БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ПАЙОМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, аз рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида дидан кард.
Тибқи иттилоъ, шаби 1 май бар асари боришоти шадид дар як қатор маҳаллаҳои шаҳр обхезӣ ва сел ба амал омада, ба манзилҳои истиқоматӣ, инфрасохтори шаҳрӣ ва роҳҳо зарар расонидааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар сокини шаҳр ба ҳалокат расида, се нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ мебошанд. Ҳамдардӣ ва тасаллияти Сарвари давлат ба наздикони фавтидагон ва оилаҳои зарардида расонида шуд.
Зимни сафар Сарвазири мамлакат ба Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, роҳбарияти , мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати кутоҳтарин корҳои бартарафсозии оқибатҳои офат, тозакунии маҳаллаҳо ва барқарорсозии инфрасохтори зарардидаро таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки техника ва имконоти зарурӣ пурра сафарбар шуда, барқарорсозии роҳҳо, ҳаракати нақлиёт ва шароити муътадили зиндагии аҳолӣ бояд фавран ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин ба масъулон супориш дода шуд, ки гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, аҳолии осебдидаро бо маводи ниёзи аввал таъмин намоянд, ёрии тиббӣ расонанд ва дар минтақаҳои хавфнок чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла кӯчонидани сокинон ба ҷойҳои бехавф ва ташкили навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд.
Айни ҳол дар маҳаллаҳои зарардидаи шаҳр корҳои бартарафсозии пайомадҳои сел, тозакунии кӯчаҳо ва барқарорсозии шароити зиндагӣ бо истифода аз техникаи махсус идома доранд.
Сарвазири мамлакат зимни мулоқот бо сокинони зарардида изҳор дошт, ки аз лаҳзаҳои аввал вазъ таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат қарор дошта, барои бартарафсозии оқибатҳои офат ва дастгирии аҳолӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои ҳарчи зудтар рафъи пайомадҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба шаҳрвандони зарардида тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Умарҷон Тошматов,
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...