Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Устод Лоҳутӣ дар Вахшонзамин


Устод Лоҳутӣ дар Вахшонзамин


Абдуқосим Лоҳутӣ соли 1925 аз шаҳри Маскав, ки он солҳо маркази Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ба Тоҷикистон меояд. Ӯ дар ёдоштҳояш зикр карда буд, ки ҳанӯз дар ватанаш-Эрон дар айёми ҷавониаш бори аввал калимаи “тоҷик”-ро аз як шеъри Саъдӣ хонда будааст:
Шояд, ки ба подшоҳ бигӯянд,
Турки ту бирехт хуни тоҷик.


Шоир қайд мекунад, ки маънии вожаи “тоҷик”-ро нафаҳмида ба луғатномаҳо муроҷиат намудааст. Дар як луғатномаи туркӣ мехонад, ки тоҷик номи қабилаест, як замон вуҷуд доштааст ва он ба маънои форс ҳам омадааст.

Соли 1923 соли аввали ба Мас-кав омадани Лоҳутӣ. Боре телефони хабараш медиҳанд, ки ӯро раиси кумитаи инқилобӣ ва саркотиби бюрои ташкилии ҳизби коммунистии Тоҷикистон дидан мехоҳад. Баъди ин, Лоҳутӣ ба хотир овардани мешавад, ки исми “тоҷик”-ро ӯ бист сол қабл аз ин  дар кишвараш аз як байти Саъдӣ хонда будааст. Маълум шуд, қавме, ки “як замон вуҷуд дошт”... халқе шудааст, барои инкишофи иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании худ асос ва имконияти том дорад. Устод Лоҳутӣ хурсандиашро баъди нахустин бор ба Тоҷикистон омаданаш, дар як порчаи шеърӣ ин тавр ифода намудааст:

Фахр дорам, ки тӯдаи тоҷик
Мешуморад маро рафиқу шарик.
К-аз нахустин қадам, ки ӯ озод,
Дар роҳи зиндагии нав бинҳод.
То ба ин дам, ки шуд қарин ба камол,
Ҳамроҳаш будаам ба ҳар аҳвол.

Шоири шаҳир Лоҳутӣ кишвари моро ватани дуюми хеш хонда, аз зиндагӣ кардан дар ин ҷо ифтихормандӣ намудааст:

Эй умеди дили рамидаи ман,
Қуввати дасту нури дидаи ман.
Ватани кору хонаи ишқам,
Табъи шеъру таронаи ишқам.

Вақте ки шоир ба Тоҷикистон меояд, ӯро ба вазифаҳои масъули давлатию ҳизби пешбарӣ менамоянд. Абдулқосим Лоҳутӣ бо ҳамроҳии поягузори адабиёти Шӯравии тоҷик устод Садриддин Айнӣ барои рушди нумӯи адабиёт заҳматҳои бесобиқа кашидааст. Устод Лоҳутӣ ба адабиёти мо на ҳамчун адиби ҷавон, балки яке аз қаламкашони муқтадири дорандаи адабиёти классики форсу тоҷик дохил шуда буд. Вай чун адиб дар бунёди сохтмонҳои азими замони Шӯравӣ бевосита ширкат варзида, байни мардуми заҳматкаш бо шеърҳои даъваткунандаву рӯҳбахши хеш баромад менамуд:

Паҳлавони тоҷикон,
Ифтихори ин даврон.
Бар камар зада домон,
Сӯйи корзор омад...

Дар солҳои сиюми садаи гузашта водии Вахш низ ба рӯйхати яке аз иншооти бузургтарини сохтмони сотсиалистӣ дар Тоҷикистон шомил шуда буд. Табиист, ки аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ барои ободӣ ва ширкат дар сохтмони ин водӣ халқу миллатҳои гуногун ба кор омада, дар паҳлуи мардуми тоҷик заҳмат мекашиданд. Устод Абдулқосим Лоҳутӣ бевосита чунин ободкории мардуми шӯравиро аз наздик дида, ба ваҷд меомад ва ҳиссиёти хешро дар либоси назм ба тасвир медод:

Шумо ҳамчунин унсури заҳматед,
Ба дарёи синфӣ дурри заҳматед.
Бикӯшед то нақша иҷро шавад,
В-аз ин роҳ хизмат ба дунё шавад...

Он солҳо шоири ҷавон ва умедбахши тоҷик Мирсаид Миршакар дар сохтмони водии Вахш кор карда, вохӯриашро бо устод Лоҳутӣ чунин қаламдод намудааст: “Дар сохтмони Вахш кор мекардам. Рӯзе ман ва муҳаррири рӯзномаи “Ударник Вахшстроя” Леховичро ба комитети партиявии сохтмон даъват карданд. Фаҳмонданд, ки баъд аз ду рӯз ба сохтмон шоири инқилобии Шарқ Лоҳутӣ меояд. Омода шавед”(Аз мақолаи “Бузургии шоир”, иқтибос аз китоби “Ёдбуди устод Лоҳутӣ”, Д. “Адиб”, соли 1987, саҳифаи 29). 
Сипас, барои амалӣ намудани ин супориш тамоми кормандони рӯзномаи “Зарбдори сохтмони Вахш” (он бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешуд) тайёрӣ медиданд. Мирсаид Миршакар ба таври таъҷилӣ як шеърашро, ки ба фаъолияти устод Лоҳутӣ бахшида буд, эҷод мекунад.
Шеъри ба Лоҳутӣ бахшидаи Мирсаи Миршакарро Дорошов ном корманди идораи рӯзнома ба забони русӣ тарҷума карда, дар рӯзномаи “Ударник Вахшстрой” нашр мекунад...

Рӯзи баргузории вохӯрӣ сохтмончиён устод Лоҳутиро самимӣ ва гарму ҷӯшон истиқбол мегиранд. Шоир дар якчанд мавзеи сохтмон баромад карда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ нутқ эрод мекунад ва аз ашъораш шеърҳо қироат менамояд.

Шоир Мирсаид Миршакар дар хотираҳояш қайд мекунад, ки устод Лоҳутӣ ӯро дар сохтмон дида мешиносад ва аз ин иқдоми пешгирифта, ки дар байни коргарон фаъолият дорад, адибро самимона таҳсин мехонад. Баъди хотимаи вохӯрӣ Мирсаид Миршакар шеъри ба устод Лоҳутӣ эҷодкардаашро ба шоир нишон медиҳад. Шоир аввал М. Миршакарро таъриф карда, сипас огоҳ мекунад, ки дар ашъораш меҳнати бунёдкоронаи коргарон, дӯстии байни миллатҳоро тараннум намояд.

Ҳидоятҳои устод Лоҳутӣ боис мегарданд, ки шоир М. Миршакар достони нахустини худ “Ливои зафар”-ро, ки таҷассумгари дӯстӣ ва бародарии халқҳои шӯравӣ, сохт-мони бузург маҳсуб меёфт, эҷод намояд. Шоир М. Миршакар дар як қисмати достон чунин ишора дорад:

Ба ранҷбарҳо ҳамин иттифоқ, 
Чи тоҷик, чи ӯзбек, чи русу қазоқ.
Агар кори якто чу зӯрӣ кунад,
Диҳандаш варо даҳ баробар мадад...

Солҳои сиюми садаи пешин кӯшиши содабаёнӣ дар назму наср, бахусус назм, яке аз талаботи замон ба ҳисоб мерафт. Бояд сиёсати давлати шӯравӣ ба ҳамаи табақаҳои мардум фаҳмову дастрас бошад. Устод Лоҳутӣ ҷавобан ба он талабот саъй менамуд, ки ашъораш ба фаҳмиши мардум наздик бошанд ва зуд ҳадафрас гарданд.

Дар ин бора устод Мирзо Турсунзода нисбати шеърҳои Лоҳутӣ чунин андешаронӣ намудааст: “Лоҳутӣ, вақте ки дар васфи Тоҷикистон шеър мегуфт, кӯшиш мекард, ки шеъри ӯ ба забони зиндаи халқ қаринӣ дошта бошад. Ҳар як сатри ӯ ҳамчун шеъри фолклорӣ садо медиҳад. Аз ин сабаб бисёр шеърҳои устод ба хазинаи  фолклори тоҷик дохил шудаанд” (аз мақолаи “Сарояндаи револютсия”, саҳифаи 20, “Ёдбуди устод Лоҳутӣ”, Д. “Адиб”, соли 1987).

Устод Лоҳутӣ боре дар яке аз сафарҳояш дар водии Вахш мушоҳида мекунад, ки чӣ тавр як тан деҳқони одӣ, бехавфу ҳарос говашро гирифта аз рӯйи пули навбунёди Вахш ботамкин мегузаронад... Ана ҳамин манзара боиси эҷод намудани шеъри “Пули Вахш” мегардад:

Канӣ, канӣ ассалом,
Обаки сарди вахшӣ.
Як гап ба ту мегӯям,
Бояд маро бубахшӣ.
Ёдат меёд, ки порсол,
Гови маро рабудӣ.
Аз ғами гов то имсол,
Хоби маро рабудӣ.
Болшевикон омаданд,
Ҳалқа ба гӯшат заданд.
З-оҳангу соруҷу санг,
Юғе ба дӯшат заданд.

Мо ташаккули шахсияти тоҷикони солҳои бист, сӣ ва чилу панҷоҳи асри гузаштаро бе шеъри олиҷанобу рӯҳбахши устод Лоҳутӣ тасаввур карда наметавонем. Нуфузи шеъри Лоҳутӣ, сухани ӯ каломи асили эҷодкоре буд, ки шахсияти барҷастаи адибро пурра мукаммал ва таъсирбахштар ифода карда метавонист. “Рӯҳи Лоҳутӣ дар шеъри имрӯзаи тоҷик зинда аст, қайд мекунад олими намоёни соҳаи илми адабиётшиносӣ, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва боз илова намудааст,- меҳри Лоҳутӣ  дар дили мардуми тоҷик ҷовидонӣ макон дорад. Ӯ ҳамеша бо мост ва ба сӯйи ояндаи дурахшон равон аст”. 

Устод Лоҳутӣ тарбиятгари як зумра адибони тоҷик, аз шумули М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Деҳотӣ ва дигарон мебошад. Ӯ дар таърихи адабиёти шӯравии тоҷик дар паҳлуи шоирону адибони шинохта С. Айнӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, Ф. Ниёзӣ ва дигарон мақому манзалати бузургу сазоворро соҳиб аст. Устод Лоҳутӣ дар як шеъраш қайд мекунад:

Қабр аз барои ман чӣ зарур аст,  чун бувад,
Дар қалби поки фалъқаву деҳқон  макони ман аст.

Ҳотам Ҳоҷӣ, 
омӯзгори собиқадор 
аз ноҳияи Кӯшониён

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода