Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ҳарзагӯро таърих ҳам бо нони ҳақ кӯраш кунад...


Ҳарзагӯро таърих ҳам бо нони ҳақ кӯраш кунад...



Барои он ки баҳри дигаре коре кунӣ, бояд аз баҳри корҳои худ даргузарӣ. Барои он ки дидагоне осуда бихобанд, бояд осудагии худро фаромӯш созӣ. Ва баҳри он ки ба миллате ояндаи сабзу дурахшон бахшида тавонӣ, бояд дар фикри ояндаи худ набошӣ. На ҳар кас ба чунин азхудгузаштагӣ қодир аст. 

Танҳо нафаре, ки қалби бузургу руҳи шикастнопазир дорад, ба чунин сарсупурдагӣ ҷуръат дошта метавонад. Чунин шахсияти бузург, ки миллати тоҷик ва таърихи дирӯзу имрӯзу фардои он бузургвориашро фаромӯш нахоҳад кард, аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Арзиши хизматҳоеро, ки аллома Бобоҷон Ғафуров барои тоҷикону тоҷикистониён ва кишварҳои ҳамҷавори он анҷом додааст, наметавон ҳисоб кард. Чун ӯ дар замоне бо номи “Тоҷикон” ба таҳқиқ шуруъ кард, ки умуман аз миллат ном гирифтан мумкин набуд. Бо вуҷуди он ки аллома аз ҳама чиз огоҳ буд ва имкон дошт, ки сари худро ҳамчун “сар”-ҳои дигар, аз қабили Ч. Имомов, Н. Махсум ва Ш. Шоҳтемур ба коми фано барбод диҳад ва бо ҷурми “миллатпарастӣ” муттаҳам гардад, боз ҳам аз роҳи пешгирифтаи худ барнагашт, аз таҳқиқ даст накашид. Бар муқобили ҳама дасисабозону иғвогарон истодагарӣ кард, то аз асолату ҳувияти миллати тоҷик, ки дар як минтақаи хурде бо таҳрифи таърих хафагир карда буданд, дифоъ намояд ва муҳри хомӯшӣ ба даҳони онҳое, ки тоҷиконро “туркҳои эронишуда” меҳисобиданд, занад.

Академик Бобоҷон Ғафуров дар замоне, ки шиори “Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама” ҳукмрон буд ва аз “бародарии халқҳо” сухан мерафт, исбот намуд, ки “Ҳама барои МИЛЛАТ ва ҳама чиз барои МИЛЛАТ” хоҳад буд... Гарчанде вазифаи ӯ чун муаррих ва муҳаққиқ нишон додани таърихи халқҳои Осиёи Миёна буд, хеле хирадмандона ва бо таҳаммулгароиву мадоро дар пасманзари ҳар ҳарфу калимот ва ҳар воқеоти таърихӣ ишора ба ҳувияти миллати тоҷик, қадимӣ будани тоҷикон кард, ки ҳар шахси ҳушманд аз мутолиаи китоби “Тоҷикон” инро ба хубӣ дармеёбад. Воқеан ҳам, ҳадафи аллома Бобоҷон Ғафуров аз ошӯбҳои минбаъдаи таърих дар амон нигоҳ доштани Тоҷикистони имрӯза буд.

Беҳуда намегӯянд, ки “гузаштаи талхро фаромӯш созед, аммо дарси ба шумо омӯхтаи онро фаромӯш насозед”. Академик Б.Ғафуров бо навиштани китоби “Тоҷикон” натанҳо қадимӣ будани ин сарзамину ориёӣ будани ин мардум ва миллатро исбот кард, балки баҳри ояндаи мондагори миллати тоҷик дар сафҳаҳои таърих замина гузошт. Ва маҳз китоби “Тоҷикон”-ро ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа кардани Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бесабаб нест. Зеро китоби “Тоҷикон” дарвоқеъ шиносномаи миллати мо буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии тоҷикон хизматҳои шоиста кардааст. 

Ва китоби мазкур дар солҳои баъдӣ низ рисолати худро иҷро карда, ба болоравии ҳисси ватандӯстии наслҳои ояндаи кишвар мусоидат менамояд. Ҳақ бар ҷониби  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтаанд: “Моро зарур аст, ки худогоҳу худшинос бошем, таърихи пурифтихору фарҳанги оламшумули ниёгони сарбаланди хешро аз худ намоем, ба хизматҳои беназири адибону мутафаккирони номдори пешинаамон арҷ гузорем ва барои ҳифзи суннату анъанаҳои неке, ки аз замони бостон то ба имрӯз боқӣ мондаанд, талош варзем, хотираи таърихиву фарҳангии худро тавсеа бахшем, барои пойдории истиқлолу озодии давлати миллиамон ва ҳар як ваҷаб хоки ин ватани муқаддас ҳамеша омода бошем”.

Имрӯз вазифаи мост, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем. Аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем. Таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихи миллатамон борҳо иттифоқ афтодаанд, роҳ надиҳем. Ба ояндаи он назари нек дошта бошем.

Боз ҳам муттаҳид гардем, ба рамзҳои давлатдории миллиамон арҷ гузорем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Барои сулҳу суботи пойдор талош намоем ва дар пойдориву устувории давлатдории  миллии худ саҳми арзанда гузорем Қобили тазаккур аст, ки бо вуҷуди китоби “Тоҷикон” ва далелҳои раднопазире, ки дар он омадааст, ҳеҷ як иғвобарангезу ҳарзагӯе наметавонад мавҷудияту асолати таърихии моро зери суол барад. Гӯё имрӯз ин ҳама ободиву озодӣ, истодагариву суботи миллати тоҷикро дар муқобили ҳама монеаву ошӯббарангезиҳо аллома Бобоҷон Ғафуров аз равзанаи таърих назора дораду ин ҳарфҳо аз забонаш садо медиҳанд:

Ҳарзагӯро таърихам бо нони ҳақ кӯраш кунад,
Гарчӣ сад иғво фурӯшад, ғайри имкон тоҷикам.
Ҳамчу Помир сарбаланд будам ва ҳастам то абад,
Хонадони Шарқро шамъи шабистон тоҷикам!!!

Райҳона РАҲМАТОВА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода