БАЛҶУВОН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ТАЪМИР ВА МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР ДЕҲАИ ЧИНОРО
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Нимаи дуюми рӯзи 1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Балҷувон аз ҷараёни корҳои таъмир ва мумфаршнамоии роҳи аҳамияти маҳаллидошта дар деҳаи Чиноро боздид ба амал овард. Тибқи иттилоъ, корҳои роҳсозӣ дар масофаи 9 километр бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ амалӣ гардида истодааст.
Гуфта шуд, ки ин иқдоми хайрхоҳона бо мақсади беҳтар намудани шароити рафтуомади сокинон ва меҳмонон, инчунин фароҳам овардани имконияти мусоид барои рафтани хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ, махсусан дар фаслҳои зимистон ва баҳор, ки боришоти зиёд ба қайд гирифта мешавад, роҳандозӣ гардидааст. Пас аз анҷоми пурраи корҳои мумфаршкунӣ, сокинон метавонанд дар тамоми фаслҳои сол бидуни мушкил дар дохили деҳа равуо намоянд.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинон ташаббуси онҳоро шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба миллату давлат номиданд. Таъкид гардид, ки саҳми сокинон ва соҳибкорон дар ободонии маҳалҳо хеле муҳим буда, маҳз бо чунин корҳои дастаҷамъона сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Ҳамзамон, раиси вилоят ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати корҳои роҳсозӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...