Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » ДИГАР ДАР ФЕЙСБУКАТ ПОСТ НАГЗОР!


ДИГАР ДАР ФЕЙСБУКАТ ПОСТ НАГЗОР!




Чи буд имшаб, ки ман то субҳ бедор,
Ба худ печидаам монанди бемор.
Ту гӯӣ бистари ман буд аз хор,
Набудам ҳеҷ гаҳ ин гуна афгор.
Хирад гуфто, «нагуфтам ман ба такрор?
Агар хоҳӣ набошӣ ҳучбемор,
Дигар дар фейсбукат пост нагзор»!
Дар ин ҷо ҳар касе “доно”-и кор аст,
Ба қавлаш ҳамчу кӯҳе устувор аст.
“Бизан бар фарқи носеҳ”-аш шиор аст,
Насиҳатгуфтаро санг интизор аст.
Аз ин рӯ, то нагардӣ хаставу зор,
Бародарҷони ман, зинҳор, зинҳор,
Дигар дар фейсбукат пост нагзор!
Бигирад тифл ин ҷо каштали пир,
На фазле мешавад дармон, на тадбир,
Нишаста дар камин озору таҳқир,
Маҷозидаҳр кай гунҷад ба тафсир?
Ҳамин ҳарфи маро бар зеҳн биспор:
Нагардӣ то ба чашми мардумон хор,
Дигар дар фейсбукат пост нагзор!
Гурезад ҳар касе, танҳо бимонӣ,
Миёни ҳалқаи ғамҳо бимонӣ.
Шавӣ шӯрида, дар савдо бимонӣ,
Миёни оҳу вовайло бимонӣ.
Чу як маҷруҳи сар то пой хуншор,
Нагардӣ то ба ёри ҳамдаме зор,
Дигар дар фейсбукат пост нагзор!
Бувад сунъӣ ҳама шеъру тарона,
Ҳама коҳ аст, аммо нест дона.
“Бадоҳа”, “серкорӣ”-ҳо баҳона.
Бигӯ, ту розиӣ, эй дӯст, ё на?
Аҷаб расвоие омад падидор,
Нагардад коста то қадри ашъор,
Дигар дар фейсбукат пост нагзор!

Озар Салим

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода