5 САРБОЗИ ЯК МОДАР
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 249
Модарон фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия карда, мехоҳанд, ки онҳо дар оянда дар хизмати халқу Ватан бошанд. Аз ин рӯ, писаронро аввал ба мактаби обутобёбии ҷисмонию сиёсӣ ба хизмати аскарӣ, ба ҳимояи хоки муқаддаси кишвар мефиристанд.
Раъногул Тоҳирова аз зумраи чунин модароне мебошад, ки ҳамаи 5 писарашро ба хизмати ҳарбӣ равона кардааст. Матлаби навбатии лоиҳаи “Волидайни сарбоз” аз иқдоми ватандӯстонаи ин модар қисса мекунад.
Раъногул Тоҳирова зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти “Ситораи сурх”-и ноҳияи Ёвон буда, модари 5 писар мебошад. Фарзандонаш Суҳроб, Саидраҳмон, Парвиз ва Айёмиддин дар қисмҳои ҳарбии Душанбе, Ёвон ва Хуҷанд адои хизмат намудаанд. Тӯли 6 моҳ мешавад, ки писари кенҷагиаш Оромҷон дар қисми низомии 87740-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қарзи фарзандиашро адо карда истодааст. Модар ёдовар мешавад: “Раҳматии шавҳарам худ хизмати аскариро адо карда буд ва орзу мекард, ки писаронаш низ мисли вай хизмати модар-ватанро адо намоянд. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд. Се писарро шавҳарам ба хизмати аскарӣ гусел карда буд. Шавҳарам соли 2014 бо сабаби беморӣ дунёи фониро падруд гуфт. 2 писари дигарам низ васияти падарро иҷро намуда, баъди хатми мактаби миёна сарбаландона ба сафи артиш пайваст шуданд”.
Воқеан, ҳар як волидайн дар баробари неруҳои мудофиавӣ барои таъмини амният, сулҳу субот, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва пос доштани хоки муқаддаси диёри кишвар дар тарбияи ҷавонмардони матиниродаву ватандӯст саҳми шоиста мегузоранд. Ин модар писаронашро дар шароите ба сафи Артиши миллӣ равона сохта буд, ки шавҳараш рӯи бистари беморӣ ранҷ мекашид. Писарон ягона такягоҳу мададрасон дар пешбурди зиндагӣ буданд. Аммо ин модар ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бори гарони зиндагӣ, нигоҳубини шавҳарро ба дӯши хеш гирифту писаронро ба сафи артиш гуселонд.
Анъанаҳои хизматравӣ
Тавре калонсолон нақл мекунанд, дар аҳди Шуравӣ вақти ба аскарӣ рафтани писар анъанаи хосе миёни мардум роиҷ будааст. Яъне оилае, ки писар ба хизмати аскарӣ мерафт, чорво забҳ намуда, хешу ақрабо, ҳамсояҳоро сари як дастурхон даъват менамуд. Ҳамон рӯз сарбозро бо як шодию нишоту тан тана ба хизмат гусел мекарданд. Баъди адои хизмат низ чунин амалро такрор карда, мардумро зиёфат медоданд.
Қаҳрамони мо низ аз лаҳзаҳои баргаштани нахустин писараш аз хизмати аскарӣ ёдовар шуда, мегӯяд: “Вақте ки писари калониам аз хизмати ҳарбӣ сарбаландона ба хона баргашт, ҳамон расму русум то ҳол маъмул буд. Таом пухта, тамоми маҳалларо даъват намудем, хушу хурсандона писарамро пешвоз гирифтем. Бисёр лаҳзаҳои хушу фараҳбахш буд, барои ҳар волидайне, ки писараш саломату сарбаланд аз ҳимояи марзи Ватан бармегашт”. Дигар, ки чунин лаҳзаҳо пас аз солҳои хизмати аскарӣ дар хотири сарбоз мемонд. Пайравӣ ба фарзандонам Воқеан нафаре, ки дар ҳифзи марзу буми ватан саҳмгузорӣ намудаасту аз мактаби мардонагӣ -хизмати ҳарбӣ гузаштааст, дар миёни ҷомеа ва наздикону пайвандон мавқеи хос дорад. Писарони холаи Раъногулро бошандагони деҳаи Навобод ҳамчун ҷавонони ватандӯсту хештаншинос медонанду эҳтиромашон мекунанд. Чун аз як оилае, ки онҳо ба камол расидаанд, ҳама бародаронсарбаландона адои хизмат кардаанд. Чи тавре ки модари сарбозон мегӯяд: “Вақте писаронам бо навбат як як ба хизмати ҳарбӣ мерафтанду сарбаландона бармегаштанд, писарони ҳамсоя низ иқдоми ватандӯстонаи фарзандони маро пайравӣ менамуданд.
Се ҳамсояам писаронашонро ба хизмат равон карданд. Ман хушбахт аз он ҳастам, ки имрӯз писаронам дар ҷомеа сари баланд доранду дигар ҷавонҳо аз ин амали ҷавонмардонаашон пайравӣ мекунанд.”
Дидори модари сарбозХушбахтона, имрӯзҳо шароити будубоши ҳайати шахсӣ дар қисмҳои ҳарбӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Сарбозон дар як шароити муносибу мусоид адои хизмат карда истодаанд. Барои дидорбинии волидони сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ “Хонаи дидорбинӣ” мавриди истифода қарор дорад, ки волидон ҳангоми дидор бо сарбозон аз он истифода мебаранд. Қаҳрамони мо аз лаҳзаҳои дидор бо писаронаш ба некӣ ёдовар шуда, мегӯяд: “Барои дидор бинии фарзандонам ба қисмҳои ҳарбӣ мерафтам. Шароиту имкониятҳои мусоидро дида, хушҳол аз он гаштам, ки писаронам дар чунин ватани тинҷу ором адои хизмат намуда истодаанд.
Муроҷиати Раъногул бамодарон Модарони азиз, дар солҳои Иттиҳоди Шуравӣ бародарони мо рафта дар дигар мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат мекарданд. Шукр, ки имрӯзҳо писаронамон дар марзи ватани азизи хеш сина сипар карда, падару модар, хоҳару бародари хешро аз чашми бади душман муҳофизат мекунанд. Мо модаронро зарур аст, ки дар тарбияи ватандӯстию хештаншиносии фарзандон фаъол бошем ва бо масъулияти баланд онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем. Фарзандони мо дар сарҳад шабзиндадорӣ мекунанд, то мо осуда хоб кунем, фарзандони мо дар сангарҳо мегарданд, ки мо дар кӯчаҳо оромона қадам мезанем.
Воқеан, дар вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, ҳар як модари тоҷикро лозим аст, дар ниҳоди фарзандони хеш пойдории сулҳу субот, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокориро тарбият намояд.
А. РИОЕВ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...