Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Аз идеология то демагогия ё чаро манфиатҳои давлат аз манфиатҳои шахсӣ бояд боло бошад?


Аз идеология то демагогия ё чаро манфиатҳои давлат аз манфиатҳои шахсӣ бояд боло бошад?




Имрӯзҳо дар ҳар гуна маҳфилу суханрониҳо истифодаи мафҳумҳои “Идеология”, “Идеолог”, “Корҳои идеологӣ” мӯд шудааст ва ҳар касе хоҳад, ки суханашро пуртаъсиртар нишон диҳад, ё касеро сарзаниш карда “сарафканда” созад, аз ингуна суханҳо васеъ истифода бурда, ҳамчун шахси “ботаҷриба” ва дар корҳои сиёсӣ “устодгашта” дастуру тавсияҳои “хусусияти идеологидошта” ҳам медиҳад.

Тоҷикистон дар миёни собиқ кишварҳои узви ИҶШС ягона кишварест, ки дар натиҷаи хуруҷи идеологияи носолим дар шакли демагогияи фарогир қариб буд истиқлолияти нав бадастовардаашро аз даст диҳад. Танҳо бо шарофати иродаи бузурги сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилӣ кишварамон дорои идеологияи мустаҳкаме гардид, ки тавонистааст неруи созандаи мардумро атрофи ғояҳои олии ватандӯстӣ муттаҳид сохта, баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар намояд.

Аз бузургтарин тадбирҳои идеологӣ дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ ин эҳёи таърихи бостонии миллат ва арҷ гузоштан ба шахсиятҳои хизматнишондода буд. Сафарҳои пайдарпайи Пешвои муаззами миллат ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва суҳбатҳои озод бо мардум баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, таҷлили бошукӯҳи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, ба муомилот баровардани пули миллӣ, ҷашни Соли бузургдошти Эмоми Аъзам, бо забони тоҷикӣ тарҷума кардани китоби Қуръон, тақсим кардани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ, истиқбол аз солгарди шахсиятҳои бузурги сиёсиву фарҳангӣ, ба мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид гардидани як қатор иду ҷашнҳои миллӣ ва дастовардҳои чандҳазорсолаи фарҳангии миллати тоҷик, густариши ҳамкориҳои сиёсиву фарҳангӣ бо мамолики хориҷӣ, дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масоили об, таҳия ва татбиқи қонунҳои миллӣ, Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин садҳо иқдоми дигари созанда идеологияи миллии моро шакл додаанд.

Дар ин росто, месазад қайд намоем, ки вақтҳои охир баъзан нафарони тасодуфӣ ба маҳфилҳо роҳ ёфта, бо суханрониҳои дуру дароз кӯшиш мекунанд худро мисли Дестют де Траси донандаи масъалаҳои мубрами идеологӣ нишон диҳанд. Ҳол он он ки худашон ҳатто маънои дурусти ин калимаи юнониро намедонанд. Ин камхондаҳои “ҳамадон”, ки дар фонди луғавиашон калимаи “намедонам” умуман мавҷуд нест, дар дилхоҳ масъала (ҳатто масъалаеро дар умрашон бори аввал шунида бошанд ҳам) кӯшиш мекунанд “ақидаи дуруст”-и худро гуфта, ба дурустиаш пофишорӣ кунанд. Аз ин ҷост, ки ҳар як нокомии худро дар ин ё он масъалаи ҳатто техникӣ ба ҷойи он ки системаи кориро мукаммал карда, сабабҳоро муайян сохта, роҳи ҳалли онро ёбанд, фавран роҳи осонашро “ёфта”, ба зиммаи идеология ва идеологҳо мепартоянд. Ҳол он ки вазифаи идеология муҳайё намудани заминаҳои маънавӣ барои анҷом додани ин ё он амал мебошад, кори амалии идеология бошад, ин “корҳои техникианд”, ки бояд “кормандони техникӣ” – яъне масъулини соҳаҳои дигар бо истифода аз ҳамин механизми бавуҷудоварда дар самту соҳаи муайян анҷом диҳанд.

Гоҳе ба мушоҳида мерасад, ки баъзе хоинони давлату миллат ва бадхоҳони мо худро дар пушти ниқоби “дилсӯзи Ватан” пинҳон карда, (ҳарчанд манфиатҳои шахсиашон баръало дар ҷойи аввал намоён аст) ҷор мезананд, ки “Идеология нест! Корҳои идеологӣ ба чашм намерасанд!”, “Куҷоянд идеологҳои мо?”... Ҳол он ки ҳамин рафтору гуфтор худаш кори идеологӣ аст – идеологияи тахрибкорона! Гузашта аз ин, идеология мисли рангу бор кардани девор нест, ки зуд ба “чашми касе” расад.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар, ки дар зинаҳои муайяни роҳбарӣ кор карда, мавзӯи идеология дар меҳвари фаъолияти илмиаш қарор дорад, дар яке аз баромадҳои худ ишора карда буд, ки натиҷаи фаъолияти идеологии мо имрӯз ё фардо муайян намешавад, ё худ самараи онро дар давоми як рӯз ё як сол намебинем. Ин даҳсолаҳо заҳмати шабонарӯзиро талаб мекунад.

Яъне кори ҳар дилетанти сиёсӣ нест (новобаста аз мақоми иҷтимоӣ) ба фаъолиятҳои идеологӣ баҳо додану самти онро бо хости худаш ба ин тараф ё он тараф тағйир додан. Зеро анҷоми амалҳои носанҷида ва ё беамалӣ дар кори идеологӣ дар дарозмуддат метавонад барои миллат фоҷеабор гардад. Масалан, муросокориҳо ба пайдоиши ақидаҳои носолим ва адабиёти гуногун дар охири солҳои 60-ум ва созишкорӣ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ дар солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта (ин ҷо гап дар бораи танҳо як шохаи заъфи идеологӣ меравад, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар қаламрави собиқ ИҶШС равандҳо гуногун буданд ва монандиҳо ҳам доштанд) боис гардиданд, ки ду насли қишри зиёии мо гумроҳи “демократия”-и сӯзанда ва қурбони ақидаҳои носолими диниву дунявӣ гардиданд. Ин раванд то охири солҳои 80-ум давом карда, дар аввали солҳои 90-ум Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуд. Ин натиҷаи ҳамон бепарвоиҳое буд, ки ҳатто Шӯрои Олӣ зери таъсири ақидаҳои ифротӣ ва митингҳои кӯчагӣ қарор гирифт. 

Яъне, имкон додем, сохтмончӣ ҳам ба сифати идеолог баромад кунаду саноатчӣ ҳам, колхозчиву говҷӯш ва молбоне ҳам, ки намедонист дар парлумон барои чи даст бардошта истодааст ва дар солҳои “бозсозӣ” якчанд ифротии дигарро, ки манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро аз манфиатҳои миллӣ боло мегузоштанд ва дигаронро ҳатто сухангӯӣ намемонданд. Албатта, ҳамаи касбу ҳунарҳо шарифанд, вале дар ҷомеа беҳтар аст ҳар кас ба кори худ машғул бошад. Чунки идеологи касбӣ ҳам дар ҷойи худ он касбу ҳунарҳои дигарро мисли соҳибкасбон иҷро карда наметавонад.

Набояд фаромӯш созем, ки минбари иде-ология дар як лаҳза метавонад ба минбари демагогия (суханпардозиҳои зоҳиран дурусту ҷолиб, вале дар асл бемантиқу зараро-вар) табдил ёбад. Ин муваффақияти мо аст, ки бадхоҳони миллати тоҷик – роҳбарону фаъолони ҳозираи ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳо то зинаи фаҳмишҳои идеологӣ ташаккул наёфтаанд ва ҳанӯз дар зинаи демагогия дар ҷойи худ мечарханд. Ҳар чизе тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, бештар дар заминаи истифода аз механизмҳои манипулятсияи арзонбаҳо аст. 

