БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ТАЪМИРИ ВАРЗИШГОҲИ МАРКАЗИИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
1 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Кӯлоб аз ҷараёни корҳои таъмиру навсозии Варзишгоҳи марказии шаҳр боздид ба амал овард.
Иттилоъ дода шуд, ки Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Якуми май ҷойгир буда, соли 1966 дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Варзишгоҳ дорои 12 ҳазор ҷойи нишаст буда, яке аз иншооти муҳими варзишии минтақа ба ҳисоб меравад.
Айни замон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мутобиқ намудани варзишгоҳ ба талаботи байналмилалӣ, корҳои таъмиру навсозӣ бо маром идома доранд. Дар доираи ин тадбирҳо қисми берунии варзишгоҳ пурра таъмир гардида, барои таъмини амнияти варзишгарон ва мухлисон гирду атрофи он панҷарабандӣ шудааст. Ҳамчунин, корҳои сабзкорӣ дар дохили варзишгоҳ анҷом дода шуда, муҳити он боз ҳам зебову мувофиқ гардонида шудааст.
Гуфта шуд, ки системаи равшаннамоии варзишгоҳ пурра навсозӣ гардида, дар он намоишлавҳаи электронии муосир насб шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд шароити мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилоят зимни боздид ба масъулон ҷиҳати таъмини сифати баланди корҳои таъмир, риояи талаботи муосири варзишӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.
Зикр гардид, ки Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб яке аз иншооти калидии варзишӣ дар минтақа буда, дар он мунтазам чорабиниҳои муҳими оммавию варзишӣ баргузор мегарданд. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити муосир дар он барои рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аҳамияти калон дорад.
Умарҷон Тошматов,
“ХАТЛОН”
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...