст.

Ташаббуси сокинон ва соҳибкорони маҳаллиро раиси вилоят намунаи ибрат ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо далели равшани ватандӯстӣ, ҳамдилӣ ва саҳмгузории фаъолона дар рушди ҷомеа мебошанд. Гуфта шуд, маҳз бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи аҳолӣ метавон корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшид ва барои наслҳои оянда шароити беҳтари зиндагӣ фароҳам овард.

Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи барҳаво ва утоқи омузгорон мебошад. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки ин ҳамзамон ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намудааст.

Раиси вилоят зимни боздид бо омузгорон ва хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи иншооти навро ҳамчун туҳфаи арзишманд ба аҳли маориф арзёбӣ ва онҳоро табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки фароҳам омадани чунин шароити муосири таълимӣ аз омузгорон масъулияти бештар талаб намуда, зарур аст, ки онҳо барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва рушди малакаҳои забондонии хонандагон саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.

Дар анҷом ба масъулони соҳа ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, баланд бардоштани сифати таълим ва фарогирии бештари хонандагон ба таҳсил супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода