ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Шаби 1-уми майи соли 2026 бар асари боришоти шадид дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб ҳодисаи нохуши табиӣ — обхезӣ ба амал омад. Дар натиҷаи ин офати табиӣ ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти ёрирасон ва қисме аз инфрасохтори шаҳр зарар расид.
Бо назардошти вазъи баамаломада ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соати 3:00-и шаби 2-юми май ҷаласаи фаврии ситоди вилоятӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои марбута баргузор гардид.
Зимни ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, техникаву механизмҳои зарурӣ пурра сафарбар карда шаванд. Ҳамчунин ба масъулон супориш дода шуд, ки корҳои наҷотдиҳӣ, барқарорсозӣ ва расонидани кӯмак ба аҳолии зарардида дар муҳлатҳои кӯтоҳ анҷом дода шавад.
![]()
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шабона ба маҳаллаҳо ва мавзеъҳои зарардида рафта, аз вазъи воқеии минтақаҳои осебдида аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид ба мақомоти марбута дастур дода шуд, ки ҷиҳати ташкили гурӯҳҳои корӣ, таъмини аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, кӯчонидани сокинон ба ҷойҳои бехавф ва ба роҳ мондани навбатдории шабонарӯзӣ дар мавзеъҳои хавфнок чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.
![]()
Айни ҳол дар кӯчаҳо ва маҳаллаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб бо истифода аз техникаву механизмҳои зарурӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва тозакунии минтақаҳо идома доранд.
Умарҷон Тошматов,
"ХАТЛОН"
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00