Ба ҳамин хотир, дар байни мардум қадру манзалати давомдор надоранд ва аудиторияи онҳоро аслан ғайбатшунавҳо пур мекунад. Вале боз ҳамин якчанд дилетанти мо бо вокунишҳои сабукашон бозори хоинони миллатро гарм карда, ба Ватан “хизмати хирсона” карда истодаанд. Мо дар нигоштаи пешинамон таҳти унвони “Фазои маҷозӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва манфиатҳои миллӣ” усулҳои осон маҳв кардани чунин гурӯҳҳои ифротиро бо истифода аз иқтидори зеҳнии идеологҳои ҳирфаӣ навишта будем. Набояд фаромӯш созем, ки хатари асосӣ дар дохил пинҳон шудааст ва ин ячейкаҳои хуфтаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, махсусан “Салафия”, “Ҷамоаи таблиғ” ва ғайра мебошанд. Инҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар дигар ҷойҳои оммавӣ кам аз худ дарак медиҳанд (мисли наҳзатиёни солҳои 1970-80-ум). Инҳо фурсатталабоне ҳастанд, ки аз тактикаи ҳамонвақтаи ТЭТ ҲНИ ва “Ихвонулмуслимин”-и Миср истифода бурда, муддате заминаҳои худро мустаҳкам карда, як насли бударо қисман ва насли дуюмро пурра заҳролуд сохта, эҳтимолан то солҳои 2040 сар бардоштанианд. Аллакай аз баъзан нишонаҳо маълум аст, ки чигуна баъзеҳо бе ҳеҷ заҳмату заминае яку якбора “бой”-у пулдор шуда, фавран чанд карат “ҳоҷӣ” гардида, дар паёмакҳо “Ҷумъа муборак”-нависак мешаванд, дар маъракаҳо ба насиҳатгари динӣ табдил меёбанд... ва яку якбора тамоми аҳлу авлодашонро ба пӯшидани либосҳои бегона маҷбур месозанд... Ин пули ҳароми ҳамон гурӯҳҳои экстремистӣ аст, ки зиндагӣ ва мафкураи беъзеҳоро тағйир дода, дар дарозмуддат ин ҳалқаҳои махфии экстремистӣ ба гурӯҳҳои муташаккили террористӣ табдил хоҳанд ёфт...

Маҳз дар ҳамин нуқта меоем сари масъалае, ки барои чӣ манфиатҳои давлат аз манфиатҳои шахсӣ бояд боло бошад?! Албатта, ҳама барои он ба кору фаъолияте машғул мешавад, ки худ ва аҳли оилааш аз ҳама ҷиҳат таъмин бошад. Аммо дар ин доираи танги фикрӣ танҳо нафароне маҳдуд мешаванд, ки аз арзишҳои ахлоқии ватандорӣ бехабаранд ва ба дарки идеяи иҷтимоии “зиндагии шоистаи мардум” намерасанд.

Дарк намекунанд, ки барои як луқмаи зиёдатӣ барои фарзандони худ луқмае аз даҳони фарзанди дигареро кам кардан нашояд. Ё худ ба хотири чанд пули бегонагон ба Ватану мардум хиёнат карда, хонаи халқро набояд ба коми оташ кашид, зеро ин оташ оқибат хонаи худатро ҳам месӯзонад. Яъне мо ва аҳли оилаамон дар ҳисоби ҳамин мардуми кишвар ҳастем ва зиндагии шоистаи мардум зиндагии шоистаи ҳар кадоми мо ва манфиати шахсии мо бошад, аз маҷмӯи манфиатҳои давлат сарчашма мегирад. Ҳар қадар агар манфиати имрӯзаи шахсиамонро фикр карда, манфиатҳои давлату миллатро сарфи назар кунем, ҳамон қадар зиёдтар ба худ ва аҳли оилаамон зарар мерасонем. Аммо ҳар қадар давлат пуриқтидор гардад, шароити зиндагии халқ, яъне ҳар кадоми мо дар алоҳидагӣ беҳтару хубтар мегардад.

Пас, биёед, якҷоя барои ҳифзи манфиатҳои давлати худ аз хатарҳои дохиливу беруна талош кунем ва бо нишон додани садоқату самимияти воқеӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои Истиқлолияти давлатиро боз ҳам мустаҳкамтар созем.

Орзу Ҳамидиён, 
муовини раиси шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода