Заҳмати омӯзгор пирӯзии шогирд аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 637
Пешрафти давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони кишвар сахт вобастагӣ дорад. Бо муҳайё гардидани шароити мусоиди таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ, хусусан мактабҳои намуди нав - мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо барои хонандагони бо-истеъдод сифати таълим беҳтар гардида, дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ
ба маротиб афзун мегардад.
Инро дар мисоли рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Дар айни замон дар вилоят шумораи мактабҳои намуди нав сол то сол афзуда, 4 мактаби президентӣ, 20 гимназия, 25 литсейфаъолият мекунанд, ки дорои шароитҳои хуби замонавӣ мебошанд. Дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо воҳидҳои кории муовини директор оид ба ҳаракати олимпӣ ташкил шуда, фаъолияти онҳо ба роҳ монда шудааст.
Бо таъсис ёфтани мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо дар ҳудуди вилоят барои хонандагони боистеъдод шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ муҳайё гардида, ҳамзамон барои дарёфти хонандагони боистеъдод ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ,
вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва таълимгоҳӣ корҳои назаррасе ба сомон расонида мешаванд.
Яке аз роҳҳои беҳтар намудани раванди таълим, дарёфт ва рушду ташаккули ҷавонони қобилиятноку боистеъдод ин вусъати ҳарчи бештари ҳаракати олимпӣ ва баргузории олимпиадаҳои фаннии хонандагон ба шумор меравад. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят миёни наврасону ҷавонон озмун ва мусобиқаҳои мухталиф, аз қабили “Ифтихори ватандорӣ”,
“Ворисони Пешво”, “Донояк”, “Хонандаи сол”, “Spelling bee” ва ғайра ташкил намуда, ба ин васила хонандагони боистеъдоду шоиста ва навоварро дарёфт ва интихоб карда, барои васеъ гардидани сатҳи дониш, бедор намудани қобилияти фикрӣ, баланд бардоштани малакаю маҳорат ва такмили истеъдоди зеҳнии онҳо мусоидат менамояд.
Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки теъдоди иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии
олимпиадаҳои фаннӣ аз муассисаҳои таълимии вилоят сол то сол зиёд шуда, шумораи ғолибони ин даври олимпиада пайваста афзун гардад. Инро аз натиҷаҳои даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии соли 2023 баръало эҳсос кардан мумкин аст.
Соли ҷорӣ дар асоси қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории олимпиада аз ҳар як фанни таълимӣ низомномаи алоҳида таҳия гардид. Дар низомномаҳои мазкур мақсад ва вазифаҳои ҳар як олимпиадаи фаннӣ ба таври мушаххас муайян гардида, тартиби ташкил ва шарту шароитҳои баргузории ҳар яки онҳо нишон дода шуданд. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят низомномаҳои олимпиадаҳо аз
ҳар фанни таълимиро ба ҳамаи муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дастрас намуд. Ин имконият дод, ки аз даври мактабӣ сар карда олимпиадаҳои фаннӣ дар ҳама даврҳои баргузорӣ тибқи нишондоди низомномаҳои нав ба таври шаффоф ва озоду равшан гузаронида шаванд.
Имсол дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ зиёда аз 2360 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок намуданд.
Натиҷаҳои даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои
фаннии имсола нисбат ба соли 2022 беҳтар
ба назар мерасанд. Агар соли 2022 хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 620 медал ба даст оварда бошанд, пас, соли 2023-юм 669 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 49 медал зиёд мебошад.
Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии имсола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Кӯшониён, Ёвон, Ҳамадонӣ, Норак, Балхӣ, Ҷомӣ, Фархор натиҷаҳои беҳтар нишон дода, аз 10-медалӣ зиёд ба даст оварданд. Аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои
таълимии ноҳияи Данғара ба 161 медал, Бохтар ба 126 медал, шаҳри Кӯлоб ба 110 медал, ноҳияи Восеъ ба 44 медал, ноҳияи Кӯшониён ба 43 медал, ноҳияи Ёвон ба 31 медал, ноҳияи Ҳамадонӣ ба 27 медал, шаҳри Норак ба 26 медал, Ҷ. Балхӣ ба 15 медал соҳиб гардиданд.
Дар муқоиса аз рӯйи намуди муассисаҳои
таълимӣ мушоҳида мегардад, ки соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии намуди нав
(мактабҳои президентӣ, литсею гимназияҳо) натиҷаҳои хубтар ба даст овардаанд. Дар
умум, аз мактабҳои намуди нав дар даври
ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 945 нафар хонандагон иштирок намуда, 346 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд, ки аз он 11 медали тилло, 61 медали нуқра ва 316 медали биринҷиро ташкил медиҳад.
Аз рȳйи ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии
олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят “Сегонаи
беҳтарин мактаби намуди нав” ва “Панҷгонаи
беҳтарин муассисаи таҳсилоти умумӣ” муайян гардиданд. Дар байни мактабҳои намуди нав муассисаи давлатии таълимии Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқати ноҳияи Данғара бо 86 медал, муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кȳлоб бо 60 медал ва литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар бо 38 медал дар қатори “Сегонаи беҳтарин” дохил шуданд. Дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят МТМУ Россия-
Тоҷикистони шаҳри Бохтар бо 17 медал, МТМУ
№8 ноҳияи Данғара бо 15 медал, МТМУ №1-и
ноҳияи Ёвон бо 11 медал ва МТМУ №2-и шаҳри
Левакант бо 6 медал ба “Панҷгонаи беҳтарин”
дохил гардиданд.
Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ натиҷаҳо назаррасанд. Агар соли 2022 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 73 медал (1 тилло, 13 нуқра, 59 биринҷӣ) ба даст оварда шуда бошад, соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба 404 медал (28 тилло, 103 нуқра, 273 биринҷӣ) ноил гардиданд.
Моҳи ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия 14-умин олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» аз фанҳои
математика, забони англисӣ, забони русӣ,
география, физика, химия, биология, таърихи
ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот байни хонандагони синфҳои 2-11 барпо гардид. Дар ин олимпиада 34 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ба таври ҳузурӣ иштирок намуда, 9 нафар сазовори медал (4 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардиданд.
Дар олимпиадаи байналмилалии “TeenEgle 2023”, ки моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Англия баргузор гардид, хонандаи синфи 9-и литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ Худойқулова Омина бо медали нуқра ва хонандаи синфи 10-уми литсейи давлатии №2-и шаҳри Кӯлоб Абубакри Ҳофиз сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Албатта, ин натиҷаҳо бо осонӣ ба даст наомадаанд. Барои беҳтар намудани сатҳи дониш, боло бардоштани дараҷаи азхудкунӣ ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо саъю кӯшиш, заҳмату талош ва ҷидду ҷаҳди омӯзгорон ва падару модарони хонандагон омили асосӣ ба шумор меравад.
Ин ҷо метавон номи омӯзгорон Диловар Саъдуллоев - омȳзгори забони англисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара, Навкаров Рустам – омӯзгори фанни таърихи мактаби президентии ноҳияи Данғара, Шерализода Давлат – омӯзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқи Мактаби президентии ноҳияи Данғара, Абдураҳимов Маҳмурод – омȳзгори фанни географияи мактаби президентии ноҳияи Данғара, Сатторов Рустам – омȳзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқи гимназия барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кȳшониён,
Қурбонов Фахриддин – омȳзгори литсей барои хонандагони балаёқати шаҳри Бохтар, Фаттоев Ҷамолиддин – омȳзгори литсейи далатии №1-и ноҳияи Восеъ, Зувайдуллоев Файзиддин – омȳзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқи литсейи тамоюли техникии ба номи Н. Назримадови шаҳри Бохтар, Қаюмов Файзалӣ – омȳзгори фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқи мактаби президентии ноҳияи Кȳшониён,
Мираҳмадов Рамазон – омȳзгори фанни забони англисии Мактаби президентии ноҳияи Кȳшониён (рȳҳашон шод бод), Толибова Зуҳро– омȳзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант, Хоҷаабдулазиз Мирзоев, омӯзгори фанни биологияи Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб, Азиз Мирзоев, омӯзгори фанни географияи Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб, Ҷамила Ризоматова, омӯзгори фанни забони русии листейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Бунафша Равшанова, роҳбари маҳфили “Забони русӣ”-и Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Норак ва бисёр дигаронро бо ифтихор ба забон овард, ки танҳо соли хониши ҷорӣ шогирдони онҳо дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз 5 то 12-медалӣ ба даст овардаанд. Боиси ифтихор аст, ки шогирдони ин омӯзгорон ҳар сол дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дастовардҳои назаррас ба даст
меоваранд.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати тақвияти неруи зеҳнии хонандагон ва рȳйи кор овардани истеъдодҳои нав барои оянда фаъолиятҳои густурдаро ба роҳ мондааст.
Ҳикматулло Ҳакимов,
директори Маркази дарёфт ва рушди
истеъдодҳои назди Раёсати
маорифи вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...