Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Шоҳмот он чӣ тавр ва дар куҷо пайдо шудааст?


Шоҳмот он чӣ тавр ва дар куҷо пайдо шудааст?




Шоҳмот! Худ маълум аст, ки лафзу маънои шевои тоҷикист. Шоҳмот давраҳои тӯлониро аз сар гузаронида, ба чунин шакл то замони мо омада расидааст.

Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ ватани шоҳмот Ҳиндустон аст. Дар Ҳиндустон онро «чатуранга» мегӯянд. Дар ориёзамин бо номи «шатранҷ» паҳн гашт ва минбаъд бо номи «шоҳмот» рушд ёфт. Санаи дақиқи пайдоиши шоҳмот маълум нест ва тахмин меравад, ки дар байни ҳазораи пеш аз мелод пайдо шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ оид ба пайдоиши бозии шатранҷ ривоятҳо оварда шудааст. Мувофиқи он ривоятҳо, дар шоҳигарии ҳинд Ҷамҳур ном шоҳи бузург ҳукмрон будааст.

Ӯ дар синни пиронсолӣ фарзанд ёфт ва номи ӯро Гав гузоштанд. Шоҳ Ҷамҳур дере нагузашта вафот кард ва тахт ба Гави хурдсол монд. Аҳли дарбор машварат карданд ва тахтро ба бародари Ҷамҳур, ки номаш Мой буд, супориданд. Аз Мой писаре буд бо номи Талҳанд. Талҳанд дусола ва Гав ҳафтсола шуданд, Мой вафот кард. Тахт бесоҳиб монд. Аҳли дарбор то ба воя расидани кӯдакон модари Талҳандро ба тахт гузоштанд.

Модари Талҳанд Гавро ҳам, чун фарзанди худ тарбият кард ва ба воя расонд. Вақте ки онҳо ба воя расиданд, тахтталошӣ карданд. Модар ба фарзандони худ насиҳат мекард:
Марезед хун аз пайи тоҷу ганҷ,
Ки бар кас намонад сарои сипанҷ. 

Подшоҳӣ ба ду тақсим шуд ва дар байни бародарон ҷанг сар зад. Гав ҷангро намепазируфт ва бо Талҳанд сулҳу оштӣ мехост, аммо Талҳанд қабул накард ва ҷангро интихоб кард.

Онҳо ҷангро дар назди баҳр ташкил карданд ва ба чапу рости лашкар хандақ канданд, то тарафи шикастхӯрдаро роҳи гурез набошад. Ду шоҳ дар болои филҳо, дар назди онҳо ду фарзона- устодони ду шоҳзода ва аспсаворону пиёдагон буданд. Ҷанг оғоз гашт ва Талҳандро боду тӯфони баҳр пахш кард. Хабари ҳалоки Талҳанд ба модараш мерасад. Модари бечора доду фиғон мекунад, хок бар сар мекашад ва Гавро гунаҳкор месозад. Гав низ ғамгину ошуфта буд ва бегуноҳ будани худро исбот карда наметавонист. Гав ба мулозимони худ фармон дод, ки нақшаи ҷангро созанд. Онҳо хеле фикр карда, аз чӯб тахта тарошиданду дар он сад хонача нақш карданд. Дар рӯйи тахта ҳаракати лашкари шоҳзодагонро нишон доданд.

Сониян ду лашкар тарошиданд. Дар ҳар лашкар шоҳ дар байн, фарзона - вазир дар паҳлуяш, ду фил, ду асп, ду рух ва дар пеш як саф пиёдаҳо қарор гирифтанд. Модар аз ҳамин нақша фаҳмид,  ки писараш дар бечорагӣ, аз қисматаш мурдааст. Аз он пас модар шабу рӯз бо дарду ранҷ ба бозии шатранҷ чашм дӯхта менишаст.
Ҳама кому рояш ба шатранҷ буд,
Зи Талҳанд ҷонаш пур аз ранҷ буд.
Ҳамеша ҳамерехт хунин сиришк,
Бар он дард шатранҷ будаш пизишк.

Аз ҳамин ҷо шатранҷбозӣ оғоз ва зуд паҳн мегардад. Шатранҷ дар замони Анӯшервони одил ба Эрон роҳ меёбад.

Имрӯз дар ҳар минтақа донаҳои шоҳмотро ҳар гуна номбар мекунанд ва баъзан ба ғалатҳо ҳам роҳ медиҳанд. Хусусан, «фарзона» бо номҳои «вазир», «фарзин», «ферз» (русӣ) истифода бурда мешавад. Вале аслан он «фарзона» аст, ки дар фарҳанг ба маънои «ҳаким, донишманд, оқил, фозил» омадааст.

Донаи дигари шоҳмот ин фил аст, ки имрӯз он аз ҷиҳати шакл тамоман дигаргун шудааст ва қисме фил будани онро ҳам намедонанд. Дар бисёр мавзеъҳо онро бо истилоҳи «офитсер» (русӣ) истифода мебаранд.

Дигаре аз инҳо «рух» аст. Он дар фарҳанг чунин маънидод шудааст: «Яке аз муҳраҳои шатранҷ, ки дар шакли бурҷ аст». Калимаи «бурҷ» бошад, «Бинои манорашакле, ки дар гӯшаҳои қалъа сохта мешавад, маънидод шудааст. Воқеан, аз ҷиҳати шакл дуруст аст, яъне ба манора монанд аст. Аммо дар баъзе маҳалҳо онро бо номи «тӯра» ном мебаранд, ки ин тамоман маънои дигарро дорад.

Ҳамин тавр, шоҳмот (шатранҷ) яке аз бозиҳои қадимаи ориёзамин буда, имрӯз бозии ҷаҳонӣ гаштааст. Аммо аслияти номиву фарҳангии онро нигоҳ доштанамон лозим аст. Зеро бе таърих ва анъанаҳои қадима оянда вуҷуд нахоҳад дошт.

Достон РАҶАБОВ,
омӯзгор аз ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Узбекистон,
махсус барои рӯзномаи «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода